Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санавбар Абдуллоева мегӯяд, ҳамсараш боздошт шудааст


Санавбар Абдуллоева
Санавбар Абдуллоева

Санавбар Абдуллоева, ки бо баҳси шадид дар робита бо бозори "Ином" машҳур гаштааст, мегӯяд, ҳамсараш Бурҳон Абдуллоев, ки раиси ширкати "Ином" аст, боздошт шудааст.

Санавбар Абдуллоева, ки худро соҳибмулки бозори "Ином" дар ноҳияи Шаҳритус медонад ва бар ин аст, ки мақомоти адлия дар тақсими ин моликият ба ноҳаққӣ роҳ додаанд, мегӯяд, субҳи рӯзи 19-уми декабр ҳамроҳ бо шавҳараш, раиси ширкати “Ином” -- Бурҳон Абдуллоев ва ҳамроҳи вакили мудофеъ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба шаҳри Душанбе омаданд, аммо вақте ки Бурҳон Абдуллоев ним соат пештар аз онҳо аз бинои Додгоҳ берун шуд, нопадид гашт. Бенишон шудани Абдуллоевро ҳамчунин вакили дифои онҳо Бузургмеҳр Ёров низ тасдиқ кард.

“Мо ҳарчанд ба телефонаш занг задем телефонаш хомуш буд ҳарчанд мунтазир шудем, шояд куҷое даромада бошад, пайдо нашуд,” мегуяд Санавбар Абдуллоева.

Вай афзуд ки дар айни ин ҷустуҷӯҳо писараш Ином Абдуллоев аз ноҳияи Шаҳритус занг зада, гуфтааст, ки аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия барояш хабар додаанд, ки падарашро ҷустуҷу накунад вай дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аст.

Сардори ин раёсат Толиб Назаров боздошти Бурҳон Абдуллоевро тасдиқ кард. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, Бурҳон Абдуллоев дар ҳақиқат боздошт шуд ва феълан дар Шуъбаи корҳои дохилӣ аз тарафи муфаттиши додситонӣ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст.

Санавбар Абдуллоева рӯзи панҷшанбеи 4 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бори дигар дар масъалаи ҳаққи моликият ба бозори "Ином" ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардааст ва дар сурати расидагӣ нашудан, ин баҳсро ба барномаи “Пуст говорят” - и Шабакаи аввали телевизиони Русия – “ОРТ” хоҳад кашонд.

Қосим Қосимов , вакили дифоъи Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “тақсимоти бозор тавассути ҳайати кумиссиюни тақсимоти бозор бо ширкати иҷрочиёни додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ва дар чаҳорчӯби ҳалномаи Додгоҳии олии иқтисодии Тоҷикистон аз 14 майи соли ҷорӣ байни соҳибкорон Холназар Достиев ва Бурҳон Абдуллоев ҷараён дорад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, алакай “мошинбозор” ва “молбозор” аз сӯи ин комиссиюн ба ҳар ду соҳибкор тақсим карда шуд ва ҳоло тақсимот дар бозори умумии “Ином” ҷараён дорад. Ҷаноби Қосимов, ки ба унвони намояндаи тарафи Холназар Достиев дар ин тақсимот ширкат дорад, мегӯяд, ин тақсимот ба фаъолияти соҳибкорон халале намерасонад ва соҳибкорон низ роҳат пайи кори худ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG