Бар асоси гузорише, ки бахши русии Радиои Озодӣ дар ҳамкорӣ бо нашрияи “Медуза” таҳия кардааст, ташаббус ва масъулияти ин тарҳ бар ӯҳдаи як дӯсти раиси ҷумҳур Владимир Путин аст. Аз онҷо ки Радиои Озодӣ ва “Медуза” дар Русия “созмони номатлуб” эълон шудаанд, соҳибназароне, ки дар бораи мавзӯъ бо Радиои Озодӣ гуфтугӯ карданд, нахостанд, ҳуввият ва номашон фош шавад.
Ҳудуди шаш моҳ пеш, раиси ҷумҳури Русия дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Маскав, ки бо шиори “Пешӣ гирифтан аз чолишҳои оянда” баргузор шуд, аз тарҳи миллии навине парда бардошт. Тарҳе, ки дар чаҳорчӯби он қарор аст, истифода аз фанновариҳои пешрафтаи нав барои ҳалли мушкилоти демографӣ ва афзоиши аҳолии Русия ташвиқ ва ҳимоят шавад. Коҳиши маргумири модарону кӯдакон, ривоҷ додани тарзи зиндагии солим ва беҳтар кардани шеваҳои муоинаву дармон дар шифохонаву хадамоти пизишкӣ аз роҳҳои муассири афзоиши аҳолӣ дар ҳар кишвар ба шумор меравад.
Вале дар заминаи дароз кардани умри инсон пешрафти чандоне дар илми имрӯз ҳосил нашудааст. Пажӯҳишгарон ва пизишкони рус дар пайи мутолиоти ҷузъиёти тарҳи миллии фанновариҳои навини ҳифзи саломатӣ дарёфтаанд, ки пешгирӣ аз пиршавӣ, таъмини умри тӯлонӣ заминаҳои аслист, ки мавриди ҳимояти давлат қарор гирифтааст.
Орзуи зимомдорони пиронсоли Русия?
Мақомоти Русия ба муассисаҳои таҳқиқотии таҳти назари вазорати тандурустӣ дастур додаанд, то дар бораи тамоми таҳқиқоти мавҷуд дар заминаи шиносоӣ ва коҳиши асароти шохисҳои ҳаётии давраи солмандӣ ва дарозтар кардани умр фавран гузориш бидиҳанд.
Як коршинос дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ ҳадафи ин тарҳро амалӣ кардани орзуву ормонҳои раҳбарони сиёсии солхӯрдаи Русия номидааст. Як соҳибназари дигар низ мегӯяд, аз тақозои кӯмак барои тӯлонӣ кардани умри ҳокимони пир ва дар замоне, ки онҳо ҳазорон ҷавонро ба коми марг фиристодаанд, моту мабҳут шудааст.
Пажӯҳишгарон бо ибрози бадбинӣ нисбат ба дастовардҳои муҳим дар ин таҳқиқот гуфтаанд, тарҳи миллии нав посухи мусбати раиси ҷумҳур Владимир Путин ба дархости яке аз дӯстони самимии ӯст. Чанд масъули ошно бо ин тарҳ дар Русия дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ ва нашрияи “Медуза” гуфтаанд, бар ин бовар ҳастанд, ки ин тарҳ бо лоббигарии Михаил Ковалчук роҳандозӣ шудааст. Ӯ ва бародараш Юрий, аз дӯстони қадимии Владимир Путин ҳастанд. Михаил Ковалчук ҳамроҳ бо Мария Воронтсева духтари бузурги Путин масъули як барномаи давлати Русия дар заминаи генетика аст.
"Раиси калон вазифадор кард”
Ӯ борҳо ва ошкоро гуфтааст, бовар дорад, ки Амрико ба қавли ӯ силоҳи биологии махсус барои нобуд кардани русҳо тавлид мекунад. Пештар рӯзномаи “Новая газета” ишораҳои Владимир Путин ба ин фарзияҳои беасосро пайгирӣ карда ва ба ин натиҷа расида буд, ки раиси ҷумҳури Русия таҳти таъсири сахти бародарон Ковалчукҳо мондааст.
Михаил Ковалчук, соли 2015 дар як баёнияе “элитаҳои хориҷӣ”-ро ба он муттаҳам кард, ки ҷараёни ташаккули табииро дасткорӣ карда мехоҳанд, “як инсони хидматгор” бисозанд.
Ба қавли ӯ, ин чунин инсон “дарки маҳдуд” хоҳад дошт, таваллуду маргашон ҳам мудирият мешавад. Ҳеч далеле ҳам барои исбот кардани ин иддаоҳояш наовард. Бо вуҷуди ин ҳама мусоҳибони Радиои Озодӣ ва “Медуза” гуфтаанд, ки “раиси калон вазифадор кард” ва мансабдорон ҳам саъй доранд, ки аз ҳар роҳе ба ҳадафҳои пешгузошта бирасанд.