Мусобиқаи бидибилдинг ё бадансозӣ 24 май дар бинои “Вефа Сентр” дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин мусобиқа беш аз 30 варзишгар дар ҳафт вазн аз тамоми ҷумҳурӣ миёни ҳам сабқат карданд. Дар намоиши мушакҳои дасту қафаси сина ва пойҳо Хуршед Толибов бо аксари раъйи доварон дар вазни 75 кило ғолиби мутлақи ҷумҳурӣ дониста шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи бодибилдинг аз соли 2011 барпо мегардад. Ду соли охир дар ин мусобиқот Хуршед Толибов қаҳрамони мутлақи бодибилдинг дар Тоҷикистон эътироф мешавад. Ин мусобиқаро Федератсияи поэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнес бо дастгирии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон баргузор кард.