Мақомоти Арабистони Саудӣ як ҷавони тоҷикро бо иттиҳоми риоя накардани муқаррароти иқомат боздошт кардаанд. Як сокини 25-солаи ноҳияи Восеъ рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафта пеш дар маҳаллае дар канори Риёз дастгир шуд ва ба ӯ гуфтаанд, ки мумкин аст, ба Тоҷикистон ихроҷ шавад.
Ҷавони тоҷик як видеоеро аз дохили боздоштгоҳе дар шаҳри Риёз ба Радиои Озодӣ фиристод ва дар он шароити боздоштгоҳро тасвир кард. Ӯ иддао кард, дар муддати як ҳафтае, ки дастгир шудааст, дар боздоштгоҳ обу ғизои дуруст нахӯрдааст ва шароити беҳдоштӣ ҳам дар инҷо бад аст. Ӯ кати хоби оҳаниашро нишон дода мегӯяд, ки ба ғайр аз як руйпӯш дигар чизе надорад.
Ному насаби ҷавони тоҷик дар ихтиёри Радиои Озодӣ аст, вале ӯ хост, номашро ошкор накунем. Ҷавони тоҷик мегӯяд, ки 8 моҳ пештар барои кор ба Арабистони Саудӣ рафт, вале дар ин муддат, натавонист, санадҳои қонунӣ барои корро ба даст биёрад.
Ба гуфтаи ҷавони тоҷик, дар консулгарии Тоҷикистон ба ӯ ваъда додаанд, ки ба мушкилоташ расидагӣ мекунанд. Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ солҳои ахир зиёд ба гӯш мерасад. Бо сабаби бекорӣ ва даромади кам дар корхонаҳои маҳаллӣ, солона то миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва кишварҳои дигар ҷӯёи кор мешаванд.
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ шартномаи ҳамкорӣ дар заминаи таъмини кори шаҳрвандонашонро дар қаламрави ҳамдигар имзо накардаанд ва аксар онҳое, ки бо ҳадафи кор ба ин кишвар мераванд, бо роҳҳои инфиродӣ ва ё тавассути ширкатҳои миёнарав ба кор ҷалб мешаванд.
Доираи асосии кори онҳо хадамоти маишӣ, тамизкорӣ ва дигар бахшҳои ёрирасон аст. Дар ду моҳи гузашта ҳадди аққал ду зани тоҷик дар бораи таҷрибаи талхи худ ба ҳангоми кор дар Саудӣ ба Радиои Озодӣ шикоят карданд. Шикваи онҳо аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор ва ҳаққи ками заҳмат ва гоҳо латукӯбу хушунат диданашон буд.
Айни замон гузоришҳо дар бораи бадрафтории кордиҳандагон бо шаҳрвандони тоҷик зиёд мерасад ва мақомот ҳам мегӯянд, дар бозгардонидани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Арабистони Саудӣ ба мушкилот гирифтор шудаанд, мусоидат кардаанд.