Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоду арӯс бо ниқоби тиббӣ. Тӯйи давраи коронавирус дар Тоҷикистон. АКС


Маъракаи нахустини баъди карантини нарм. Шаҳри Хуҷанд, 20-уми июни 2020
Маъракаи нахустини баъди карантини нарм. Шаҳри Хуҷанд, 20-уми июни 2020

Баъди он ки Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 дар Тоҷикистон баъзе маҳдудиятҳои вобаста ба бемории ҳамагирро бекор кард, шоми 20-уми июн дар Хуҷанд ҷашни арӯсии аҳди коронавируси нав баргузор шуд.

Ба фарқ аз маъракаҳои пешина арӯсу домод ва пайвандонашон бо ниқоби тиббӣ дар тӯйхона ҳозир шуданд.

Давронҷон Шерматов ва Мастура Комилҷонова, сокинони шаҳри Хуҷанд, дар ин рӯз ақди никоҳ бастанд. Ба мо даст надод, эҳсоси онҳоро дар ин рӯз бифаҳмем, вале ниқоби тиббӣ шодмонии онҳо ва пайвандону дӯстонашонро пинҳон намедошт.

Биризвон Шерматова, яке аз пайвадони Давронҷон, гуфт, "ин рӯзро шашуним моҳ мунтазир будем. Домод корманди соҳаи тиб аст, дар дорухонаи бемористони вилоятӣ кор мекунад. Арӯс Мастура Комилҷонова донишҷӯ аст, аз оилаи кормандони соҳаи тиб. Шукр ба ин рӯзи нек расидем, ба барпо кардани тӯй иҷозат доданд."

Хонум Шерматова афзуд, наздикону дӯстони арӯсу домод умедворанд, ки то таваллуди фарзанди нахустини хонавода ҷаҳон ба вируси COVID-19 пирӯз меояд.

Тӯйхонаи "Мирзоҳабиб" дар Хуҷанд аз аввали моҳи май чун дигар тарабхонаҳо муваққатан баста буд. Барои пешгирӣ аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон аз 27-уми апрел карантини сабук ё нарм ҷорӣ гардид.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо вируси нав аз 20-уми июн ба доир кардани тӯй ба сокинон иҷозат дод, вале бо риояти қоидаҳои беҳдоштӣ.

Маҳмудҷон Шаҳидов, сардори тӯйхонаи "Мирзоҳабиб" мегӯяд, "аз рӯйи тавсияи маркази беҳдоштӣ, тӯй бояд бо иштироки то 100 нафар барпо шавад. Вақти даромадан, худатон дидед, таби ҳамаро санҷида, дастонашро дезинфексия мекунем. Паси мизҳо аз ҳам бо фосилаи 1.5 - 2 метр дур менишинанд. Албатта, ҳангоми хӯрок хӯрдан муваққатан ниқобҳоро мегиранд."

Ӯ мегӯяд, чанд хонаводаи дигар барои гузаронидани тӯйи арӯсии фарзандони худ дархост додаанд.

Бархе ҳам пурра поён ёфтани давраи карантин ва бе ниқобу бе маҳдудиятҳо барпо кардани тӯйи худро мунтазиранд, аммо дар хотири Давронҷон Шерматов ва Мастура Комилҷонова аз издивоҷашон дар давраи COVID-19 бо ниқоб дар тахт нишастан ёдоварӣ хоҳад монд.

То 20-уми июн шумораи умумии гирифторони бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 5399 нафар ҳисоб шудааст. Ба гуфтаи мақомот, то кунун дар Тоҷикистон бар асари ин беморӣ 50 кас ҷон бохта, 3894 нафар шифо ёфтаанд.

Тибқи омори расмӣ ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 80 ҳазор мавриди издивоҷи сокинон сабт мешавад. На ҳама аз ин оилаҳо солҳои дароз бо ҳам мемонанд ва соли гузашта беш 12,5 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG