Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯсти Тоҷикистон" бемаҳдудият раиси ҷумҳури Чин мемонад


Сӣ Ҷинпин
Сӣ Ҷинпин

Порлумони Чин бо ислоҳи Қонуни асосии он кишвар ба раиси ҷумҳури кунунӣ Сӣ Ҷинпин ҳақ дод, ки барои муддати номаҳдуд дар қудрат бимонад. Ин тағйирот рӯзи 11-уми марти имсол сурат гирифт. Дар гузашта Қонуни асосии Чин иҷоза дода буд, ки як нафар танҳо барои ду давраи панҷсола президент интихоб шавад.

Чин солҳо боз аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешунавад.

Сар медиҳаму намедиҳам сар?

Маҳдудияти замони раёсати ҷумҳуриро дар Чин соли 1982 Дао Сяопин, сиёсатмадори шинохта, тарҳрезӣ карда буд. Аммо Ҳизби коммунисти Чин моҳи феврали имсол гуфт, замони президентӣ набояд ба ду давраи панҷсола маҳдуд шавад ва хост, ки Қонуни асосиро ислоҳ кунанд.

Ҳарчанд рӯшанфикрон дар дохили Чин таҳти фишори шадид ҳастанд ва ҳамагуна норозигӣ метавонад бо боздошт анҷом пазирад, баъзе аз донишҷӯёни чинӣ дар хориҷа алайҳи ин тағйирот баромад карданд. Дар Донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диего бархе аз донишҷӯён навиштаи “Ҳеч вақт президенти ман нест”-ро боло намуданд.

Чунин норозигӣ аз ислоҳи Қонуни асосии Чин ба камияш дар ҳашт донишгоҳи дигар, аз ҷумла дар Австралия мушоҳида шудааст.

Сӣ Ҷинпин кист?

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, ки соли 2014 ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳи хонаводааш як шом меҳмони оилаи президент Эмомалӣ Раҳмон низ буд, панҷ сол пеш ба қудрат расидааст. Ӯ дар аввали имсол ба даври дувуми раёсаташ шурӯъ кард, ки бояд то 2023 идома меёфт. Аммо ҳоло ҳақ пайдо намуд, баъд аз соли 2023 низ дар курсии президентӣ нишинад.

Аз Сӣ Ҷинпин ба унвони як сиёсатмадори оянданигар ном мебаранд, ки тарҳҳои зиёдеро рӯи даст дорад ва аз ҷумла мехоҳад, то соли 2020 фақрро аз байн барад. Ҳамчунин ӯ мехоҳад тарҳҳои нави тиҷоратиро роҳандозӣ кунад. Раиси ҷумҳури кунунии Чин аз замони ба қудрат расидан, муборизаи сахтеро бо фасоди молӣ дар пеш гирифтааст.

Раиси ҷумҳури Чин дар меҳмонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Моҳи сентябри соли 2014
Раиси ҷумҳури Чин дар меҳмонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Моҳи сентябри соли 2014

Ном ва афкори Сӣ Ҷинпинро ба оинномаи Ҳизби коммунисти Чин илова кардаанд. Ин нахустин бор аз замони Мао Дзе Дун, бунёдгузори Ҷумҳурии Халқии Чин аст, ки ном ва ақидаи як раиси ҷумҳур дар вақти барҳаёт буданаш ба оинномаи ҳизби ҳокими Чин илова мешавад.

Кишвари сензура

Чин солҳо боз аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешунавад.

Чин, ки яке аз густурдатарин сензураи шабакаҳои маҷозӣ дар ҷаҳонро доро аст, ба саркӯби мухолифон, вакилони дифоъ, зиндониёни эътиқодӣ ва сиёсӣ, маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин дахолат дар умури бархе кишварҳо, аз ҷумла Тайван, муттаҳам мешавад.

Шарики муҳими Тоҷикистон

Аммо дар Тоҷикистон Чинро як шарики муҳими стратегӣ меноманд. Ин кишвар, бахусус дар давраи раҳбарии Си Ҷинпин, ки аз Тоҷикистон ҳам дидан кардааст, ба тарҳҳои зиёди инфрасохториву истеҳсолӣ сармоягузорӣ кардааст. Гардиши солонаи молу коло миёни ин ду кишвар ба 2 миллиард доллар баробар аст.

XS
SM
MD
LG