Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқидҳо ва ситоишҳо аз кори СҶТ дар ҷаҳон. Мухолифон ва ҷонибдорон чӣ мегӯянд?


Роҳбарони СҶТ дар нахустин рӯзи маҷмааи умумии ин созмон
Роҳбарони СҶТ дар нахустин рӯзи маҷмааи умумии ин созмон

Дар рӯзи аввали кори Маҷмааи умумии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ интиқодҳо аз амалкарди созмон дар баробари паҳншавии коронавируси нав зиёд шуд. Беш аз 120 кишвари ҷаҳон аз пешниҳоди Австралия дар бораи арзёбии бархӯрди СҶТ дар ин замина пуштибонӣ карданд. Дар Тоҷикистон ҳам аз кори созмон норозиянд.

Нишасти Маҷмааи умумии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ 18-уми май оғоз шуд ва қарор аст, ки ду рӯз идома кунад. Дар ин нишаст, ки бори аввал онлайн мегузарад, интиқодҳо аз кори СҶТ зиёд садо дод.

Алекс Азар, вазири тандурустии Амрико, аз амалкарди созмон башиддат интиқод кард ва гуфт: "Созмони Ҷаҳони Тандурустӣ, дар таҳияи иттилооте, ки ҷаҳон ба он ниёз дорад, нотавон буд ва нотавонии ин созмон боиси талафоти ҷонии зиёд шуд."

Пеш аз ин Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ аз амалкарди СҶТ нигаронӣ карда, кумакҳои Вашингтон ба ин созмонро қатъ карда буд. Трамп Созмони Ҷаҳонии Тандурустиро як созмони "чинмеҳвар" хондааст.

Австралия ҳам дар нахустин рӯзи нишасти кулли СҶТ пешниҳод кардааст, ки манбаи пайдоиш, ҳамагир шудани коронавирус ва ҳамчунин амалкарди Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар баробари буҳрони мазкур мӯшикофона таҳқиқ шавад. Аллакай 122 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Бритониё ва Русия аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳарчанд бархе аз кишварҳо, аз ҷумла масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтаанд, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ "сазовори ҳимоят аст, на ҷарима".

Австралия аз ҷумлаи кишварҳоест, ки давлати Чинро ба “пинҳонкорӣ” дар пайдоиши коронавируси нав муттаҳам кардааст ва робитаи ду кишвар ҳам вақтҳои ахир ба танишҳо рӯбарӯ шудааст. Иттиҳоди Аврупо бо ҳимоят аз пешниҳоди Австралия хостори он шудааст, ки номи “Вуҳан” ба ҳайси маркази аввали пайдоиши коронавируси нав ҳазф карда шавад.

Аммо Син Ҷин Пин, раиси ҷумҳури Чин рӯзи 18-уми май аз амалкарди кишвараш дар мубориза бо пандемияи коронавирус сахт дифоъ кард. Вай дар бораи анҷоми таҳқиқоти байналмилалӣ гуфт, кишвараш аз чунин таҳқиқот ҳимоят мекунад, ба шарте ки ин кор баъд аз контроли вазъи феълӣ анҷом шавад.

Раисҷумҳури Чин ҳамчунон ваъда дод, ки кишвараш давоми ду соли оянда ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ду миллиард доллар кумак мекунад. Ҳарчанд вазири тандурустии Амрико бо ишора ба ин ёрии Чин гуфт, Амрико то имрӯз барои муқобила бо коронавирус дар нуқтаҳои мухталифи ҷаҳон беш аз 9 миллиард доллар сарф кардааст.

Тедрос Гебрейеус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт
Тедрос Гебрейеус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” навиштааст, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар баробари пешниҳоди таҳқиқоти мустақил “сари таъзим фуруд овард”, ҳарчанд Тедрос Гебрейеус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба ҳамбастагии ҷаҳонӣ барои муқобила бо ин беморӣ низ таъкид кард.

Тедрос Гебрейеус ҳамунин гуфт, "дар аввалин фурсати муносиб” посухи ин созмон дар як гузориши дохилӣ таҳия хоҳад шуд.

Интиқодҳо аз кори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳам зиёд аст. Мунтақидон ин намояндаи муассисаи Созмони Милалро дар амиқрафти бӯҳрон дар Тоҷикистон гунаҳкор медонанд, чун ба гуфтаи онҳо изҳороти вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар бораи “набудани” коронавируси нав дар Тоҷикистонро тасдиқ ва бо ин аҳолиро гумроҳ кард.

Ҳарчанд Галина Перфилева, роҳбари намояндагии СҶТ гуфт, ҳеч гоҳ дар ҷое “нанавиштааст”, ки коронавирус дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аммо мунтақидон мегӯянд, ӯ то 22-юми апрел аз мавқеи мақомоти тоҷик дар бораи набудани коронавирус дар кишвар ҳимоят мекард ва танҳо дар охир гуфт, ки аз набудани COVID-19 дар Тоҷикистон мутмаин нест.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, як ниҳоди зертобеи Созмони Милали Муттаҳид буда, 196 узв дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG