Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 ВИДЕО: Дар пушти даъватҳо ба митинг Русия истода буд?


Гуруҳи мухолифон дар хориҷа аз мардум даъват карда буданд, ки рӯзи даҳуми октябр ба ин ҷо оянд
Гуруҳи мухолифон дар хориҷа аз мардум даъват карда буданд, ки рӯзи даҳуми октябр ба ин ҷо оянд

Як маркази таҳқиқотии Бритониё мегӯяд, дар паси даъватҳои охир ба эътирозҳо дар Тоҷикистон зоҳиран Русия истодааст, ки аз наздики шудани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо Чин дар ташвиш афтодааст.

Center for Eurasian Strategic Intelligence(CESI), Маркази иктишофоти стратегии Евразия дар гузорише таҳти унвони “Русия раҳбари Тоҷикистонро бо инқилоб метарсонад” тахмин задааст, ки дар пушти ҳаракатҳои ахири соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов ва даъватҳои “Гурӯҳи 24”-и ӯ ба эътирозҳо Русия истодааст ва зоҳиран Маскавро хеле наздик шудани ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Чин тарсондааст.

Ин маркази пажӯҳишӣ мегӯяд, Қувватов бахусус дар соли 2014 фаъолиятҳояшро тақвият дод: “Бино ба ҳисобҳои мо, Маскав имрӯз Қуватовро дар роҳи мавзеъгириҳои Эмомалӣ Раҳмон дар равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ ҳамчун як ҳалқадавак истифода мебарад ва бо ин имкони сар задани рӯёрӯиҳои мардумӣ дар ин ҷумҳуриро нишон медиҳад.”

Ин маркази таҳқиқотӣ ба баҳсҳои давомдори байни Маскаву Душанбе бар сари шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, дар ивази тамдиди қарордоди пойгоҳ аз Русия сармояву силоҳ хостани Душанбе ва ба навби худ аз муҳоҷирони тоҷик ва фурӯши маводи сӯхташ ба Тоҷикистон ҳамчун як фишанги фишор кор бурдани Русияро ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки “гузашта аз ин, Кремл аз таваҷҷӯҳи Раҳмон ба ҳамкорӣ бо Чин хеле ва хеле нигарон шудааст."

Ин маркази таҳқиқотӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон чунин фъаол шудану тақвият ёфтани ҳузури Пекин "барои Русия, ки Тоҷикистонро ҷавлонгоҳи геополитикиву низомӣ-сиёсии худ дар минтақа медонад, дардовар аст.”

Ба назари пажӯҳишгарони бритониёӣ, "нишон додани имкони таҳрики "инқилоби рангаӣ" дар Тоҷикистон яке аз паёмҳои Русия ба Душанбе" буд, то дигарбора ба Русия рӯ биорад, на ба Чин ё ҳар кишвари дигар.

Раҳбари Чин дар меҳмонии хонаводаи Раҳмон
Раҳбари Чин дар меҳмонии хонаводаи Раҳмон

Тоҷикистон аз Чин, ки тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла бозсохти роҳҳову бунёди нақбҳо дар ин кишварро таъмини молӣ мекунад, алакай беш аз 1 миллиард доллар қарздор шудааст ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр зимни пазироӣ аз ҳамтои чиниаш Си Ҷинпинг эълон кард, ки Пекин дар солҳои наздик ба иқтисоди Тоҷикистон боз 6 миллиард доллар сармояи дигар хоҳад рехт.

Зимни сафари давлатии раҳбари Чин, ки рӯзҳои 13-14 сентябр дори шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа ӯву ҳамсарашро дар қароргоҳи худ якҷо бо аҳли хонаводаи сершумораш зиёфат дод. Коре ки ӯ то ҳол барои ягон раҳбари дигар, аз ҷумла барои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин накардааст.

Худи Умаралӣ Қувватов ва тарафдорони ӯ ба ин даъвои пажӯҳишгарони Бритониё, ки гӯё дар паси вай Русия истодааст, вокунише накардаанд.

Душанбе, 10 октябр, соати 15: Митинг нашуд

Бо вуҷуди даъватҳои зиёд аз тариқи Интернет ба гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе ва тақвияти тадобири амниятӣ ва бастани сайтҳову маҳдуд кардани хадамоти телефонҳои мобил дар пешорӯи 10 октябр, соати 15-и рӯзи ҷумъа, 10 октябр маркази Душанбе тақрибан холӣ буд. Тибқи даъвати тарафдорони мухолифин, раҳпаймоии эътирозӣ дар майдони “Дӯстӣ” дар маркази Душанбе бояд дар ҳамин соат оғоз меёфт.

Рӯзи 10-уми октябр дар Душанбе ба сурати умум ором, аммо бо ҳузури чашмгири нерӯҳои амниятӣ гузашт.

Гирдиҳамоие, ки эътилофи нирӯҳои мухолифин "Тоҷикистони нав" ва ниҳоди асосии он “Гурӯҳи 24” дар соати 3-и баъд аз зӯҳри 10 октябр дар майдони “Дӯстӣ” дар маркази шаҳри Душанбе ваъда карда буданд, баргузор нашуд. Аммо даъватҳо дар бораи гирдиҳамоии эътирозӣ дар Душанбе сабаби чораҳои сахти амниятӣ дар пойтахт гардид.

