Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар Турсунзода мегузарад


Бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон 11-уми май дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои лигаи олӣ - "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони кишвар ва "Равшан"-и Кӯлоб, барандаи Ҷоми миллӣ - доир мегардад.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва «Равшан» бори чаҳорум бо ҳам барои Суперҷоми Тоҷикистон мубориза хоҳанд бурд. Дар ду бозии пешин (солҳои 2014 ва 2021) душанбегиҳо ва як бор (2023) кӯлобиҳо пирӯз шудаанд.

Соли гузашта дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, “Равшан” “Истиқлол”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд. Голро Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-уми бозӣ ба самар расонд.

Суперҷоми Тоҷикистон аз соли 2010 бори понздаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ ҳафт даста барои Ҷоми олӣ талош карда, се даста муваффақ шудааст.

"Истиқлол", ки дар ин бозиҳо 13 маротиба ширкат варзидааст, ёздаҳ бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст. “Равшан”-и Кӯлоб ду бор (2013, 2023) ва “Ҳосилот”-и Фархор як маротиба (2017) Суперҷомро ба даст овардаанд.

Натиҷаҳои бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2023):

2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Пеналти – 4:3

2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017. "Истиқлол" (Душанбе) – Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:0

2022 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2023 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 0:1

2024 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - ?

XS
SM
MD
LG