Тибқи тозатарин хабарҳо, ҳукумати Сурия ва нерӯҳои мухолифи он дар мавриди оташбас дар шаҳри Ҳалаб ба тавофуқ расидаанд. Бар пояи ин созиш, шӯришиён дар чанд соати оянда бояд аз қисматҳои шарқии ин шаҳр хориҷ шаванд.
Як расонаи вобаста ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон мегӯяд, ки тавофуқот барои анҷоми оташбас ба натиҷа расидааст. Як мақоми давлатии Сурия низ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки амалиёт барои амалиёти омодасозии хуруҷи ниманизомиён, оғоз шудааст.
Хабаргузории "Райтерз" аз расонаҳои вобаста ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон нақл кардааст, ки гуфтугӯҳои давомдор байни тарафҳои ҳозир дар музокирот дар бораи оташбас дар Ҳалаб, ба бозбинии оташбас ва иҷро он барои фароҳам кардани марҳилаҳои хуруҷи гурӯҳҳои мусаллаҳ аз минтақаҳои шарқӣ дар соатҳои оянда, анҷомидааст.
Хабаргузориҳои Франс-пресс ва Райтерз ба нақл аз мақомҳои баландпояи Сурия имрӯз, 15 декабр гуфтанд, раванде, ки ҳадафи он омодасозии марҳилаҳои хуруҷи афроди мусаллаҳ дар шарқи Ҳалаб аст, оғоз шудааст. Як мақоми мухолифони Асад низ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Райтерз таъйид кардааст, ки оташбас аз соати 2:30 дақиқаи субҳи имрӯз оғоз шудааст.
Созмони Салиби Сурхи ҷаҳонӣ низ дар баёнияе гуфтааст, ки мухолифони режими Башор Асад аз ин ниҳод ва Ҳилоли Аҳмари Сурия хостаанд, ки ба интиқоли захмиён кӯмак кунанд. Мухолифони ҳукумати Башор Асад дар шарқи Ҳалаб пештар аз оғози оташбас дар соатҳои аввали рӯзи панҷшанбе дода буданд. Аммо ҳамон вақт расонаҳои вобаста ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон изҳор доштанд, ки иҷрои оташбас бо "мушкили бузурге" рӯбарӯ шудааст.
Шаҳри Ҳалаб тақрибан ба таври комил ба тасарруфи нерӯҳои давлати Сурия ва муттаҳидони он даромадааст. Қарор буд хуруҷи мухолифони боқимонда аз минтақаҳои шарқии ин шаҳр аз субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 14 декабр оғоз мешуд, аммо бо фаро расидани вақти эълоншуда ва гузаштани вақт, гузориш шуд, ҳанӯз касе аз минтақаҳои шарқӣ берун нашудааст.
Чанде нагузашта гузоришҳое нашр шуд, ки Эрон бо шартҳои нав дар мавриди берун баровардани захмиён аз ду деҳаи шиъанишини таҳти муҳосираи гурӯҳҳои мухолиф, монеи барқарории оташбас шудааст. Пас аз ин, гурӯҳи "Нуриддин Зангӣ" -- аз гурӯҳҳои асосии мухолифон гуфт, тавофуқи нав ба даст омадааст, ки деҳаҳои муҳосирашуда дар вилояти Адлабро ҳам дар бар мегирад. Эрон ва Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аз муҳимтарин ҳомиёни Башор Асад дар ҷанги дохилии Сурия ҳастанд.
Шаҳри Ҳалаб аз оғози ҷанги дохилӣ дар Сурия, аз пойгоҳҳои муҳими мухолифони Башор Асад ба шумор мерафт ва шӯришиён қисматҳои бузурге аз ин шаҳрро, ки аксари аҳолии он суннимазҳаб мебошанд, дар ихтиёр доштанд. Тайи чанд моҳи ахир шаҳри Ҳалаб саҳнаи даргириҳои хунин миёни нерӯҳои вафодор ба Башор Асад ва муттаҳидони ӯ бо шӯришиён будааст. Дар ин даргириҳо, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия аз нерӯҳои ҳукумати Сурия пуштибонӣ мекарданд
Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар даргириҳои ахир дар Ҳалаб беш аз 300 ҳазор ғайринизомӣ бехонумон шудаанд. Аҳолии минтақаҳои шарқӣ, ки аз соли 2012 таҳти муҳосира будаанд, пас аз фирор аз ин минтақаҳо ба қисмати ғарбӣ ки дар ихтиёри ҳукумати Сурия қарор дорад, гурехтанд.
Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, наздик ба 300 ҳазор ғайринизомӣ "дар шароите бисёр душвор" дар Ҳалаб гирифтор шудаанд. Давлати Сурия шӯришиёнро муттаҳам кардааст, ки ҷилави ғайринизомиёнро гирифта, намегузоранд, онҳо ба манотиқи амн бираванд. Як мақоми Созмони Милал ҳафтаи гузашта гуфт, шумори афроде, ки дар Сурия таҳти муҳосира қарор доранд, дар муқоиса ба соли гузашта ду баробар шуда ва акнун ба як миллион нафар мерасад.
Шаҳри Ҳалаб, замоне пойтахти тиҷоратии Сурия, ҳоло ба маркази доғтарини ҷанге табдил шудааст, ки наздики шаш сол боз дар Сурия идома дорад. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар ин ҷанги тақрибан шашсола ҳудуди 300 ҳазор одам кушта ва бештар аз 11 миллион нафар гуреза шудаанд.