Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуздии миллионҳо сомонӣ дар Вазорати дифоъро таҳқиқ мекунанд. ВИДЕО


Раҳбарони ниҳоди мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон хабари дуздиву аз худ кардани миллионҳо доллар аз вазорати дифоъро тасдиқ карданд.

Пулеро, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва дигар ҳадафҳои барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, ба гуфтаи мақомот, бо мусоидати чанде аз раҳбарон ба ҷайби дигар кас рафтааст.

Сухан дар бораи пули андак не, 24 миллион сомонӣ ва ё бештар аз 2 миллион доллари амрикоӣ меравад. Ин пули калонро аз буҷаи давлат барои ғизо ва либосу сафарҳои хидматии сарбозону афсарон ва таъмири қисмҳои фарсудаи ҳарбӣ ба вазорат додаанд, вале он барои ҳадафҳои дигар сарф шудааст.

Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонси зидди фасод гуфт, феълан қисме аз ин маблағро ошкор кардааанд. “Дар ҳақиқат аз тарафи Агентии мубориза бо коррупсия дар зерсохторҳои вазорати мудофиа санҷиши молиявӣ идома дорад ва 19 миллион сомонӣ маблағҳои азхудкарда ошкор кардаанд.”

Миллионҳо сомонии вазорати дифоъро дуздидаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00

Ба қавли Насриддин Низомзода дар робита ба дуздиву истифодаи ғайриҳадафмандонаи пули давлат ба зидди сардори раёсати молия ва буҷа вазорати мудофиа ва чанд мақоми дигари ин ниҳод парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ мегӯянд, ки дар умум 7 корманди вазорат ба “Аз худ кардани пули давлат ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” муттаҳам мешаванд.

Ҳоло дақиқ нест, ин пул ба куҷо ва ё ҷайби кӣ рафтааст, вале бар тибқи гуфтаи манобеи огоҳ, ин маблағи бузург ба воситаи як ширкати сохтмонии тобеи вазорати дифоъ нодуруст ва барои ҳадафҳои дигар харҷ шудааст. Насриддин Низомзода ба хабарнигорон ваъда дод, ки баъди анҷоми тафтишот ҷузъиёти онро эълон мекунанд.

Ба гуфтаи як манбаи Озодӣ, ки аз қазия огоҳ аст, барои муайян намудани ҳаҷми зарари ворида ба буҷаи давлат ҳоло санҷиши молиявӣ аз ҷониби Вазорати молия, Палатаи ҳисоб гузаронида мешавад.

Сӯистифодаи пуле, ки барои сарбозону афсарон ва муҳофизати марзу буми кишвар ҷудо шудааст, дар ҳолест, ки сарбозони навҷавони тоҷик аз таъмини номуносиб дар қисмҳои низомӣ шикоят мекунанд Як сабаби сарпечӣ аз хидмат дар сафи артишро низ ҳамин шароити номуносиби хидмат медонанд. Яке мегӯяд, мӯзаи дуруст надорад ва дигарӣ бо пули падару модар либоси зимистонаи низомӣ мехарад. Баъзе аз волидайн сари ҳар чанд вақт барои бачаҳои худ ба воҳидҳои низомӣ хӯрок мебаранд. Шикоятҳо аз “облава” ё бо роҳи зӯр бурдани бачаҳо аз хонаву хиёбон ва ҳатто Донишгоҳҳо ҳам кам нест.

Аз худ кардани миллионҳо сомонии буҷа аз тарафи кормандони вазорати дифоъ аломати дигаре аз зуҳуроти вайронгари фасоду ришвахорӣ дар Тоҷикистон аст. Созмони Шаффофияти Байнулмилал моҳи январи имсол бо нашри гузориши Шохиси дарки фасод Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар дар ҷойгоҳи 162-ум қарор дод, ки яке аз зинаҳои поинтарин ба шумор меравад.

Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон низ ахиран дар як таҳқиқи худ сатҳи фасод дар бахшҳои маориф ва тандурустиро нигаронкунанда унвон карда буд. Дар нишасти хабарии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфта шуд, ки таҳлили вазъи фасодкорӣ дар чанд ниҳодҳои давлатӣ дар соли ҷорӣ баргузор карда мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG