Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти яке аз ҳамлагарони эҳтимолӣ ба рӯзноманигори мухолифи қазоқ


Додситонии кулли Қазоқистон хабар дод, ки Алтай Жаканбоев, яке аз гумонбарон дар сӯиқасд ба ҷони фаъоли мухолиф Айдос Содиқовро боздошт кардааст.

Алтай Жаканбоев гӯё худаш ба идораи пулис ҳозир шудааст ва ӯро баъди бозпурсӣ дастгир кардаанд. Гумонбари дувум Майрам Каратаев то ҳол ҷустуҷӯ мешавад.

Додситонии кулли Украина 20 июн хабар дода буд, ки зидди ду шаҳрванди Қазоқистон Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола бо гумони ҳамла ба Содиқов тафтишотро оғоз кардааст.

Ба иттилои мақомоти Украина, ҳамлагарон 2 июн вориди шаҳри Киеви Украина шуда, барои иҷрои нақшаи худ мошини "Opel Vectra"-ро ба иҷора гирифтаанд.

Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG