Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Лукашенко бо силоҳу ҷавшан ба эътирозгарон вокуниш кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Баъд аз рафтани эътирозгарон, Лукашенко силоҳ ба даст ва ҷавшан ба тан пайдо шуд. ВИДЕО

Рӯзи 9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко беш аз 80 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот эътирозҳо дар саросари Беларус афзоиш ёфт. Норозиён истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи шаффофро талаб доранд.

Светлана Тихановская ба Литва рафтааст

Светлана Тихановская
Светлана Тихановская

Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Беларус ба Литва рафта ва сиҳату саломат будааст. Дар ин бора Линас Линкевичус, вазири умури хориҷии Литва рӯзи 11-уми август дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод. Ӯ баъдан ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, “ӯ ба Литва омад ва солим аст.”

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Дар тазоҳуроти шаби 10-уми август камаш 1 нафар ҳалок шудааст. Аъзои ситоди интихоботии Светлана Тихановская, баъди берун омадани ӯ аз Комиссияи марказии интихобот дигар ӯро надидаанд. Қаблан худаш гуфт, ки дар интихобот ӯ пирӯз шудааст, на Лукашенко.

Дар шаби дувуми эътирозҳо дар Минск чӣ гузашт, дар ин аксҳо бинед:

Пахши зиндаи барномаҳои "Настоящее Время" дар бораи ҳодисаҳои Беларус. Наворҳо аз Минск, таҳлил бо коршиносон ва суҳбатҳо бо мардум.

Дар Беларус ба корпартоии сартосарӣ даъват карданд

Коргарони корхонаи дастгоҳҳои барқии ба номи Козлов дар Беларус корпартоӣ карданд. Дар ин бора саҳифаи Nexta дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Пештар аз ин дар Белорус аз ҳамаи корхонаҳо даъват шуд, ки аз 11-уми август корпартоии бемуҳлат эълом кунанд.

Ҳадаф аз ин корпартоӣ - "эътирофи Светлана Тихановская ҳамчун президенти нав, озодии тамоми зиндониёни сиёсӣ, баргузории интихоботи нав" унвон шудааст.

"Ҳеч тағйироти сиёсиву иқтисодӣ дар ояндаи наздик дар нақша нест. Мо аз таҳаммули ҳамаи ин хаста шудем ва ба ҳамин хотир корпартоии умумимиллӣ эълом мекунем. Барои ин моро наметавонанд, боздошт кунанд", - чунин даъват дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, 10,09 дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Тихановская ва ҷонибдоронаш бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Дар тазоҳуроти шаби 10-уми август камаш 1 нафар ҳалок шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG