Қарор аст, садҳо ҳазор нафари дигар аз дохили Саудӣ ба онҳо бипайванданд.
Маросими имсолаи ҳаҷ рӯзи 14-уми июн оғоз мешавад. Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, теъдоди зоирон дар муқоиса ба соли 2023 бештар хоҳад буд. Соли гузашта зиёда аз 1 миллиону 800 ҳазор кас ба зиёрати Каъба рафта буданд.
Тақрибан 7 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ иҷозат доранд.
Мансабдорони тоҷик, аз ҷумла раисҷумҳур аз сокинон даъват мекунанд, ки пули сафари ҳаҷ, бавижа ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" ба мисли сохтани пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд.
Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.