Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз амалкардҳояш барои муқобила ба коронавирус ҳимоят кард


Вирусшиноси чинӣ Шӣ Женгли дар озмоишгоҳе дар Вуҳан, ки вирус дар онҷо пайдо шуд.
Вирусшиноси чинӣ Шӣ Женгли дар озмоишгоҳе дар Вуҳан, ки вирус дар онҷо пайдо шуд.

Мақомоти Чин рӯзи якшанбе гузориши тӯлоние нашр карданд, ки дар он тадбирҳои кишвар барои муқобила бо пандемияи коронавирус тасвир ва аз иқдомҳои ҳукумат ҳимоят шудааст. Дар ин гузориш омадааст, Чин иттилоъро саривақт ва шаффоф пешниҳод кардааст.

Мақомоти Чин гуфтаанд, баъди хуруҷи беморӣ, Чин иттилоъ дар заминаи геноми вируси навро бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, кишварҳои дигар, созмонҳои минтақавӣ саривақт дар миён гузошт. Геном маълумоти биологӣ дар бораи таркибу хусусиятҳои вирус аст, ки дар ҳуҷайра ҷойгир мешавад.

Хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс» мегӯяд, таҳқиқи он маълум кард, ки озмоишгоҳҳои давлатии Чин моҳи январ дар давоми беш аз як ҳафта нақшаи генетикии вируси навро таҳия намудаанд, вале дар ирсоли он ба дигарон як ҳафта таъхир кардаанд, ки сабаби саривақт ташхис нашудани вирус дар кишварҳои саввум ва таъхир дар табодули иттило барои таҳияи дору ва ваксина шудааст.

Ма Сяовей, раиси Кумиссиюни миллии беҳдоштӣ дар Чин ба ҷузъиёти дар гузориши «Ассошиэйтед Пресс» ишорашуда вокуниш накард, вале гуфт, ки “ин ҷиддан дар ихтилоф бо иттилои расмӣ аст”. Ӯ афзуд, ки дар марҳилаи аввали хуруҷи вирус бисёр чиз номаълум ва барои ҷамъоварии далелу ташхиси хусусиятҳои вируси нав вақт лозим буд.

Ма Сяовей ҳамчунин гуфт, “ҳукумати Чин чизеро пинҳон ва ё дар нашри иттилоъ таъхир накардааст”. Ӯ афзуд: “Баръакс, мо ҳамон замон хабари ошкор шудани вирусро нашр кардем, тамоми иттило дар бораи эпидемияро дар ихтиёри ҷомеаи байналмилалӣ гузоштем ва дар пешгириву назорати эпидемия дар саросари ҷаҳон саҳмгузор шудем”.

Ма Сяовей, инчунин ба чанд тадбире таъкид кард, ки аз ҷониби мақомоти Чин андешида шудааст. Дар ин матлаб гуфта шудааст, ки Чин аз рӯзи 3-уми январ Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро мунтазам дар ҷараёни таҳаввулот гузошта, Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои Чин рӯзи 4 январ раиси Маркази назорати бемориҳои Амрикоро ҳам аз хуруҷи бемории нав огоҳ кардааст.

Мақомот дар Амрико дар робита бо амалкардҳои Чин барои муқобила бо коронавирус дидгоҳи интиқодӣ доранд ва ҳамкориҳои ду тараф дар иртибот бо масоили тиҷорату фанновариҳо ва эътирозҳои демократӣ дар Ҳонгконг боз ҳам печидатар шудааст.

Вақте аз Ма Чжаосюй муовини вазири хориҷаи Чин пурсиданд, ки чӣ гуна кишвар дар пайи ислоҳи муносибатҳо бо кишварҳои дигари ҷаҳон мешавад, ӯ гуфт, ҳамкориҳо дар давраи пандемия равобити аксар кишварҳои ҷаҳон бо Чинро беҳбуд бахшид. Бидуни ин ки аз Амрико ном барад, Ма Чжаосюй гуфт: “Бархе кишварҳо ба муқобили маҷрои таърих ҳаракат мекунанд. Барои онки вокуниши номуносиби худ ба COVID-19-ро пинҳон кунанд, онҳо девонавор Чинро сиёҳ карда, тӯҳмат заданд... Дар посух ба чунин тӯҳматҳои беасос Чин, бешубҳа, муқовимат хоҳад кард”.

Дар гузориши 84-саҳифагии Чин ба забони англисӣ омадааст, дар давоми ду моҳ ноил шудан ба коҳиши сироят як муваффақияти Чин аст ва “дар се моҳ даст ёфтан, ба муҳофизати вилояти Ҳубей ва маркази маъмурии он Вуҳан… як пирӯзии қотеъ” аст. Вуҳан шаҳрест, ки дар он декабри соли гузашта коронавируси нав ошкор шуд ва дар муқоиса ба тамоми қаламрави Чин вирус маҳз ба ин шаҳр осеби зиёд расонд. Дар ҳоле, ки мақомот тамоми вилояти Ҳубейро барои рафтуо бастанд, шаҳри Вуҳан ҷудогона беш аз ду моҳ дар инзиво қарор дошт.

Дар ин гузориш аз қарори раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин дар рӯзи 22 январ ҳам ситоиш шудааст, ки роҳҳои иртиботи нақлиётӣ бо Вуҳанро баст ва иҷоза надод, ки сокинон аз он берун раванд ва ё дигар ҷой ба ин шаҳр оянд.

XS
SM
MD
LG