Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулл: "Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Муҳаммадалӣ Ҳаит озод намешаванд"


Муҳаммадалӣ Ҳаит ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудааст
Муҳаммадалӣ Ҳаит ба ҳукми зиндони абад маҳкум шудааст

Бино ба иттилои мақомоти тоҷик, маҳбусони, ба гуфтаи мухолифин - сиёсии тоҷик, аз зиндон озод нахоҳанд шуд.

Додситони кул ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи ин, ки оё парвандаи Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва дигарон, тавре созмонҳои байналмилалӣ тақозо мекунанд, бозбинӣ мешавад?-гуфт ин афрод "ҷинояти махсусан вазнин содир кардаанд ва тибқи қонунгузорӣ, бояд муҷозот шаванд".

Юсуф Раҳмон гуфт, дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳам дар қатори беш аз 100 суол ба мақомоти тоҷик дар бораи ин афрод ҳам суол карданд ва посухи дақиқ ҳам гирифтаанд. Вай гуфт, "суолҳо дар бораи Ёров, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Зайд Саидов буд ва аъзоёни кумита посухҳои дақиқ гирифтанд, ки ин афрод наметавонанд озод шаванд, чун ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва дар доираи муҷозоти пешбиникардаи қонуни Тоҷикистон бояд ҷавоб гӯянд. На бар асоси қадом қонунҳои дигар".

Зайд Саидов ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст
Зайд Саидов ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст

Вай гуфт, фазои ҳуқуқи муайян кардааст, ки дар кадом ҳудуде ҷиноят содир мешавад, тибқи қонунҳони он муҷозот пешбинӣ мегардад.

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 2-3-уми июл дар шаҳри Женева дар ҳузури аъзои Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар бораи чораҳои андешидааш барои риояти ҳуқуқи маданиву иҷтимоии мардум дар кишвар гузориш дод. Дар ин муколама аъзои кумита гуфтанд, ки гузоришҳои зиёде дар бораи беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон табъиз, нобаробарӣ ва беадолативу шиканҷаи маҳбусону мухолифони давлат гирифтаанд ва мехоҳанд, намояндагони Тоҷикистон ин гузоришҳоро шарҳ бидиҳанд.

Зимни сӯҳбат дар бораи Зайд Саидов, вазири собиқи саноат додситони кул дар Женева гуфт, додгоҳ ҳамаи гуноҳҳои ӯ, аз ҷумла, дуздии пули давлат, таҷовуз ба номус ва тақаллубкорӣ собит кард ва барои ҳамин ба зиндон маҳкум кард. Ӯ гуфт, бо назардошти ҳамин, онҳо дархости Кумитаи ҳуқуқи башар барои беэътибор кардани ҳукми Зайд Саидовро иҷро карда наметавонанд. Зайд Саидов соли 2013, баъди эълон дар бораи таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" боздошт шуд. Ӯро ҳангоми бозгашт аз Фаронса рӯзи 19-уми май дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дастгир карданд.

Дар бораи зиндонӣ шудани вакили дифои аъзои раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ, Бузургмеҳр Ёров ва чанд вакили дифои дигар, мақомоти расмии Тоҷикистон дар посух ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфтаанд, ки онҳо “барои ҷиноят ба зиндон маҳкум шуданд”, на барои фаъолият ва ё ҳимоят аз аъзои ҳизби мамнӯъшуда.

Додситони кулли Тоҷикистон парвандаи Маҳмадалии Ҳайит, узви раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро ҳам шарҳ дод ва гуфт, ки гуноҳҳои ӯ дар додгоҳ собит шуд ва ӯ қонунӣ ҷазо гирифтааст.

Бузургмеҳр Ёров ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст
Бузургмеҳр Ёров ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст

XS
SM
MD
LG