Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хеши Ширинзода: Бобоҷон аз қатли Моҳира пушаймон шудааст. ВИДЕО


Моҳира Ятимова барои фарзандон бо ҳамсари собиқаш ихтилоф дошт
Моҳира Ятимова барои фарзандон бо ҳамсари собиқаш ихтилоф дошт

Рӯзи аввали мурофиаи додгоҳии Бобоҷон Ширинзода, ки барои қатли ҳамсари собиқаш бо 13 зарби корд мутаҳҳам мешавад, ба хотир ҳузур надоштани вакили дифои ҷониби айбдоршаванда то як ҳафтаи дигар ба таъхир гузошта шуд.

Парвандаи пешниҳодшуда ба додгоҳ дар чаҳорчуби қонун аст ва акнун суд қарор қабул мекунад. Ман ҳам батакрор мегӯям, ки қарори одилона қабул хоҳад шуд

Куштори Моҳира Ятимоваи 33-сола рӯзи 6-уми июни имсол рух дод ва баъд аз як рӯзи ин ҳодиса шавҳари собиқи ӯ Бобоҷон Ширинзода бо гумони содир кардани ин куштор боздошт шуд.

Баъд аз се моҳи боздошт, бори нахуст 13-уми сентябр Бобоҷон Ширинзода бо дастони завлоназада ва нимтанаи сиёҳ дар тан дар толори додгоҳи шаҳри Душанбе ҳозир шуд. Зоҳиран ором ба назар мерасид ва бо пайвандонаш, ки дар толори додгоҳ ширкат доштанд аҳволпурсӣ кард.

Вакили дифои айбдоршаванда ҳозир нашуд

Пас аз дохили панҷараи оҳанин шудан заволонаро аз дасташ кушоданд. Аммо мурофиаи додгоҳӣ бо сабаби ҳузур надоштани вакили дифои Ширинзода баргузор нашуд. Вақте Тоҳир Мусобекзода, додраси ин парванда дар додгоҳи шаҳри Душанбе ҷонибҳоро муаррифӣ кард, Бобоҷон Ширинзода аз додрас куҷо будани вакили дифои худро пурсид.

Тоҳир Мусобекзода дар толори мурофиа гуфт, Суҳроб Юнусов вакили дифои айбдоршаванда Бобоҷон Ширинзода, ба хотири пеш омадани мушкиле дар хонаводааш хоҳиш кардааст мурофиаро ба рӯзи дигар таъин кунанд. Ҳамчунин додрас бо ҷонибҳо баргузории мурофиаи бидуни вакили дифои айбдоршавандаро машварат кард ва ба хулосае омад, ки ба хотири эҳтиром ба ҳуқуқи ҷонибҳо бояд мурофиаи додгоҳӣ бояд бо ширкати вакили дифои айбдоршаванда барпо шавад.

Бобоҷон аз қатли Моҳира пушаймон шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим

Додраси парванда ҳамчунин ба Бобоҷон Ширинзода гуфт, агар аз кори вакилаш Суҳроб Юнусов розӣ набошад, метавонад, адвокати дигар бигирад. Аммо Ширинзода гуфт, аз кори ӯ розӣ аст, чун аз рӯзҳои аввали боздошт ҳамин вакил ҳамроҳаш буд.

Додгоҳи гумонбар дар қатли Моҳира Ятимова як ҳафта баъд ҷараён мегирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

"Бобоҷон пушаймон шудааст"

Дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ волидону даҳҳо наздикони Бобоҷон Ширинзода ҳузур дошта, бархе ҳам зоҳиран асабӣ ба чашм мерасиданд. Баъд аз берун шудани ҷонибҳо аз толори додгоҳ, хоҳарбузурги Бобоҷон Ширинзода, ки нахост номашро бигӯяд, дар суҳбат бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи ба сари додараш омада дар расонаҳо яктарафа бозтоб ёфтааст, чун, ба иддаои ӯ, додараш Бобоҷон Ширинзода ва ҳамсараш Моҳира Ятимова то замони ҷудо шудан зиндагии хубе доштанд. Ҳарду ҷониб ҳам дар саҳни ҳавлии суд гуфтанд, ба адолати додгоҳӣ умед доранд.

