Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари тоҷик мехоҳад, ҳукумат ҷасади духтарашро ёбад. ВИДЕО


Шодигул Мирзоева, модари Рӯзигул
Шодигул Мирзоева, модари Рӯзигул

Як сокини ноҳияи Варзоб наздик ба як моҳ боз интизори пайдо кардани ҷасади духтари ғарқшудааш аст.

Шодигул Мирзоева, модари Рӯзигули 13 сола мегӯяд, ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар канал ё наҳри Варзоб, ки аз ҳудуди Душанбе мегузарад, ғарқ шудааст.

Ба нақли ӯ, он рӯз Рӯзигул тахминан соатҳои 10-и рӯз ҳамроҳи дугонаҳояш ҳезумчинӣ меравад ва ҳангоми об нушидан аз лаби наҳр ба дохили он меафтад.

Модараш талаб дорад, ки барои пайдо намудани духтараш оби наҳр муваққатан қатъ карда шавад. Бо вуҷуди муроҷиаташ ба чанд идораи давлатӣ ин хостааш иҷро нашудааст.

"Аз президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Рустами Эмомалӣ хоҳиш мекунам, ки обро сатҳашро паст кунанд, духтарчаамро ёбам, ба хок супорам. Мисол, ки умедам канда шавад. Ҳозир надидам, боварам намеояд, хиёлам, ки куҷое рафтааст, хиёл мекунам, ҳозир аз дар медарояд. Ин шабу рӯз хоб намекунам, ки ҳозир яке духтарам меояд,”—гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Модари тоҷик мехоҳад, ҳукумат ҷасади фарзандашро ёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00

Ин модар бештар аз як сол дур аз духтараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштааст. Аз бонк пул қарз карда, манзил харидааст.

Мехостааст дар муҳоҷирати меҳнатӣ кор карда, пули бонкро баргардонад, вале хабари ғарқ шудани ягона духтараш-Рӯзигул ӯро ба Ватан баргардонд.

Аҳли хонавода дар маҳаллаи Суғдиёни Варзоб, дар тахминан 10 километрии маркази Душанбе ғамзадаанд. “Мисол, ман ҳамин хонаро гирифтам, нимаш қарз аст, бори якум гуфт, ки оча намеоӣ, гуфтам, ҳоло ҳамин қарзҳоро буд кунам, баъд меоям. Дар ҳамин Тоҷикистон кор мекунем, дига мехурем мегардем. Пули квартира набошад, осон аст,”—гуфт модари духтари духтари ғарқшуда.

Талошҳои наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон барои пайдо намудани ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Изаттулло Қурбонзода, масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт: “Мо аз 5-уми ноябр то имрӯз қариб 25 маротиба бо ҳайати шахсӣ ба об даромадем, бо сару либоси ғаввосии муосир, таҷҳизоти муосир. Дарозии канал 3,5 километрро ташкил медиҳад. Дар ин 3,5 километр ҳайати шахсӣ бо қаиқҳо ва таҷҳизоти муосир то имрӯз кофтукоб давом дорад. Монеаи асосӣ ин аст, ки ҷараёни об хеле тез аст, паҳноии об майда аст, қаиқҳои мо калонанд. Об ҳамеша лой мешавад ва баровардани ҷасадро душвор мекунад. Бо супориши роҳбарияти Кумита имрӯз супорише, ки гирифтем то имрӯз идома дорад, яъне ки мо бояд ҷасадро кофта диҳем.”

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, агар сатҳи оби канал паст ё манъ карда шавад, дарёфти ҷасад осон хоҳад шуд. Вале чунин амал дар салоҳиёти онҳо нест. “Ин об, яке аз обҳоест, ки ба обанбори асосии шаҳри Душанбе дохил мешавад, аз он ҷо аҳолӣ пурра оби нушокиро истифода мебаранд, гармидиҳии шаҳр пурра аз ин об аст, новобаста ба ин, дар ҳолати зарурӣ, мо талаботи модари ин духтарро ба инобат гирифта, ба унвони сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб равон кардем. Фикр мекунам, ин масъала дар ҳолати баррасӣ аст. Дар ҳолати зарурӣ агар ин обро қатъ кунанд, дар сатҳи роҳбарони болоӣ бояд ҳал шавад,"--гуфт масъули КҲФ.

Ба нақли хонаводаи духтари ғарқшуда, манъи оби канал ба фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии №2-и Душанбе таъсир мерасонидааст, бино бар ин то ҳол масъулон ба ин амал розӣ нашудаанд.

Раҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо ирсоли як номаи расмӣ ба унвонии Қоҳир Расулзода аз ӯ хоҳиш намудааст, ки барои муваққатан бастани оби канал мусоидат кунад. Яке аз муовинони сарвазир ба унвонии Ширкати “Барқи тоҷик” ва ҳукумати Душанбе барои баррасӣ ва чораҷӯии масъала нома ирсол кардааст.

Маълум нест, дар ин ниҳодҳо талаби модари Рӯзигули ғарқшуда то куҷо ҷиддӣ гирифта мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар рӯду кӯлҳо ва каналҳо 87 нафар ҷон бохтанд. Аз шумори умумии ғарқшудагон 46 нафар кӯдакон ва наврасони то 16-сола ва 41 нафар аз 17-сола боло буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG