Пайвандҳои дастрасӣ

 
Газ мегираду намедиҳад газ. Чин ба бунёди лӯлаи "D" дар Тоҷикистон оғоз кард
Хабари нав

Газ мегираду намедиҳад газ. Чин ба бунёди лӯлаи "D" дар Тоҷикистон оғоз кард


Раҳбарони Тоҷикистону Чин ҳангоми оғози сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ. Моҳи сентябри соли 2014
Раҳбарони Тоҷикистону Чин ҳангоми оғози сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ. Моҳи сентябри соли 2014

Чин ба сохтмони лӯлаи газ дар Тоҷикистон шуруъ карда, бунёди аввалин нақберо, ки аз дохили он қубур мегузарад, қариб ба анҷом расонидааст. Хатти лӯлаи гази "D"-и Чин аз Осиёи Миёна аз мавзеи "Галкиниш"-и Туркманистон оғоз шуда, ба воситаи Тоҷикистон то ба вилояти Шинҷон мерасад. Бар асоси тарҳ, дарозии лӯлаи газ дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 400 километрро ташкил медиҳад. Аммо мувофиқи созишномаҳое, ки Тоҷикистон бо Чин имзо кардааст, кишвар ҳақ надорад аз ин лӯла газ бигирад.

Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, рӯзи 27-уми январ ҳангоми нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба ин тарҳ гуфт: "Масофаи аз ҳама тӯлонии ин хатти газ ба Чин аз Тоҷикистон мегузарад. Айни ҳол сохтмони нақбе дар ноҳияи Рӯдакӣ, 99.8 дарсад ба итмом расидааст. Дар нақбҳои дигар низ сохтмон идома дорад ва умедворем ин тарҳ дар ҳамон муҳлате, ки ба нақша гирифта шудааст, сохта шавад."

Барои нигоҳдории минбаъдаи ин лӯлаи газ “Тоҷикгаз”-и Тоҷикистон ва CNPC-и Чин як ширкати муштарак сохтаанд. Тоҷикистон тариқи ин ширкати муштарак дар давоми 32 сол аз транзити газ 1 миллиарду 248 миллион доллар фоида хоҳад гирифт.

Бо гузашти ин муҳлат, нисфе аз иншооти сохташуда низ моли Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ширкати миллии нафти Чин доир ба тарҳи лӯлаи газ, ки аз Тоҷикистон мегузарад, ҷузъиёти зиёде нашр накардааст. Ҳарчанд маълум аст, ки ин хатти лӯлаи газ бояд дар ниҳоят ба вилояти Шинҷону Уйғури Чин бирасад.

Бар замми ин, ҳангоми сохтмони лӯла ҳудуди 3 ҳазор сокини Тоҷикистон ҷойи кор пайдо мекунанд. Бо ба кор даромадани лӯлаи газ низ беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон ба нигоҳубини он машғул мешаванд.

Бино ба ҳисобҳои ибтидоӣ, қимати сохтмони лӯлаи газ, ки аз ҳудуди ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш мегузарад, 3 миллиарду 200 миллион доллар хоҳад буд.

Аммо мувофиқи созишномаҳое, ки Тоҷикистон бо Чин имзо кардааст, кишвар ҳақ надорад аз ин лӯла газ бигирад. Замони тасвиби ин созишнома мақомоти Тоҷикистон сабаби зикр шудани ин нуктаро дар созишнома ба Узбекистон пайванд медоданд. Душанбеву Тошканд он замон муносибати хубе бо ҳам надоштанд ва Узбекистон худ фурӯши газро ба Тоҷикистон қатъ карда буд.

Пас аз марги раиси ҷумҳури пешини Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016, Тоҷикистон аз ин кишвар газ мегирад. Зимнан, Тоҷикистон имсол хариди гази табииро аз Узбекистон ҳудуди 30 дарсад бештар карданист.

Ба гуфтаи Шавкат Шоимзода, муовини раиси “Тоҷиктрансгаз” айни ҳол ҳайати Тоҷикистон дар Узбекистон масъалаи хариди 200 миллион метри мукааб газро матраҳ мекунад. Соли гузашта Тоҷикистон аз Узбекистон ба маблағи умумии 17,7 миллион доллар 140 миллион метри мукааб гази табиӣ харид.

Газе, ки аз Узбекистон меояд ба хонаҳои мардум интиқол намешавад, балки бештар барои эҳтиёҷи Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе сарф шудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG