Федератсияи футболи Қазоқистон хабар дод, ки Черчесов ба ҷойи Магомед Адиеви рус сармураббии тими миллии Қазоқистон таъйин шудааст.
Станислав Черчесови 60-сола дар гузашта дарвозабони дастаҳои мунтахаби СССР, ИДМ ва Русия буд. Вай қисми бештари "карйера"-ашро дар дастаҳои "Спартак"-и Маскав ва "Тирол"- Инсбрук сипарӣ кардааст.
Черчесов дар Русия, Австрия, Лаҳистон (Полша) ва Маҷористон (Венгрия) низ ҳамчун мураббӣ кор кардааст.
Федератсияи футболи Қазоқистон ҷузъиёти қарордоди Черчесовро ифшо намекунад.
"Спорт-Экспресс" навишта, ки ӯ то охири бозиҳои интихобӣ барои чемпионати ҷаҳон дар соли 2026 дастаи Қазоқистонро раҳбарӣ мекунад ва сипас эҳтимол дорад, ки муҳлати қарордод ду соли дигар дароз карда шавад.