Бар асоси қонуни нави афв аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонӣ, шаш сол кам карда шудааст. Ёров моҳи сентябри соли 2017 бо иттиҳоми сохтакорӣ, тақаллуб ва таҳқири президент ба 28 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ӯ ва тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи 26-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ татбиқи қонуни афв нисбат ба Бузургмеҳр Ёровро тасдиқ кард. Ӯ гуфт: "Бар асоси қонуни афв шаш сол аз ҳукми Бузургмеҳр Ёров кам шудааст."
Дар Додситонии кулли Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ шомили қонуни афв шудани Бузургмеҳр Ёровро тасдиқ карданд.
Масъулони шуъбаи назорати қонунгузорӣ дар муассисаҳои ислоҳии Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба ҷуз аз Бузургмеҳр Ёров ҳамкори дигари зиндонии ӯ Нуриддин Маҳкамов ҳам шомили қонуни афв шудааст. Як манбаъ гуфт, аз ҳукми Нуриддин Маҳкамов 4 солу 3 моҳ кам карда шудааст. Ӯро ба 21 соли зиндон маҳкум карда буданд.
Наздикони Бузургмеҳр Ёров гуфтанд, ки дар ин бора ҳеч хабар надоранд.
Моҳи октябри имсол Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки вакили мудофеи зиндонӣ пешниҳоди афвро напазируфтааст ва ба бегуноҳии худ бовар дорад.
"Бино ба маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, чанд дафъа кӯшиш кардаанд, дар телевизион баромад кунад. Ҳатто аризаи тайёрро ба номи Эмомалӣ Раҳмон овардаанд, "имзо кунад ва афв хоҳад шуд". Бузургмеҳр Ёров розӣ нашуд. Ёров аз аввал то охир дар як ақида аст, ки бегуноҳ ҳастам ва бояд озод шавам," -- гуфт Ҷамшед Ёров.
Бузургмеҳр Ёров соли 2017 ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла гуруҳи Созмони Милали Муттаҳид борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро озод кунанд.
Мақомот пайваста гуфтаанд, ки Ёров барои нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва парвандаи ӯ ҳеч ангезаи сиёсӣ надорад.
Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, баъд аз омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дастгир шуд. Ӯ 48-сола ва раиси пешини созмони адвокатҳои "Сипар" буд, ки ҳамеша ба парвандаҳои ҳассос даст мезад.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, қазияи Ёров яке аз намунаҳои барҷастаи фишор болои ҳуқуқшиносони мустақил дар Тоҷикистон аст, ки барои талоши иҷрои фаъолияти худ ва ҳимоят аз ҳуқуқи афроди нохушоянд аз назари сиёсӣ осеб дидаанд.