Корхонаҳои истеҳсоли консерва дар Тоҷикистон мехоҳанд дар соли ҷорӣ ҳудуди 16 миллион қуттии анвои мухталифи маҳсулоти консервашударо тавлид кунанд.
Мутахассисони соҳа мегӯянд, ин нишондод назар ба солҳои шӯравӣ хеле кам аст – он замон танҳо дар Тоҷикистон ҳамасола беш аз 120 миллион қуттии консерва истеҳсол мешуд ва барои истеъмоли сокинон афшураи помидору мева, бодиринги шӯр, икраи боимҷон, компоту дигар
Ҳар сол ман 150-200 дона шиша оби мева, қайлаи помидор, хуришҳои мухталиф, мураббои гуногун ва бодирингу помидори шӯр консерва мекунам
маҳсулоти хушрӯрро пешниҳод мекард. Вале ҳамон давра ҳам дар манзили бисёр оилаҳо дар Тоҷикистон ба хотири маззаву амнияти ғизо талош мекарданд консерваҳоро дар шароити хона таҳия кунанд.
Ин одат ҳоло ҳам вуҷуд дорад ва бисёр хонаводаҳо мегӯянд, пеш аз ҳама ба хотири захираи ғизо барои зимистону сард аз ин методи қадима кор мегиранд.
150-200 шиша мураббову бодиринги шӯр барои як оила
Назокат Сафароваи 48-сола, як сокини пойтахти Тоҷикистон ва соҳиби 4 фарзанди баркамол ҳамасола дар фасли арзонии мева ва сабзавот то 200 шиша консерва маҳкам мекунад. Вақте 23 август мо ба манзили хонум Сафарова омадем, вай машғули таҳияи консерваҳои бодиринги шӯр буд. Ҳарчанд хонум Сафарова дар як корхона ба ҳайси тамизкор ва шавҳараш дар сохтмоне кор мекунад.
Вале ба гуфтаи ӯ, даромади онҳо барои зиндагии “бепарвову беғам, бахусус дар фасли зимистон” имконият намедиҳад. Ба хотири пӯшиши камбудии як бахши рӯзғор ӯ ҳамеша барои зимистон консерва захира мекунад. Зимнан, бодирингро ӯ бо нархи то 2 сомонӣ харида мегӯяд, агар аз ин ҳам камтар мешуд, хурсанд буд:
"Ҳар сол ман 150-200 дона шиша оби мева, қайлаи помидор, хуришҳои мухталиф, мураббои гуногун ва бодирингу помидори шӯр консерва мекунам. Дар мағоза ҳам чунин консерва ҳаст, аммо нархаш хеле гарон ва истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аммо, ба назарам, маззаи консерваҳо аз маҳсулоти худамон беҳтар аст. Моҳҳои сарди зимистонӣ аҳли оилаам аз ин консерваҳо истифода мекунад".
Дар ин рӯзҳои тобистонӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ дар маҳаллоти шаҳри Душанбе метавон мушоҳида кард, ки хонумон ва бонувон бо насби дегҳои бузург машғули таҳияи консерва ҳастанд. Маҳсулот ва худи шишаҳоро аз бозор харидорӣ мекунанд. Бархе аз соҳибхонаҳо ҳамзамон мегӯянд, ки барои беҳбуди вазъи иқтисодии хонаводаҳои худ қисме аз консерваҳояшонро ба фурӯш мегузоранд.
Меъёрҳои беҳдорӣ ба ҳангоми таҳияи консерва
Аммо масъулони бозорҳои шаҳри Душанбе ва ҳам мутахассисони тиб мегӯянд, консерва ҳарчанд як бахши мушкили ғизоро ҳал мекунад, баробар бо ин як чизи хеле хатарнок ҳам ҳаст. Дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд ва пурхатар, дар дохили шишаи консервашуда таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.
Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд, як нафар ҷони худро аз даст дод ва 26 нафар кушта шуд. Истеъмоли консерваи заҳролуд метавонад инсонро ба бемории хатарноки мисли ботулизм гирифтор кунад. Табибон машварат медиҳанд, ба хотири амнияти худу аҳли оила аз истеъмоли консерва даст кашед ваё танҳо аз маҳсулоти амну барои худ ошно истеъмол кунед.
Баҳром Мирзоев, як фурӯшандаи зарфҳо ва маводи дигар барои консерваҳои ба истилоҳ “хонагӣ” дар бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе мегӯяд, муштариёни хеле зиёд, асосан бонувон ин шабу рӯз дар фикри таҳияи консерва мебошанд:
"Мисол, барои истеҳсоли як банкаи бодиринги шӯри хонагӣ то 7 сомонӣ маблағ харҷ мешавад. Хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки имкони харидории консерваҳои хориҷиро надоранд ва онро дар хонаи худ омода. Албатта, дар фасли тобистон, ки маҳсулоти тару тоза зиёд аст, талабот ба консерва камтар мешавад, аммо бо фарорасии фасли тирамоҳ ниёз ба консерваҳо зиёд мешавад".
Ин дар ҳолест, ки мушоҳида аз фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе ҳокист, ки консерваҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар онҳо аҳёнан ба фурӯш пешниҳод мешаванд. Рафҳои дӯконҳо пур аз маҳсулоти кишварҳои хориҷӣ шудааст.
Консерваҳои Тоҷикистон дар бозори беруна роҳ меҷӯянд
Сунбулбӣ Розиева, як масъули корхонаи давлатии “Хӯрокворӣ” 23 август дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ 35 корхонаи зертобеи ин муассиса, ки асосан дар вилояти Суғд воқеъ ҳастанд, мехоҳанд ҳудуди 16 миллион қуттии шартии маҳсулоти консервашуда, назири шарбатҳои себу зардолу, биҳӣ ва ангур, қайлаи помидору булғорӣ, бодиринги шӯр истеҳсол кунанд. Бештаре аз ин маҳсулот тибқи талаботи харидорон дар зарфҳои кӯчак тавлид мешаванд, ҳарчанд дар гузашта дар рафҳои дӯконҳо дар зарфҳои шишагии ду ё селитра дида мешуданд. Дар посух ба ин савол, ки чаро ин маҳсулот ҳоло дар фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон дида намешаванд, хонум Розиева чунин гуфт:
"Бештаре аз маҳсулоти корхонаҳои консервабарории Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Қазоқистон ва Русия содир мешавад. Мутассифона, талабот ба консерва дар дохили Тоҷикистон чандон зиёд нест ва корхонаҳо водор мешаванд маҳсулоти худро асосан ба хориҷ аз кишвар содирот кунанд. Зеро, дар бархе ҳолатҳо нархи маҳсулоти онҳо гаронтар аст.
Масалан, дар соли ҷорӣ як килограмм шафтолу то 8-10 сомонӣ аст ё нархи себ дар маҷмӯъ ҳудуди 5 сомонӣ мебошад. Зардолу ҳам имсол ҳарчанд ҳосили хуб дошт, аммо нархаш гарон буд. Сокинони Тоҷикистон ба маҳсулоти арзонтар ниёз доранд ва бештарашон дар хонаҳои худ машғули захираи консерва мешаванд. Шахсан, ман ҳам ҳамасола барои зимистон худам консерва мекунам".
Дар ҳамин ҳол ахиран раҳбарияти корхонаи давлатии “Хӯрокворӣ” баъд аз ширкат дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳри Сочии Русия баргашт. Ба гуфтаи онҳо маҳсулоти консервашудаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ серхаридор буд, зеро ҳатто шаҳрвандони Русия медонанд, ки афшураҳои мо аз меваи экологӣ тоза тавлид мешавад. Ба ин далел ҳамаи консерваҳои ба намоишгоҳ бурдаи мо дар тӯли ду рӯз ба фурӯш рафтанд.