Ҳуқуқшиносон ва вакилони мардумии ба сурати умум сокинони Тоҷикистон изҳори умедворӣ доранд, ки дар ин афв теъдоди бештари зиндониён дар қиёс ба афвҳои пешин ба озодӣ бароянд.
ДАР ИНТИЗОРИ "АФВИ ТИЛОӢ"
Гурӯҳи корие, ки ба омӯзиши тарҳи қонуни афв бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ба кор намудааст, қарор аст то миёнаҳои моҳи август ба анҷом расида аз ҷониби президент ба парлумон пешниҳод шавад.
Аммо аъзои ин гурӯҳ, ки аслан ҳуқуқшиносони дастгоҳи президенти Тоҷикистон, мутахассисони вазорати адлия ва ниҳодҳои дигари ҳуқуқии кишвар мебошанд, мегӯянд, ки то замони ба анҷом расидани баррасии тарҳи қоунуни афв, ҳақ надоранд, ки доир ба ҷузъиёти он шарҳ диҳанд. Зеро фош шудани нукоти тарҳи қонуни афв дар остонаи афви умум, метавонад доираи ҷурму авбоширо бештар кунад.
Як намояндаи ин гурӯҳи корӣ, ки аз овардани номаш худдорӣ кард гуфт, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон то замони ирсоли тарҳи қонуни афв ба парлумон, аз тафсири банду фаслҳои он худдорӣ карда мешавад.
Ин нуктаро ҳуқуқшинон низ тасдиқ мекунанд. Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки ҳатман ин марҳила, яъне баррасии тарҳи қонуни афв ба таври махфӣ сурат мегирад: «Фикр мекунам ба таври пинҳонӣ сурат гирифтани тарҳрезии қонунии афв танҳо ба хотири пешгирӣ кардани ҷиноятҳои минбаъд содирмешуда амалӣ карда мешавад, зеро агар ба таври махфӣ сурат нагирад, ҷомеа қабл аз қабули қонун аллакай оиди кадом ҷиноятҳое, ки зери афв мераванд огоҳ мешаванд ва метавонанд ба амалҳои ҷиноӣ даст занад. Танҳо гурӯҳи корӣ, ки ба он намоянадагони идораҳо давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил ҳастанд бо хабар мебошанд. Дигар намояндагони ҷомеаи кишвар ҳуқуқи ширкат дар ҷараёни баррасии ин тарҳро надоранд.»
Афви умум ба муносибати 20-уми солгард истиқлолро аз ҳоло «афви тиллоӣ» ном мебаранд ва ҳалқаҳои мухталифи ҷомеа интизор доранд, ки дар ин афв теъдоди зиёди маҳбусҳо аз зиндон раҳо хоҳанд шуд.
Ахиран дар як сӯҳбат бо журналистҳо, сардори Раёсати ислоҳии маҳбасхонаҳои Тоҷикистон Иззатулло Шарифов гуфта буд, ки ҳар чӣ қадар теъдоди маҳбусҳо камтар бошад назорат ва муносибат ба онҳо осонтар хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сурати умум беш аз 11 000 маҳбус ба сар мебаранд.
"ШАРОИТИ МАҲБАСҲО БЕҲТАР ШУДАСТ ВАЛЕ..."
Ойниҳол Бобоназаров, раиси Созмони «Преспектива плюс», ки бо даъвати масъулини Раёсати маҳбасҳо аз зиндонҳо
дидан карда буд, мегӯяд, ки шароити зисти маҳбусҳо ҳарчанд беҳтар аз соли пешин бошад ҳам, вале ҷавобгӯи талаботу шароити муносиб нестанд.
Ҳуқуқдон Ойниҳол Бобоназарова бо назардошти афвҳои пешин мегӯяд, ки маҳбусҳое, ки бо моддаҳои ба мисли терроризму бандитизм ва куштору қатл нишастаанд раҳо намешаванд, вале мӯҳлати иҷрои ҷазо ба мӯҳлатҳои муайян кам карда мешавад: «Мувофиқи тарҳи қонуни афв, асосан занҳо, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбон, гирифторони бемориҳои сил озод мешаванд, вале ман бисёр мехостам, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ҳатто агар Ғаффор Мирзоев ҳам озод шавад хуб мешуд, зеро барои ҳукумати Тоҷикисон хизмат кардаанд.»
Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки бояд роҳҳоеро ҷуст, ки барои ҳар амал мардум ба зиндон кашида нашаванд. Зеро дар зиндон ҳам саломатии худро аз даст медиҳад ва ҳам наметавонад масалан ҷазои ҷаримаро пардозад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқ ба он, дар ҳолати пурра барқарор намудани арзиши зиёни молиявии расонда шуда ба шахси гунаҳкор, танҳо ҷарима муқаррар карда мешавад. Ин пешниҳодро парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонид, ки ба қавли вакилони мардумӣ, ин як иқдоми башардӯстона буда то андозае мизони ба зиндон кашонидани мардум камтар хоҳад шуд.
ТЕЪДОДИ ЗИНДОНИЁН ЧАНД АСТ?
Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар дод, ки бар пояи Қонуни афви соли гузашта, ки ба муносибати 15-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар ва Соли Эмоми Аъзам эълон
шуда буд, 5 ҳазору 234 нафар афв шудаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки пешбинӣ мешуд, бино ба Қонуни афв наздик ба 10 000 нафар ё аз маҳбас озод мешуданд ва ё мӯҳлати ҳабси онҳо коҳиш меёфт. Сарони вазорати адлия дар нишасти хабарии худ сабабҳои қариб 40 дарсад коҳиш ёфтани шумораи афвшудагонро шарҳ надодаанд
Бар асоси охирон қонуни афве, ки соли 2007 қабул шуда буд, 6731 нафар аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод шудаанд. Ҳамакнун бар асоси омори расмӣ, теъдоди зиндониён дар Тоҷикистон дар ҳудуди 11 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Аммо созмонҳои байнулмилалӣ ин рақамро 14 ҳазор хондаанд.