Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама: "Дасти Сурия, Русия ва Эрон оғуштаи хун аст"


Барак Обама, президенти Амрико дар охирин нишасти хабарии худ дар соли ҷорӣ гуфтааст, ки фақат ҳукумати Башор аст ва ҳомиёнаш дар Эрон ва Сурия масъули куштори низомиён дар шаҳри Ҳалаб ҳастанд ва дунё аз "ҳамлаҳои ваҳшиёна"-и режими Сурия ва ҳомиёнаш дар Ҳалаб "ваҳшатзада аст."

Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин рӯзи ҷумъа дар як нишасти хабарӣ ба зарурати фиристодани "нозирони бетараф" барои назорат ба раванди берун кардани ғайрнизомиён аз шаҳри Ҳалаб таъкид кардааст. Як рӯз

Барак Обама гуфт, дунё аз "ҳамлаҳои ваҳшиёна"-и режими Сурия ва ҳомиёнаш дар Ҳалаб "ваҳшатзада аст."

пеш ин, Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико ёдовар шуда буд, ки даҳҳо нафар дар минтақае ба масоҳати кам дар шарқи Ҳалаб гирифтор шудаанд ва бояд ба зудӣ чорае ҷуст то ҳодисаи монанд ба куштори Серебренитса (Босния) барои онҳо рӯй надиҳад.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбе дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфта буд, ки ҳеҷ тавҷеҳе барои куштори ваҳшиёнаи ғайринизомиён аз сӯи ҳукумати Сурия ва Русия ва муттаҳидони эронии онҳо дар чанд ҳафтаи ахир ва дар ҳақиқат дар панҷ соли охир вуҷуд надорад". Ӯ таъкид карда буд, ки "дар ҳақиқат ҳукумати Башор Асад дар ҳоли қатли омм (ғайрнизомиён) аст."

Барак Обама.
Барак Обама.

Барак Обама ба Башор Асад ҳушдор додааст, ки бо куштани ғайринизомиён наметавонад машруият ба даст оварад. Ӯ афзудааст, ки дунё чашмонашро дар бӯҳрони Сурия нахоҳад баст ва қатъи ҷанги дохилӣ дар ин кишвар, яке аз душвортарин масъалаҳое будааст, ки дар замони раҳбарии худ бо он рӯбарӯ будааст. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин ҳукумати Асад, Русия ва Эронро муттаҳам кардааст, ки талошҳо барои поён додан ба хунрезиҳои дар Сурияро бенатиҷа гузошта ва дасти онҳо оғуштаи хуни кушташудагони суриягӣ аст.

Ҷанги дохилӣ дар Сурия аз шаш сол ба ин тараф идома дорад ва нерӯҳои давлатии он кишвар ва муттаҳидонаш ба наздикӣ тавонистанд Ҳалаб -- калонтарин шаҳри он кишварро, ки солҳо дар назорати мухолифони ҳукумат буд, ба таври комил ба тасарруфи худ дароранд. Рӯзи ҷумъа чаҳор созмони имдодрасонӣ ва нозирони вазъ дар Сурия, дар номае ба СММ Русияро муттаҳам кардаанд, ки ба таври мустақим ё бо ҳамдастии нерӯҳои дигар дар Сурия, даст ба ҷинояти ҷангӣ задааст.

Дар ин нома ба беш аз 300 мавриди ҳамла дар Ҳалаб ишора шудааст, ки қонунҳо ва меъёрҳои инсондӯстонаи байналмилалӣ зери по гузошта шуда ва дар онҳо беш аз 1200 ғайринизомӣ аз ҷумла 380 кӯдак кушта шудаанд. Русия иддао дорад, ки ҳадаф аз ин ҳамлаҳо, "гурӯҳҳои террористӣ" ҳастанд ва қаблан низ ҳамла ба ғайринизомиёнро рад карда ва ин иттиҳомотро "муғризона", "дурӯғ" ва "бинобар ҳадафҳои сиёсӣ" хонда буд.

Тазоҳурот дар назди консулгарии Эрон дар Истанбул алайҳи мудохилаи Эрон дар ҷанги Ҳалаб.
Тазоҳурот дар назди консулгарии Эрон дар Истанбул алайҳи мудохилаи Эрон дар ҷанги Ҳалаб.

Эрону Русия ва ҳукумати Башор Асад кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз кишварҳои минтақаро ба доманадор шудани буҳрони Сурия муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, ки ҳузури онҳо дар Сурия бо дархости "ҳукумати қонунии он кишвар" сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳое аз мухолифони Асад ва низ ғайринизомиён, аз Ҳалаб ба вилояти Адлаб интиқол дода мешаванд ва фиристодаи СММ дар умури Сурия рӯзи панҷшанбеи 15 декабр ҳушдор додааст, ки агар роҳи ҳалли сиёсӣ барои ҷанги Сурия ба даст наояд,"Адлаб ба як Ҳалаби дигар мубаддал хоҳад шуд."

Соли гузашта Комиссияи мустақили СММ барои назорат бар хушунат алайҳи қонунҳои инсондӯстона, тарафҳои даргир дар ҷанги дохилии Сурияро муттаҳам карда буд, ки давоми солҳои гузашта ҳазорон нафар аз зиндониёни худро ба қатл расонидаанд. Ба тахмини СММ, дар ҷанги дохилии Сурия ҳудуди 300 ҳазор нафар кушта шуда ва 11 миллион нафар хонаву кошонаи худро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG