Даромади нокофӣ ва нархи баланди молу маҳсулот аз мушкилоти аслии аксар хонаводаҳо аст. Сокинон бештар аз он шикоят мекунанд, ки ҳаҷми даромади пулияшон кам аст ва барои пешбурдӣ зиндагӣ намерасад.
Вале бархе аз коршиносон як сабаби ин мушкилро тақсим ва истифодаи нодурусти пул медонанд. Ба бовари онҳо тарҳрезӣ ва танзими харҷи буҷаи оила дар аксар хонаводаҳо сарфи назар мешавад.
Маблағе, ки ҳар моҳ хонаводаи Акбар Ёқубов харҷ мекунад, аз даромади молии ин оила бештар будааст. Акбар Ёқубов сокини шаҳри Душанбе дар замини назди ҳавлияш обчакорӣ мекунад. Яке аз фарзандонаш фаррош аст ва ин хонавода дар умум моҳе 1500 сомонӣ даромад дорад.
“Дар шароити ҳозира маошҳо ба хароҷот мувофиқат намекунад. Ба хотире ки маҳсулот ҳам қимат шудагӣ. Хурок, пули барқ, пули об ин ҳама гарон аст ва пардохт кардан лозим. Якуним ҳазор ҳам, ки бошад ин чизҳоро пушонида намешавад”- гуфт, Акбар Ёқубов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ.
Дар ин оилаи иборат аз 5 нафар, харҷу дахли молии хонавода на ҳамеша ҳисоб мешудааст: "Акнун ҷое мешавад ҳисобу китоб мекунем, ягон чизамонро мегирем, ҷоеш мешавад он қадар диққат намедиҳем, ки чӣ қадар харҷ мешавад”- афзуд, мусоҳиби мо.
Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки мисли Акбар Ёқубов дар Тоҷикистон аксари сокинон на ҳамеша дахлу харҷашонро аз қабл тарҳрезӣ мекунанд. Дар ҳоле ки ба назари онҳо, новобаста аз ҳаҷми даромад, чунин амал барои ҳар хонавода муҳим аст.
Шӯҳрат Латифов, коршиноси масоили иҷтимоӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дониши молии хонаводаҳо паст аст, бинобар ин наметавонанд харҷу даромади худро дуруст зери назорат гиранд.
“Ҳоло хушбахтона мо таҳлил карда баромадем, ки маоши миёна дар худи Душанбе ё марказҳои Хуҷанд ё Бохтар дар бахши хусусӣ аз ду то се ҳазор сомонӣ аст. Агар, фарз кардем дар як оила се нафар кор кунад ба ҳисоби миёна 6 ҳазор сомонӣ маош мегирад. Лекин ҳамин маблағҳо афсус дар оила дуруст идора карда намешаванд, сатҳи некӯаҳолии оиларо баланд бародошта наметавонад”-шарҳ дод, Шӯҳрат Латифов.
Ӯ, ки дар самти идораи буҷети хонаводагӣ солҳо кор карда, омӯзишҳое низ анҷом додааст, мегӯяд, омӯзиши донишҳои молиявӣ бояд аз мактаби миёна оғоз шавад.
Аз сӯи дигар, ба қавли Латифов, сокинон барои ҳисобу китоби дурусти харҷи хонаводагӣ метавонанд аз барномаҳои махсуси мобилӣ низ истифода баранд:
“Дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо шахсоне, ки дар баҳсу муҳокимаҳо ҳастанд, ман барномаҳои махсуси мобилӣ барои идоракунии хароҷоти оилавӣ паҳн мекунам. Шахсоне, ки инро истифода мебаранд, мегӯянд, ки сатҳи молиявии оилаашон хеле баланд шудааст”.
Як пурсиши Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки назари сокинон дар бораи дахлу харҷӣ пули хонавода ва шеваи ҳисобу китоби он гуногун аст.
Яке аз ҳамсӯҳбатони мо гуфт, аз сабаби он ки дар хонавода харҷашон аз даромад бештар аст, гоҳе аз дигарон қарз гирифта, рӯзгорро пеш мебаранд ва ба сахтӣ қарзро бармегардонад. Бархе мегӯянд, аслан харҷи дақиқи пул дар хонаводаҳояшонро ҳисоб накараанд ва намедонанд, ки чӣ миқдор аст.
Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, бидуни тарҳрезиву ҳисобу китоби даромади якмоҳаи оила, зиндагияашон мушкил хоҳад буд.
“Дар шаҳр агар инро ҳисобу китоб накунӣ, зиндагӣ карда наметавонӣ. Дар 3 ё 5 рӯз маошро мехурӣ баъд 20-25 рӯзи дигар зиндагӣ кардан лозим, барои ҳамин бар асоси даромадҳо бояд нақша гирем, ки чиро аввал харем, чӣ кор кунем”- афзуд, яке аз роҳгузарони дигар.
Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал 600 сомонӣ ва маоши миёна ба ҳолати моҳи декабри соли гузашта беш аз 1700 сомонӣ, муодили каме бештар аз 170 доллари амрикоист.
Оҷонси омор соли гузашта эълон карда буд, ки маоши аз ҳама камтаринро кормандони соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал ва моши баландтаринро кормандони бахши молияву бонкдорӣ мегиранд.
Дар Тоҷикистон аз якуми июли имсол маоши кормандони буҷавӣ бист дарсад афзуд. Афзоиши маош дар ҳоле сурат мегирад, ки сокинон пайваста аз болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввал шикоят мекунанд.
Гуфтугӯ