Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: Аз толори бодибилдинг то майдони футбол


Дар барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи натоиҷи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ иттилоъ медиҳем. Сипас Толеъ Холназаров, раиси Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги кишвар, дар бораи таърих ва рушди ин навъи варзиш дар ҷаҳон ва Тоҷикистон нақл мекунад.

Барои дуввумин бор дар Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар риштаи бодибилдинг ё бадансозӣ баргузор шуд.
Дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон ва бо ҳимояти Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ва Ширкати мухобиротии «Tcell» дар шаҳри Душанбе дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон зери шиори «Ҷавонон - алайҳи маводи мухаддир» сурат гирифт, наздики 50 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Дар рақобатҳо аз рӯи дараҷаи вазнҳо варзишгарони Душанбе Манучеҳр Нодирхонов, Фирдавс Дӯстов, Исмоил Қодиров, Фирӯз Давлатов, Сӯҳроб Солеҳов, Азиз Азизов ва Тоҷиддин Табаров ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Ба гуфтаи Толеъ Холназаров, раиси Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги кишвар, Азиз Азизов ғолиби мутлақи ин мусобиқа, шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бодибилдинги Осиё, ки аз 1-ум то 3-юми август дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, ҳимоя хоҳад кард.

Инчунин дар ин барнома гузориши мо дар бораи мулоқоти хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистону Покистон, ки ин ҳафта дар шаҳри Душанбе дар Кумитаи миллии олимпии кишвар доир шуд, пахш мешавад.

Дар охири барнома мухлисони футболи тоҷикро бо натоиҷи бозиҳои сабқати Лигаи олии Тоҷикистон ошно мекунем.

Дар ин барнома, ҳамчунин, хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш шудааст:

Ин ҳафта шикаткунандагони дави марафонии байналмилалии «Машъали дӯстӣ» ба шаҳри Душанбе расиданд. Онҳо ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гул гузоштанд. Марафони байналмилалӣ, ки ду моҳ пеш дар пойтахти Чин - шаҳри Пекин оғоз ёфта буд, дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав ба анҷом мерасад. Марафони имсола ба ҷашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Гурӯҳи ширкаткунандагони марафон пас аз Душанбе ба шаҳри Турсунзода давиданд ва аз он ҷо озими Узбакистон шуданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҳандболи Тоҷикистон байни тимҳои мардона бо пирӯзии дастаи аввали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хотима ёфт. Тими «Бадахшон-2» мақоми дуввумро касб кард. Дастаи мизбон – вилояти Суғд дар ҷои севум қарор гирифт. Бозигарони беҳтарини ин мусобиқа дар ҳайати дастаи мунтахаби ҳандболи Тоҷикистон ба Бозиҳои исломӣ дар Эрон ва Бозиҳои Осиёӣ дар Чин омодагӣ мебинанд.

Давраи аввали мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ба анҷом расид. Тими футболи Донишгоҳи славянии русияву Тоҷикистон бо 34 имтиёз байни 14 даста пешсафи ягона аст. Дастаҳои «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ ва «Шодмон»-и Ҳисор, бо 28-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуввуму севум қарор доранд. Давраи дуввуми сабқати Лигаи аввали футболи Тоҷикистон нимаи моҳи сентябр шурӯъ хоҳад шуд.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG