Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҷияни вазир то сарвазир. Чанд боби сӯистифода аз номи арбоб


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия як сокини Хуҷандро, ки хостааст, бо истифода аз номи ин ниҳод, корашро ройгон анҷом диҳад, дастгир кардааст.

Дафтари матбуоти оҷонсӣ хабар дод, ки Раҳим Шарипов, худро корманди оҷонсӣ муаррифӣ карда, аз як ташхисгоҳи тиббӣ хостааст, ӯро ройгон ташхис кунанд.

Дар хабари расмӣ омадааст, ҳодиса рӯзи 19-уми октябр дар ташхисгоҳи «Диамед» сурат гирифтааст ва Раҳим Шарипов, худро муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод муаррифӣ ва таҳдид кардааст, ки агар кораш иҷро нашавад, ҳоли ташхисгоҳро «бад мекунад».

Вале кормандони марказ ҳушёрӣ нишон дода, ба намояндагони оҷонсӣ муроҷиат кардаанд ва Раҳим Шарипов барои амали ғайриқонунӣ боздошт шудааст ва ӯро ба дафтари ин ниҳод овардаанд. Дар оҷонсӣ ҳам ба гуфтаи мақомот, сокини Хуҷанд, барои халос шудан аз ҷавобгарӣ ба корманди ин ниҳод 1358 сомонӣ ришва пешниҳод кардааст.

Баъди ин Раҳим Шариповро якбора ба ду ҷиноят, яъне пешниҳоди ришва ва қаллобӣ муттаҳам кардаанд ва ҳоло таҳқиқи парвандааш идома дорад.

Афсару нозиру муфаттиш муаррифӣ кардани афроди алоҳида дар Тоҷикистон ғайриоддӣ нест, чун кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз нуфузу қудрати зиёд бархурдоранд. Дар ширкату муассисаҳо ҳам аз тарси онки ба дарди сар гирифтор нашаванд, кори кормандони ин ниҳодро зуд ва гоҳо ройгон анҷом медиҳанд.

Дар гузашта корманди Оҷонси мубориза бо фасод муаррифӣ кардани шахсони алоҳида низ ба чашм расидааст, ки хостаанд аз ҳамин роҳ "кори худро буд кунанд", ё аз корафтодае бо ваъдаи иҷро кардани кори ӯ ришва гирифтаанд.

Дӯсти Сомони Эмомалӣ ва ҷияни Зуҳуров

Дар ду соли ахир чандин мавриди кормандони идораҳои қудратӣ ва ҳатто рафиқи фарзандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ кардани афроди алоҳида расонаӣ шуд.

Соли 2015 аз ҷумла Оҷонси мубориза бо фасод, Хушдил Қурбонов, як муҳассили мактаби байналмилалии шаҳри Душанберо дастгир кард, ки худро рафиқи Сомони Эмомалӣ, писари хурдии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда ва бо ваъдаи ҷудо кардани замин дар ноҳияи Рӯдакӣ аз як нафар 50 ҳазор доллар гирифтааст.

Дар ҳодисаи дигаре ба як навраси 16 -сола муяссар шудааст, ки мақомоти ноҳияи Фирдавсӣ дар шаҳри Душанберо фиреб карда ва барои бибияш 500 сомонӣ кӯмакпулӣ бигирад.

Умедҷон Абдураҳмонови 16-сола дар сӯҳбатҳои телефонӣ худро ёвари муовини нахуствазир Азим Иброҳим ва гоҳо ҷияни Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекардааст. Ӯро мақомот дастгир карданд ва дар телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳам намоиш доданд.

Азбаски дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ниҳоди бонуфуз аст, сӯистифода аз номи он мушоҳида шудааст. Соли 2015 Маҳмадулло Исоев сокини ноҳияи Восеъ буд, ки ба гуфтаи мақомот, худро корманди

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба як нафар ваъда додааст, ки дар ивази 5 ҳазору 200 доллар бародарашро аз зиндон озод мекунад. Бародари «корафтода»-ро ҳам бо гуноҳи ришваситонӣ зиндонӣ кардаанд. Маҳмадулло Исоев баъдан ба қаллобӣ муттаҳам шуд.

Ваъдаҳои замин дар ивази ришваҳо бо доллар

Соле баъд дар вилояти Хатлон масъулони Оҷонсии зидди фасод як сокини вилоят Мусулмонқул Сатторовро боздошт, карданд, ки худро корманди ҳамин оҷонсӣ муаррифӣ карда ва бо ваъдаи ҷудо кардани 20 сотих барои як сокини Қӯрғонтеппа аз ӯ 20 ҳазор доллар гирифтааст.

Айни ҷиноятро ба гуфтаи мақомот сокини дигари вилоят Маҳмадалӣ Давлатшоев содир кардааст. Ӯ худро раиси “Ташкилоти байналмилалии зидди коррупсия дар вилояти Хатлон” муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани як порча замин, аз як сокини ноҳияи Бохтар 32 ҳазор доллар гирифтааст.

Мақомот ба зидди Маҳмадалӣ Давлатшоев низ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз карданд ва баъдан гуфтанд, ки дар рафти тафтишот маълум шуд, ки Давлатшоев бо ҳамин усул аз 7 нафар сокини ноҳия ба ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин аз 1 то 3500 ҳазор долларӣ ришва гирифтааст.

Бозӣ макун ба арбоб...

Ҷомеашиносон мегӯянд, мавҷудияти чунин қаллобӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сӯистифода аз мақому ва иҷрои хоҳиши афроди бонуфуз дар ниҳодҳои давлатӣ вуҷуд дорад ва бархе аз “афроди чолок» мехоҳанд, аз ин вазъ истифода баранд.

Бисёриҳо медонанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо муроҷиат ба мақомоти қудратӣ кумак намекунад ва боиси пойдор гардидани адолати иҷтимоӣ намешавад.

Айни замон ба баъзеҳо муяссар мешавад, ки афроди зиёдеро фиреб кунанд ва касе ҳам ба мақомот барои талаби ҳаққи худ муроҷиат накунад.

Боздошти Раҳим Шарипов шояд аз аввалин мавридҳоест, ки ҷабрдида нотарсида ба мақомоти интизомӣ муроҷиат мекунад. Дар ҳолатҳои пешин, муттаҳам ба қаллобиро, ё худи мақомот ошкор кардаанд, ё ҷабрдида баъди муддати тӯлонӣ ва иҷро нашудани кораш ба дари додситонӣ рафтааст.

Музаффар Олимов, таҳлилгар ва ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, иллати муроҷиат накардани мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, эътимоди кам ба онҳо ва бенатиҷа мондани арзашон аст.

«Бисёриҳо медонанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо муроҷиат ба мақомоти қудратӣ кумак намекунад ва боиси пойдор гардидани адолати иҷтимоӣ намешавад» -мегӯяд, ӯ.

Дигар сабаби мавҷудияти чунин қаллобиҳо дар ҷомеа ба гуфтаи Музаффар Олимов, дониши ками ҳуқуқии мардуми оддист, ки ба ҳар ваъда ва бахусус ваъдаи “одамони калон” бовар мекунанд.

Ин ҳам ҳаст, ки дар Тоҷикистон агар ҳуқуқи касе аз тарафи мансабдоре зери по шавад, сукутро авло медонад ва бар тибқи мақоли мардумӣ амал мекунад, ки аз қадим дар байни тоҷикон вуҷуд доштааст: «Бозӣ макун бо арбоб, ки мезанад ба ҳар боб».

XS
SM
MD
LG