Усмонҷон Мирзомуродов, яке аз пайвандони Бобоҷон Ширинзода рӯзи 13-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз Бобоҷон ба ҳайси “як марди хуб” ном бурд. Вай гуфт, ҳангоми рӯбарӯ шудан бо Бобоҷон дар толори додгоҳ эҳсос кард, ки ӯ аз кардааш пушаймон аст.

Аммо аз ҷониби ҷабрдида дар мурофиаи додгоҳӣ рӯзи панҷшанбе танҳо падари Моҳира Ятимова аз ин хонавода намояндагӣ мекард. Аҳлиддин Ятимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаҳои додгоҳӣ бидуни вакили дифо ширкат мекунад, чун ба тантанаи адолат умед дорад: “Тафтишот тибқи қонун анҷом шуд, ман худам дар ҷараёни он ширкат доштам. Парвандаи пешниҳодшуда ба додгоҳ дар чаҳорчуби қонун аст ва акнун суд қарор қабул мекунад. Ман ҳам батакрор мегӯям, ки қарори одилона қабул хоҳад шуд”.

Фоҷеа рӯзи 6-уми июни имсол дар хонаи Ширинзода рух дод. Тафтишот мегӯяд, ки Бобоҷон Ширинзода ҳамсари пешинаш Моҳира Ятимоваро бо 13 зарби корд дар пеши чашми ду кӯдаки ноболиғаш кушт. Мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, аз рӯи сабти видеоии камераҳои дар хонаи Ширинзода гузошташуда дидаанд, ки дар паи моҷарои ҳамсарони собиқ дар саҳни ҳавлӣ, Ширинзода бо зарби корд Моҳира Ятимоваро ба қатл расонидааст. Ин сабтҳо дар ҷараёни тафтишот ҳамчун далел истифода шудааст.

Моҳира Ятимова ва Бобоҷон Ширинзода дар донишгоҳ ҳамсабақ буданд ва баъди хатми он дар соли 2007 издивоҷ карданд. Вале волидони духтар мегӯянд, ки зиндагиашон аз аввал хуб набуд. Моҳира Ятимова соли 2016 аз Бобоҷон Шарифов ҷудо шудааст ва бар асоси қарори додгоҳ бояд ҳарсе фарзанд дар хонаи модар зиндагӣ мекарданд. Аммо Бобоҷон Ширинзода, бар хилофи қарори додгоҳ, ду фарзанди калонӣ - писарҳои 8 ва 10-соларо ба хонаи худ бурда, намегузошт модарашонро бубинанд.

Қатли бераҳмонаи модари 3 фарзанд ва беэътиноӣ ба сарнавишти ӯ, баҳси зиёдеро дар бораи зӯроварӣ ба зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Корбарон ҳамчунин аз он мегуфтанд, ки чӣ гуна як нафар метавонад, амри додгоҳро нодида бигирад ва ҳеҷ касе ҳам натавонистааст, ба ӯ бигӯяд, ки мухолифи қонун амал мекунад ва мухолифи хоҳишу иштиёқи фарзанди хурдсоли ноболиғ, ки ҳамеша ташнаи дидори модар аст.

Таҳқиқи парвандаи Бобоҷон Ширинзодаро бо иттиҳоми куштори ҳамсари собиқаш Додситонии шаҳри Душанбе дар охирҳои моҳи август ба поён расонд ва ба Додгоҳи пойтахт фиристод. Парванда аз рӯи моддаи 104, қисми 2 – "куштори бераҳмона" – таҳқиқ шуд. Дар сурати собит шудани иттиҳоми Бобоҷон Ширинзода ӯро 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳукме, ки ӯро барои солиёни зиёд аз дидори фарзандон маҳрум мекунад.

XS
SM
MD
LG