Масъулони Кумитаи тафтишотӣ гуфтанд, баъди “суҳбат” қариб 100 кас барои рафтан ба хидмати қарордодӣ изҳори омодагӣ карданд. Маълум нест, ризоияти онҳо таҳти чӣ шароит ба даст омадааст. Пештар баъзе аз муҳоҷирон шикоят доштанд, ки онҳоро барои рафтан ба артиш ва ширкат дар ҷанги Русия дар Украина маҷбур мекунанд.
“Як нафаре, ки шаҳрвандии Русияро соҳиб шуда буд, нахост худро дар комиссариати ҳарбӣ номнавис кунад. Барои маҳрум кардани ӯ аз шаҳрвандии Русия чораҳои зарурӣ гирифта шуд,” – омадааст дар баёнияи Кумитаи тафтишоти Русия.
Ташкили чунин амалиёту тафтишҳо дар макони зисту коргоҳи муҳоҷирон дар тамоми минтақаҳои Русия як кори маъмулӣ шудааст. 16-уми сентябр дар натиҷаи як чунин санҷиши калон дар бозорҳои Красноярск 520 хориҷӣ боздошт ва дар ниҳоят 92 нафар барои рафтан ба комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифтанд.
Аз моҳи август дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар асоси он ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ин кишварро дорад, бояд ҳатман худро дар комиссариати ҳарбӣ номнавис кунад, вагарна аз шиносномаи русӣ маҳрум хоҳад шуд.