Ҳаминак чанд рӯзест, ки поям шикаставу бемори бистариям ва чун дигар ҳамватанони дардмандам дар торикии шабҳои тор рӯзро интизорам. Ман-ку бо хости Худо маъюби муваққатиям ва иншооллоҳ, ки умедворам, рӯзҳои наздик дигар бо пои худ роҳгард мешавам, вале садҳо аҳсану ҳазорон офарин бар ун бечорагоне мегӯям, ки умрбод дарди бепоиву нобиноӣ ва ё азияти дигари бадан мебинанд.
Ҳамон гуна Худованд рӯзаро барои санҷиши инсон офарид, то серон дар ғами гуруснагон бошанд, фикр мекунам, дардро ҳам Аллоҳи Маннон ҳикматашро ҳамин карда, ки ба доди дардмандон расем. Шукри дардаш! Ба ҳар ҳол, аз соате ки дардманд гаштаам, худро дигар на мисли дигарон барои чанд лаҳза ҷои маъюбе тасаввур мекунам, ки воқеан ҳам дар сафи маьюбонам!
Маьюб ҳамагӣ коре ки дорад, шуғлест ки асабашро пойбанд карда бошад. Китоб, радио, ТВ, роёна ва ё телефон аз муҳимтарин машғулиятҳоеянд ки дар асри 21 мардум истифода мебаранд, ба вижа маъюбону нотавонон. Вале ин ҳама барои маъюбони хориҷист, на маъюбони тоҷик! Чун тоҷик алакай гирифтори бебарқист ва лимити бемантиқи барқ дар шурӯи фасли поиз дилхоҳ нафарро аз давлату ҳукумат дилсард мекунад, куҷо расад ба маьюбе ки аслан аз зиндагӣ умеди накӯе надорад!
Дар чанд рӯзе ки дард азияти бехобиям медиҳад, шабҳо дар назарам ба як умр шабеҳ гаштаанд ва ҳич наметавонам тасаввур кунам, ки одамизод умре дар маьюбӣ чӣ гуна ба сар мебарад. Имрӯз чун дар асри 21-ем ва табартақсими барқ миёни миллат дар ягон қолаби инсонӣ намегунҷад. Соате ки маъюб дарду ранҷ мекашад, воқеан ҳам беқарор мегардад ва ҳаргиз наметавонад бекор шинад. Ҳадди ақал ҳамин телефони сабилмонда ҳам бояд олоте барои машғулияти ҳушу гӯши одам бошад-ку!
Вале ҳамоно барқ! Ҳамасола ширкати “Барқи Тоҷик” бо ҳазор роҳ тирамоҳро қариб ки ба охир мерасонд ва тоҷик ёд надошт, то ин хад беинсофиро, ки дар ҳавои тафсоне, ки аслан пирях як сӯ истад, "дед"-и яхҳо ҳам об мегардад, "сандуқи НоракГЭС"-и мо барои зимистон об захира карданист.
Ин ҳол воқеан ҳам ба даҳони тими Ислом Карим - душмани рақами яки Роғун - факт мегузорад! Чун ҳукумати Тоҷикистон бо ҳазор факту далел мегӯяд, ки "Роғун обро фурӯ намебарад", аммо раиси нави ширкати “Барқи Тоҷик” об захира мекунад!!!
Мантиқ ку?! Дар асри 21 дар ҳоле ки кулли кишварҳо ба авҷи рушду нумӯь расидаанду анқариб (маъзурам доред!!!) дар таҳпӯшҳояшон ҳам лампаи ранга мегузоранд, тоҷике ки бешумор ГЭС-ҳоро дорост, наметавонад ҳадди ақал дар тирамоҳ хонаи худро рӯшан созад!
Ин ҳам дар ҳоле, ки тими сиёсии Гурӯҳи 24 ошкоро муздуронро дар Маскав тавассути Ютюб ва Зелло ба инқилоб даьват мекунад. Аз мо як ҳушдор буд, ки гуфтем, дигар ҳукумат медонаду мансабдорони 60-солаи коммунистшуури демократаш! Хоҳиш фақат ҳамин: ақаллан мардуми маъюбро ба рӯшноӣ таъмин созед, то ҷои хобашонро ёбанд!
Шарифхони Тағоймурод, ноҳияи Мӯъминобод