Намози рӯзи ҷумъаи 10 октябр дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ дар шароити шадиди амниятӣ ва дар фазои даъват ба эҳтироми сулҳу субот баргузор шуд. Намозгузорон, ки шумораашон дар муқоиса ба намозҳои ҷумъаи гузашта камтар ба назар мерасид, пеш аз ворид шудан ба дохил аз назорати ходимони амнияту пулис ва ҳатто дружиначиён мегузаштанд. Онҳое, ки дар даст борхалта ё сумка доштанд, бояд дохили он ва онҳое, ки ҷойнамоз доштанд, бояд ин ҷойнамозро боз карда ба намояндагони амният нишон медоданд.

Намози ҷумъаи Душанбе дар фазои шадиди амниятӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

Дар ин рӯз савдо дар бозору фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе низ дар авҷ буд ва одамон орду дигар маводи ғизоро ба миқдори зиёд мехариданд. Бархе аз онҳо мегуфтанд, шиддат гирифтани чораҳои амниятӣ дар Душанбе онҳоро ба натиҷае овардааст, ки эҳтимоли нооромӣ дар миён аст ва бояд ғизои худро захира кард.

Холбибӣ Ҳоҷиева, соҳибхоназане аз деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, ки ба якборагӣ аз бозори “Варзоб”-и Душанбе 12 халата орд харид. Сабаби якбора орд хароидорӣ карданашро холаи Холбибӣ чунин шарҳ дод: “Ҳоло бисёр гапу овозаҳои ҳархела аст дар байни мардум. Мо дар кӯҳистон зиндагӣ мекунем барои ҳамин хостем орд харида захира кунем. Аммо аввал Худо ва дуввум аз Ҷаноби олӣ умедворем , ки ҳама корҳо дар кишварамон ба хубӣ анҷом ёбад.”

Ҳарчанд хариду фурӯш дар бозори мазкур дар авҷ буд, аммо нархи орд ва дигар маҳсулоти ғизоӣ дар қиёс бо ҳафтаҳои қабл чандон тағйир наёфта буд.

Хариди ҳарчи бештари мардум дар бозор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Таи чанд рӯзи охири таҳаллука ва ҳаёҳуи “митинг” дар Тоҷикистон, ки боиси баста шудани 300 торнамо шуда буд, субҳи 10 октябр фиристодану гирифтани СМС низ тариқи ширкатҳои мобилии кишвар ҳам номумкин гардид.

Гуфта мешавад, бар асоси як дастури шифоҳии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ирсоли СМС ё паёмак тариқи ҳама ширкатҳои мобилии кишвар дастнорас шудааст. Манбаи Радиои Озодӣ дар яке аз ширкатҳои мобилии кишвар ин иттилоъро тасдиқ кард, аммо навбатдори “Тcell” дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, "далел мушкили фаннист" ва афзуд, "ҳамаи масдудиятҳо баъди 11 октябр бардошта хоҳанд шуд."

Масъулони Хадамоти алоқа ҳам дар посух ба суоли хабарнигори мо гуфтанд, "шояд мушкили фаннӣ бошад", аммо кӯшишҳо ва санҷишҳо нишон доданд, ки аз тариқи ҳеч ширкати мобилӣ намешавад паёмак ирсол кард. Ҳатто онҳое, ки дар "баланс"-ашон маблағе надоранд, наметавонанд, ба хонавода ва дӯсти худ паёмак фиристанд, ки "муштарӣ занги Шуморо интизор аст."

Манъи ирсоли СМС тариқи ширкатҳои мобилӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00

Дар пасманзари ин ҳама маҳдудкуниҳо, Ҳукумат як маҳудияте, ки қариб 20 сол аст аксарияти мардумро ба танг овардааст баракс аз байн бурд. Ин ҳам бошад, маҳдудияти интиқоли барқ ба манотиқи кишвар аст, ки таи ду рӯзи охир зоҳиран бекор карда шудааст. Бинобар гузориши торнамои Barknest.Tj, ки ҳамарӯза дастрасии аҳолии кишварро ба барқ мониторинг мекунад, ки таи ду рӯзи охир аксарияти мардуми кишвар дар навоҳӣ 24 соат дар шабонарӯз ба барқ дастрасӣ доштанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Бардоштани лимити барқ ба ин овозаҳову миттинг ягон алоқамандӣ надорад. Рӯзҳои охир борон шуда, баъдан гарм шуд ва об дар дарёҳо зиёд шуд. Аз ин рӯ, мо ба марум барқ дода истодаем. Баъдан мо ҳам мехоҳем, бештар барқ фурӯшем ва даромади ширкат бештар шавад.”

Як ҳамсӯҳбати мо дар бозори “Варзоб”, ки машғули харидани орд буд, дар шарҳи овозаҳои охир доир ба ташкили митинг дар Душанбе танзомез гуфт, аз соли 1990 бо шунидани калимаи митинг табъаш хира мешавад. Аммо ин бор назараш ба ин калима дигар шуд, чунки бо баланд шудани овозаи митинг ду рӯз боз барқ дар хонааш хомӯш намешавад. Вале вай афзуд, ”овозаи митинг аз худаш беҳтар будааст.”

XS
SM
MD
LG