Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои "Бачагони Осиё"


Дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки аз 5 то 17 июли соли 2016 дар шаҳри Якутски Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон)-и Русия баргузор мешаванд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок мекунад.

Маҳмуд Абдуллоев, сардори шуъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки раҳбари ҳайати варзишии кишвар мебошад, рӯзи 5 июл ба “Озодӣ” гуфт, “дар ин бозиҳо беш аз 20 варзишгари навраси тоҷик дар мусобиқот аз рӯи бокс (писарону духтарон), гуштии озод, самбо ва ҷудо иштирок мекунанд. “

Бояд гуфт, ки Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» бо ибтикори аввалин президенти Ҷумҳурии Саха (Ёқутистон) Михаил Ефимович Николаев сар аз соли 1996 баргузор мешаванд. Дар бозиҳои имсола ширкати варзишгарони беш аз 30 кишвар дар назар аст.

Ба барномаи бозиҳо 22 намуд дохил аcт: баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи бадеӣ, гуштии озод, камонварӣ, кураш, мас-рестлинг, пауэрлифтинг, самбо, таэквондо ВТФ, тенниси рӯи миз, тирандозӣ, тирандозӣ ба лаъличаҳо, футбол, хапсагай, ҷаҳиши миллии ёқутистонӣ, ҷудо, шашка, шоҳмот, шиноварӣ.

Барои ширкат дар ин бозиҳо дастаҳои мунтахаби кишварҳое, ки аъзои Шӯрои олимпии Осиё ҳастанд, яъне 45 кишвар, инчунин минтақаҳои Русия даъват мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар бозиҳо дастаи мунтахаби шаҳри Олимпи Қадимаи Ҷумҳурии Юнон иштирок хоҳад кард.

Ба гуфтаи Маҳмуд Абдуллоев варзишгарони навраси тоҷик дар Бозиҳои байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” борҳо ширкат кардаанд.

«Дастаҳои мо солҳои пеш дар ин бозиҳо бо теъдоди 5-6 нафар иштирок мекарданд ва аммо дар бозиҳои имсола теъдоди онҳо чор маротиба зиёд аст. Шумораи варзишгарони наврасро боз ҳам бештар кардан мумкин буд, вале ин ба маблағгузорӣ бастагӣ дорад, охир, роҳ аз Тоҷикистон то Ёқутистон тӯлонист”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

XS
SM
MD
LG