Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 3-юми май ба ба телевизиони ABC дар Амрико гуфт: "далелҳои чашмрасе" ҳастанд, ки нишон медиҳанд коронавируси нав дар як озмоишгоҳи чинӣ пайдо шудааст.
Ӯ ба хуруҷи вирус ишора кард, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва бештар аз 247 ҳазор нафар, аз ҷумла 67 ҳазор нафарро дар Амрико кушт.
Помпео дар ин мусоҳиба аз рӯзи 30-юми апрел хулоса дар бораи сунъӣ набудани вирусро зери суол бурд, аммо вақте хабарнигор гӯшзад кард, ки ин хулосаи ниҳодҳои иттилоотии Амрико аст, баргашт ва гуфт, бовар дорад, ки онҳо хато накардаанд.
Майк Помпео ҳамчунин Чинро ба он муттаҳам кард, ки намегузорад, муфаттишони байналмилалӣ барои таҳқиқи озмоишгоҳҳояш ба он кишвар бираванд.
Нашрияи англисизабони “Глобал Таймс” рӯзи 4-уми май дар вокуниш ба мусоҳибаи Помпео гуфт, ӯ “найранг” мекунад ва ҳеҷ мадраке надорад, ки нишон бидиҳад, вирус аз озмоишгоҳи Вуҳан берун омадааст.
Нашрия навиштааст, агар Амрико далеле дорад, нишон бидиҳад.