Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Се тоҷикро дар Харков дафн кардем." Рӯзгори муҳоҷир


Лаҳзае аз барнома
Лаҳзае аз барнома

Муҳаммадраҳим Холов (Бобои Шайх), тоҷики муқими Украина, ки дувуним сол боз рӯзгори осоишта ва бе бонги хатарро фаромӯш кардааст, қаҳрамони навбатии "Рӯзгори муҳоҷир" аст.

40 сол дорад. Дар дувоздаҳсолагӣ аз Тоҷикистон ба Украина кӯчидааст. Дар ҳамин ҷо мактаб ва омӯзишгоҳро хатм карду ба хидмати ҳарбӣ рафт. Сипас тиҷорати худро ба роҳ монд.

Дар Харков, наздикиҳои марзи Украина бо Русия, қарор дорад. Минтақае, ки пайваста зери ҳамлаҳои нерӯҳои таҷовузгари рус ҳаст. Мушаки партобшуда аз Русия ҳамагӣ дар чанд сония ба Харков мерасад. Бинобар ин, муҳофизат аз он душвор аст.

Мусоҳиби мо мегӯяд, то омадан ба Украина шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Азобу гуруснагӣ ва ғарибии он замон аз хотираш зудуда нагардида, доғи ҷанг дар Украина захмҳояшро бештар кард. Мегӯяд, ин ҷанг шахси азизтарин, модарашро аз ӯ гирифт, зиндагияшро ба ҳам зад ва тиҷораташро аз байн бурд.

Дар Украина бештар он шаҳрвандоне мондаанд, ки ё имкони берун шудан надоранд ё барояшон иҷозати хориҷ шудан дода намешавад.

Аксаран тоҷикон дар шаҳрҳои Харков, Запарожйе, Одесса ва Киев ҳастанд. Он мардони тоҷик, ки ҳаққи иқомати доимӣ доранд ё шаҳрвандии Украинаро гирифтаанд, иҷозати берун шудан надоранд. Бар асоси қонунҳои Украина, мардони аз 18 то 60-сола барои ҳимояи ин кишвар ҷалб мешаванд.

Муҳаммадраҳим Холов (Бобои Шайх) аз рӯзи аввали ноамниҳо дар Украина дар фикри ёрӣ додан ба мардуми Харков буд. Бо вуҷуди душвориҳо, ӯ ёриро ба аҳолии осоишта муҳим медонад. Бо афсӯс мегӯяд, се тоҷики дигаре, ки дар кори хайр ва тақсими хӯроки бепул ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, дигар зинда нестанд.

Бо ин ҳама қаҳрамони мо умедвор аст, ки рӯзе оташи ҷанг дар Украина хомӯш мешавад ва ӯ ба дидани бародарону хоҳаронаш ба Тоҷикистон меравад. Вале китфони тирхӯрдаи ӯ ва дастонаш, ки чандин ҷасади оғушта ба хунро зери хок гузоштааст, хотироти даҳшати ин солҳоро барои муддати дароз аз ёду дилаш намебарорад.

Барномаро дар инҷо бинед:

"Худам се бародарро кафан пӯшондаму ба хок супурдам" (Рӯзгори муҳоҷир#27)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:26 0:00

Барнома дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG