Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни афв рӯзи 19-уми август баррасӣ мешавад


Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)
Яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе (Акс аз бойгонӣ)

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 19-уми август тарҳи қонуни афвро баҳс хоҳад кард.

Сухангӯи парлумон, Муҳаммадато Султонов, гуфт, иҷлоси ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон ба ҳамин рӯз таъйин шудааст. Тарҳи қонуни афв аз сӯи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзи 26-уми июл ба парлумон ироа шуда буд.

Қарор аст, ин қонуни афв, ки ба муносибати солигарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон эълон мешавад, то 15 000 маҳбусу муҷрим, аз ҷумла барои бори аввал пайравони ҷунбишҳои тундрави мазҳабӣ ва дар пайи адои аз чор се ҳиссаи ҳукм афви ҷангиёни сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро низ фаро бигирад.

Бештар бихонед:

Дар Тоҷикистон 15 000 нафар афв хоҳанд шуд

"Афви тилоӣ" киро фаро хоҳад гирифт?

Номаи 140 зиндонӣ ба раисиҷумҳур ва вакилони порлумон

Дар тарҳ омадааст, ки мӯҳлати ҷазои дигар маҳкумшудагон, сарфи назар аз мӯҳлату тарз ва дараҷаи сангинии ҷинояти содиркардаашон, коҳиш дода мешавад, албатта, ба истиснои онҳое, ки ҳукми абад гирифтаанд,

Маҳбусоне, ки барои ҷиноёти иқтисодӣ, аз ҷумла, ба ҷайб задани маблағ, исрофкорӣ, қаллобӣ, тасарруфи пулу моли қарздодашуда ва азхудсозии кўмакҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд, дар сурати ҷуброн кардани зиёни расондаашон метавонанд умед ба озодӣ бубанданд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
Линки мустақим


Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё маҳбусони сиёсие, чун Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ё Ғаффор Мирзоев низ афв хоҳанд шуд ё боз ҳам на.

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, бар пояи Қонуни афви соли 2009, ки ба муносибати 15-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар ва Соли Имоми Аъзам эълон шуда буд, 5 ҳазору 234 нафар афв шудаанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки пешбинӣ мешуд, бино ба Қонуни афв наздик ба 10 ҳазор нафар ё аз маҳбас озод мешуданд ва ё мӯҳлати ҳабси онҳо коҳиш меёфт.

Бар асоси охирон қонуни афве, ки соли 2007 қабул шуда буд, 6731 нафар аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шудаанд. Ҳамакнун бар асоси омори расмӣ, теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон дар ҳудуди 11 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Аммо созмонҳои байнулмилалӣ ин рақамро 14 ҳазор хондаанд.
XS
SM
MD
LG