Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои пайдо кардани ҷасади Рӯзигул оби Варзобро бастанд


Ҷустуҷӯйи пайкари Рӯзигули 13-сола сабаби қатъи обрасонӣ ба бештари минтақаҳои Душанбе шуд, вале натиҷа надод. Ин дар ҳолест, ки духтарча моҳи ноябри соли гузашта ғарқ шуд ва наздиконаш борҳо аз мақомот хостанд, маҷрои канал ё наҳри Варзоб баста ва пайкари духтарча дарёфт шавад. Шаҳрдори Душанбе як рӯз пеш эълон кард, ки 25-уми июл аз соати 6 то 16 интиқоли об дар бештари минтақаҳои пойтахт қатъ мешавад, зеро канали Варзобро мебанданд.

Изатулло Қурбонзода аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар амалиёти ҷустуҷӯ беш аз 120 кормандони ин ниҳод ширкат кард, аммо ҷасадро пайдо кардан нашуд.

Видеоро инҷо бинед:

Ҷасади Рӯзигул ёфт нашуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Шодигул Мирзоева, модари Рӯзигул 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи ноябр ба ин сӯ борҳо барои муваққатан бастани маҷрои наҳр ба ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кардааст. Вай, ки бештар аз як сол дур аз духтараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт, баъди шунидани хабари ғарқ шудани вай ба Тоҷикистон омад ва тамоми ин муддат дар ҷустуҷӯйи ҷасади ягона духтараш буд.

Дар Тоҷикистон ҷасади ғарқшудагон умдатан дарёфт карда мешавад ва ёфт нагаштани онҳо ҳодисаи камшумор аст.

XS
SM
MD
LG