Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Дар "Соли оила" талоқ кам шудааст


Мақомоти Сабти ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар 10 соли охир барои бори аввал шумораи талоқҳо дар кишвар кам шудааст.

Ҷӯрахон Ғозиев, як масъули дастгоҳи марказии Сабти ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар 8 моҳи соли ҷорӣ шумораи талоқҳо ба 5 ҳазору 376 адад расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 376 адад камтар аст.

Коҳишёбии шумораи талоқҳо дар соли ҷорӣ бори аввал дар даҳ соли охир ба қайд гирифта шудааст. Ғозиев мегӯяд, коҳиш ёфтани шумораи талоқҳо ин натиҷаи кӯшишу таблиғоти мақомот дар "Соли оила" аст.

Аммо бархе аз шаҳрвандон, ки мехоҳанд аз шавҳарашон талоқ бигиранд, мегӯянд мақомот бо баҳонаи “Соли оила” расман ақди никоҳи онҳоро бекор намекунанд ва онҳо моҳҳо пас дари додгоҳҳо саргардонанд.

Даря Сарабекова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, 8 моҳ аст, талош дорад, то ки мақомот шаҳодатномаи ақди никоҳи ӯро бо шавҳараш бекор кунад. Аммо Даря мегӯяд, додгоҳ бо тавҷеҳҳои гуногун, аз ҷумла ин, ки соли 2015 "Соли оила" эълон шудааст, ақди никоҳи онҳоро бекор намекунад. Хонум Даря афзуд, ӯву шавҳараш мӯҳлати муқарраркардаи САҲШ−ро низ сипарӣ карданд, аммо то ба ҳол ақди никоҳи онҳо бекор карда нашудаст.

Аммо ҷаноби Ғозиев афзуд, ин иддаоҳои сокинон асосе надорад ва бекор кардани ақди никоҳ яке аз ҳуқуқҳои асосии оилавии шаҳрвандон аст. Вай афзуд, дар сурати мувофиқи қонун асоснок намудани бекоршавии ақди никоҳ, мақомот бидуни ҳеҷ гуна таъхир ақди никоҳро бекор месозанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон бештар аз 9 ҳазор хонавода расман аз ҳам пошиданд. Бар асоси иттилои расмӣ, бештар аз 4 ҳазори занони талоқгирифта аз ин ҳисоб барои гирифтани алимент ва макони зист аз болои шавҳарони худ ба додгоҳҳои Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 4 феврал бо судури як фармон соли 2015-ро “Соли оила” эълон кард. Ҳадаф аз эълони "Соли оила", “баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ” гуфта мешавад.

Рӯзи 23 январ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумон пешниҳод карда буд, дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад ва соли 2015 “Соли оила” эълон гардад.

XS
SM
MD
LG