Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Лукашенко бо силоҳу ҷавшан ба эътирозгарон вокуниш кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

Баъд аз рафтани эътирозгарон, Лукашенко силоҳ ба даст ва ҷавшан ба тан пайдо шуд. ВИДЕО

Рӯзи 9 август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко беш аз 80 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, даҳ дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот эътирозҳо дар саросари Беларус афзоиш ёфт. Норозиён истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи шаффофро талаб доранд.

Баҳои коршиносони тоҷик ба интихоботи президентӣ дар Беларус

Интихоботи президентӣ дар Беларус аз камтарин маъракаҳои сиёсии солҳои охир буд, ки дар Тоҷикистон ҳам ба он таваҷҷуҳ карданд. Натиҷаҳои он ба баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ боис гашт ва ҳамчунин бархе аз сиёсатшиносон дар ин бора изҳори назар карданд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам. Гузоришро дар ин ҷо бинед:

Коршиносони тоҷик дар бораи интихоботи Беларус чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Номзади мухолифон аз тарафдоронаш хостааст, эътироз накунанд

Светлана Тихановская
Светлана Тихановская

Светлана Тихановская, номзади мухолифон ба мақоми президентӣ дар Беларус дар як муроҷиати видеоӣ аз ҷонибдоронаш хостааст, ба эътирозҳо поён бахшанд. Вай муроҷиатро аз рӯйи варақ хондааст. Маълум нест, онро кай ва дар куҷо сабт кардаанд, аммо онро аввал шуда як канали тарафдори ҳукумати Беларус дар Телеграм нашр кард.

Эътирозҳо дар Беларус идома дорад ва акнун ба метрои Минск "кӯчидааст". Видеои бахши беларусии Радиои Озодӣ:

Тазоҳурот дар шаҳрҳои гуногуни Беларус идома кард

Баъди тарки Беларус кардани номзад ба мақоми раиси ҷумҳур, дар ин кишвар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ рӯзи 11-уми август ҳам идома кард. Маъмурони амниятӣ низ саркӯби тазоҳургаронро сахттар карда ва барои фурӯ нишондани тазоҳурот аз гази ашковар, норинҷакҳои гиҷкунанда ва тирҳои резинӣ истифода бурданд.

Дар наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахши зинда аз маҳалли ҳодиса дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони амниятӣ дар шаҳри Минск одамонро боздошт карда мебаранд. Бино ба гузориши бахши беларусии Радиои Озодӣ, мақомот ба навъе дар Минск қуюди шабгардӣ эълон кардаанд ва одамонро дар кӯчаҳо дастгир мекунанд, мошинҳоро нигаҳ дошта, баъзе аз ронандагонро боздошт мекунанд.

Ҳаракати нақлиёти умумӣ ҳам камтар шудааст. Маъмурони пулиси мусаллаҳ бо калтакҳои резинӣ ба хабарнигорон низ ҳамла кардаанд. Тазоҳурот ва бархӯрд бо пулис дар дигар шаҳрҳои Беларус сурат гирифтааст.

Эътирозҳои оммавӣ баъд аз он сар зад, ки Кумиссиёни марказии интихобот гуфт, дар интихоботи рӯзи 9-уми август, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз шудааст. Рақиби аслии ӯ Светлана Тихановская баъди ин ба Литва рафт. Баъд аз интихобот то кунун бештар аз 5 000 нафарро дастгир кардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG