Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парвози шумо бекор шуд." Чаро муҳоҷирон ба Маскав рафта наметавонанд?


Ин мусофирон мунтазири сафар ба Маскав ҳастанд
Ин мусофирон мунтазири сафар ба Маскав ҳастанд

Ҳамлаи бесарнишинҳо ба шаҳри Маскав ва аз кор мондани чанд фурудгоҳ, парвозҳо миёни Душанбе ва пойтахти Русияро ба мушкил рубарӯ кардааст. Мусофирон, ки дар миёнашон муҳоҷирон низ ҳастанд, ду рӯз боз бо таърих аз Душанбе Маскав парвоз мекунанд.

Шаби 10-уми сентябр Фурудгоҳи Жуковский мавриди ҳамлаи дронҳо қарор гирифт. Дар пайи ин фурудгоҳҳои Внуково ва Домодедовои Маскав ҳам муваққатан қабулу гусели парвозҳоро қатъ карданд.

Рӯзи 11-уми сентябр даҳҳо мусофир дар Фурудгоҳи Душанбе мунтазири сафар ба Маскав буданд. Парвозҳое, ки бояд онҳоро ба пойтахти Русия расонанд бекор шудаанд ё ба таъхир афтодаанд.

Самад, сокини ноҳияи Дӯстӣ бояд ба Фурудгоҳи «Жуковский» мепарид, аммо то ҳол мунтазир аст. "Гуфтанд, ки парвози шумо бекор шудааст. Дар меҳмонхона меистем, хонаи мо дур аст. Имрӯз ҳам соат 11 шуд, маълум нест, ки кай парвоз мекунем."

Сабаби таъхир дар парвозҳоро на мусофирон медонанд ва на мақомот масъаларо шарҳ медиҳанд.

Аҳмад, сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, ба онҳо гуфтаанд, ки "дар тарафҳои Маскав нотинҷӣ аст ва барои ҳамин ҳавопаймоҳо намепаранд."

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Сафорати Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ба Русия сафар накунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Миёни Душанбе ва Маскав дар шабонарӯз 7-8 парвоз аст, ки бар асоси таблои Фурудгоҳи Душанбе давоми ду рӯзи ахир аксарашон саривақт анҷом намешаванд.

Дар чунин шароит Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 10-уми сентябр аз шаҳрвандони кишвар хост, муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд. Сафорат сабабро ба сахтар шудани назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Русия гуфт. Вале чунин даъватҳо низ муҳоҷиронро аз роҳ нагардондааст.

"Таваккал мекунем. Ҳеҷ кас аз хурсандӣ намеравад. Дар Тоҷикистон ҷойи кор ҳаст, аммо барои зиндагӣ намерасад,"-мегӯяд Аҳмад, сокини ноҳияи Восеъ.

Кормандони нуқтаҳои билетфурӯшӣ ҳам мегӯянд, рӯзҳои ахир савдоашон кам шудааст. Корманди яке аз нуқтаҳо дар суҳбати бидуни сабт гуфт, аз субҳ то нисфирӯзӣ ба самти Русия ягон билет нафурӯхтааст.

Русия макони кору зиндаги ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст. Маблағи фиристодаи муҳоҷирон барои иқтисоди кишвар ва таъмини хонаводаҳо муҳим гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG