Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарқонуни гӯё. Ҳар қадр мефишоранд, он қадр мезанад занг


Сарқонуни гӯё
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Як ҷавони тоҷик барои афроди нобино Қонуни асосии Тоҷикистонро ба шакли садоӣ таҳия кардааст.

Суннатулло Қосимов, хонандаи синфи 11-уми литсейи инноватсионии Душанбе, барои афроди нобино Қонуни асосии Тоҷикистонро ба шакли садоӣ таҳия кардааст. Аммо ӯ мегӯяд, ин китоб на танҳо барои афроди нобино, балки ба донишҷӯёну ҳуқуқдонҳо низ тавсия мешавад.

Ба қавли Қосимов, шакли садоии Қонуни асосиро дар муддати 6 моҳ ва бо сарфи бештар аз 300 сомонӣ омода сохтааст. Ӯ бовар дорад, ин кораш барои аз худ кардани Қонуни асосии кишвар ба ҳамсолонаш ва ҳам хоҳишмандон муассир хоҳад буд.

Қонуни асосии Тоҷикистон, ки шакли сабтии онро ин ҷавони тоҷик таҳия кардааст, аз 10 бобу 100 модда иборат аст ва дар як қуттии чоркунҷа ҷойгир шуда, рӯи он 9 тугма насб шудааст. Сунатулло мегӯяд, бо пахш кардани рақаме хоҳишмандон метавонанд, дилхоҳ маълумотро аз Қонуни асосӣ гӯш кунанд. Ҳоло ин навраси тоҷик мехоҳад, бо насби шумораҳои брайл болои он, роҳи осони омӯзиши боб ва моддаҳои Сарқонунро барои нобиноён низ пешниҳод кунад.

Суннатулло Қосимов
Суннатулло Қосимов

“Ҳоло намунаи китоби садоиро сохтам ва орзу дорам, бо беҳтар шудани шароит теъдоди онро бештар кунам. Чун тавассути ин китоб аз худ кардани боб ва моддаҳои Конститутсияи Тоҷикистон хеле осон аст,” – мегӯяд Суннатулло. Ҳарчанд ин китоб чанд рӯзи пеш таҳия шуд, аммо алакай хоҳишмандон, ки аксаран донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ҳастанд, ба Суннатулло муроҷиат карда мехоҳанд барояшон чунин китоб таҳия кунад. Ҳоло худи Суннатулло ҳам тасмим дорад, то ҳадди имкон нусхаҳои дигари ин китобро омода ва бо забони дигар дар шаклҳои гуногун, ба мисли китобчаи киссагӣ пешниҳод созад.

“Ин китобе, ки сохтам аз картон, сим баландгӯяк ва баъзе ашё истифода шудаасст, ки пайдо кардани он дар бозорҳои Тоҷикистон хеле осон аст. Танҳо агар сарпарастон дастгирӣ кунанд, сохтани он мушкил нест. Чун алакай нақшаи асосии онро таҳия кардаам,” – афзуд ӯ.

Ин аввалин ихтирои Суннатулло Қосимови 17-сола нест. Бархе аз дастгоҳҳои сохтаи ӯ алакай дар литсей мавриди истифода қарор гирифтааст. Масалан, ҳоло муаллимони мактаб метавонанд бидуни ягон мушкил аз синфхона нишаста, занги мактабро пахш кунанд. Барои ин, Суннатулло ба омӯзгоронаш “пулт”-и занг сохтааст. Аммо ихтирое, ки ӯро дар аввали сол расонаӣ кард, ин ихтирои “Робот” ё “Одами оҳанин” буд, ки бо 3 забон сухан мегуфт ва ҳам вазифаи дарбонро иҷро мекард.

Чанд рӯзи пеш ӯ бо истифодаи кафел (сафолак) барои роҳравҳо нерӯи рушноиро кашф кард. Ӯ гуфт, “фарқи ин кафел (сафолак) аз дигар кафелҳо дар он аст, ки он рӯзона аз фишори пойи одамон нерӯи барқ захира карда, шабона рушноӣ истеҳсол мекунад”.

Ҳоло барои анҷоми кашфиёташ, Суннатулло дар литсейи инноватсионӣ устохонаи махсуси худро дорад. Истамбой Тоҳиров, омӯзгори фанни геометрия дар ин таълимгоҳ, ки 46 сол собиқаи корӣ дорад, мегӯяд гоҳе ба Суннатулло маслиҳат медиҳаду гоҳи дигар аз ӯ машварат мепурсад. “Ба Сунатулло идеяи сохтани китоби “Алифбо” барои кӯдакони томактабиро иброз кардам. Яъне ӯ метавонад мисли ҳамин китоби Конститутсия китобҳои дигарро аз ҷумла Алифборо омода кунад, ки бовар дорам кумак ба падару модарон ва роҳи осони аз худ кардани ҳарфҳо ба кӯдакони синни томактбӣ хоҳад буд,” – гуфт ӯ.

Суннатулло, ин ҷавони 17-солаи тоҷик, орзу дорад, оянда муҳандис шавад ва навовариҳои муҳими дигареро дар бахшҳои мухталиф рӯйи кор биёрад. Вай гуфт, аз мушкилиҳои пеши рӯяш ҳарос надорад ва бо ин умед, ки рӯзе шароит мусоид мешавадусарпарасте ба навовариҳои ӯ таваҷҷуҳ мекунад ва мардум аз ихтироъҳои ӯ баҳра мегиранд, ба кораш идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG