Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” рӯзи 30 сентябр эълон кард, ки ба ҷуз аз пойтахт ва марказҳои вилоятҳову ноҳияҳо, дар боқӣ минтақаҳои Тоҷикистон аз 1 октябр расман маҳдудият дар тақсими нирӯи барқ ҷорӣ мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин маҳдудият ба пойтахт ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва навоҳии кишвар дахл надорад ва ин нуқтаҳои аҳолинишин бидуни мамониат дар моҳи октябр ҳам барқ хоҳанд гирифт.
Чанд соатро дар бар гирифтани ин лимит ҳанӯз эълон нашудааст, вале гуфта мешавад, ки дар ҳоли кунунӣ лимити барқ “қисман” ҷорӣ мешавад. Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, лимити барқ, тавре ҳам ки дар соли гузашта таҷриба карда буданд, на бо соат, балки бо киловатт-соат ҳисоб хоҳанд кард.
Бо онки лимити барқ расман аз 1 октябр ҷорӣ мешавад, дар "Барқи Тоҷик" эътироф мекунанд, ки дар бархе ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ, чанд рӯз боз нирӯи барқро аз соати 23 то панҷи субҳ хомӯш мекунанд. Мақомоти ин ширкат мегӯянд, як ҳадаф аз ҷорӣ кардани лимит ҳифзи оби обанбори Норак - манбаи асосии тавлиди барқи Тоҷикистон - барои эҳтимоли сардиҳои шадид дар фасли сармост. 80 фоизи нирӯи барқи Тоҷикистон дар нирӯгоҳи Норак тавлид мешавад, вале маҷрои об ба обанбори он ҳоло 447 метри мукааб дар сония шудааст, дар ҳоле ки як сол пеш дар чунин давра 547 метри мукааб дар сония будааст. "Аз ин рӯ, лимит аз ҳоло ҷорӣ шуд, ки дар зимистон бебарқ намонад мардум," - мегӯянд дар "Барқи Тоҷик".
Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо ба тақрибан 3 миллиард киловатт-соат камбуди барқ дучор шуда, ба ин далел ҳар сол аз моҳи октябр дар манотиқи берун аз пойтахташ лимити барқ ҷорӣ мекунад. Ин лимит, ки маъмулан то поёни моҳи апрел давом мекунад, бахусус дар 3 моҳи фасли сармо ба авҷи худ мерасид. Дар ин фасли сол бисёре аз манотиқи Тоҷикистон дар шабонарӯз ҳадди аксар 5 соат ва бархе нуқоти кишвар ҳатто 2 ило 3 соат барқ мегиранд. Шикоёте ҳам зиёд ба даст мерасанд, ки бархе манотиқ, бахусус рустоҳои дурдаст чанд рӯзу ҳатто ҳафтаҳо бе барқ мемонанд.
Вазъи таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ танҳо дар вилояти Бадахшон, ки идораи умури танҳои нирӯгоҳи “Помир-1”-ашро аз “Барқи Тоҷик” ба як ширкати таҳти идораи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон супурдаанд, беҳтар ба назар мерасад. Мониторинги вазъи таъмини мардум бо нирӯи барқ, ки сомонаи интернетие бо номи “Барқ Нест” анҷом медиҳад, ҳокист, ки навоҳии вилояти Бадахшон ҳатто дар фасли зимистони гузашта дар шабонарӯз дастикам 18-19 соат барқ доштанд. Ин дар ҳолест ки манотиқи рустоӣ дар навоҳии ҳаммарз бо Бадахшон дар ҳамон шабу рӯз ҳадди аксар то 5 соат барқ мегирифтанд.
Бо вуҷуди то ҳадде бозсозӣ шудани шабакаҳои интиқоли барқу нирӯгоҳи Норак – манбаи асосии тавлиди барқи Тоҷикистон – ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани даҳҳо нирӯгоҳи хурду миёна ва ду нирӯгоҳи нисбатан бузурги Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, ки яке бо пули Русияву дувумӣ бо сармояи Эрон сохта шуд, ва ҳам бунёди маркази дуюми гармидиҳии Душанбе аз чӯи Чин лимити барқ дар Тоҷикистон дар соли гузашта як каме сабуктар шуд,аммо аз байн нарафт.
Мақомоти Душанбе мегӯянд, танҳо роҳи раҳоии кишвар аз чанголи бебарқӣ сохтани нирӯгоҳи Роғун аст, ки барои бунёди обанбор бо сарбанди баландиаш 335 метру ба кор даровардани ду чархаи аввали Роғун дастикам 600 миллион доллар ва барои пурра сохтани ин нирӯгоҳи иқтидори тавлидотии нақшавиаш – тавлиди 13 миллиард киловатт нирӯи барқ дар сол - на камтар аз 2 миллиард доллар сармоя лозим аст. Бонки ҷаҳонӣ, ки масъулияти ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғунро бар ӯҳда дошт, дар аввали моҳи сентябр хулосааш дар бораи ин тарҳро нашр кард ва сохтани Роғунро ба сурати умум барои муҳити атроф безарар ва барои ҳалли мушкилоти энержии Тоҷикистон хеле муҳим номид.
Аммо акнун масъала ин аст, ки оё Душанбе барои сохтани ин нирӯгоҳ аз куҷо 2 миллиард доллар хоҳад ёфт? Ба хусус дар шароите ки бо вуҷуди хулосаи мусбати арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, Узбакистон – мухолифи аслии сохтани Роғун, ҳамчунон исрор меварзад, ки тарҳи ин нирӯгоҳро ба ҳеҷ сурат намепазирад.