Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон талаб кард, ки чаҳор маъмури пешини Раёсати корҳои дохилии Душанберо аз 15 то 23 сол зиндонӣ кунанд. Ин афрод ба шиканҷаи боздоштшудаҳо муттаҳаманд. Худи онҳо дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомотро рад кардаанд.
Муҳокимаи Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин се моҳ боз дар додгоҳ идома дорад.
Рӯзи 22-юми ноябр намояндаи Додситонии кул аз додгоҳ талаб кард, ки Фарҳод Нурхонов, муовини пешини сардори Шӯъбаи кофтукоби ҷиноӣ дар Раёсати умури дохилии Душанбе ба 23 соли зиндон маҳкум карда шавад. Ҳамин тавр, додситон талаб кард, ки Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддинро 15-солӣ зиндонӣ кунанд.
Баъзе аз вакилони дифои кормандони пешини милиса талаби додситонро қабул надоранд. Абдукарим Абдулҳамидов, вакили мудофеи Фарҳод Нурхонов, рӯзи 25-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба талаби додситон розӣ нест, чун ба қавли ӯ, онҳо дар рафти тафтишоти пешакӣ ва мурофиаҳои додгоҳӣ исбот карданд, "ки бисёр ҳолатҳо ва далелҳо умуман ҷой надоранд".
Чаҳор маъмури пешини пулиси Душанбе ҳам пештар даст доштани худро дар шиканҷаи гумонбарон рад карда буданд.
Абдукарим Абдулҳамидов афзуд, рӯзи 26-уми ноябр дар додгоҳ далелҳои худро дар бораи бегуноҳии нафари зери ҳимояташ пеш меорад.
Масъулони Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтанд, рӯзи 26-уми ноябр сухани охирини кормандони бозддоштшудаи милиса ва вакилони дифои онҳо шунида хоҳад шуд. Баъд аз ин додгоҳ барои эълони ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад.
Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин ним сол пеш дар пайи шикояти Ҳамза Солеҳов, як сокини Душанбе боздошт шуданд. Иттиҳоми асосӣ нисбат ба чаҳор маъмури боздоштшудаи пулис ба истиснои Умед Ваҳҳобов истифода аз шиканҷа мебошад.
Ба гуфтаи вакилони дифоъ, ба ҷуз аз шиканҷа маъмурони пулис ба баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва гирифтани пора муттаҳам ҳастанд. Бархе аз маъмурони боздоштшудаи пулис дар додгоҳ иттиҳоми гирифтани пораро тасдиқ карда, вале шиканҷаро рад намуданд.
Ҳамза Солеҳов ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои ба гардан гирифтани ҷиноят ӯро ба нерӯи барқ гузоштаанд.
Ба ҷуз аз Ҳамза Солеҳов, инчунин 17 сокини дигари Душанбе иддао доранд, ки Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Умед Ваҳҳобов ва Ирониддини Аҳлиддин онҳоро шиканҷа кардаанд. Маъмурони пешини милиса дар додгоҳ ва ба воситаи вакилони мудофеи худ гуфтанд, ҳангоми дастгир кардани гумонбарон ба чанд хато роҳ додаанд, аммо иттиҳоми шиканҷа "беасос аст".
Шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳоест, ки борҳо дар сархати расонаҳо ҷой гирифтааст. Масъулони Эътилофи зидди шиканҷа, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқро муттаҳид мекунад, мегӯянд, соли 2018 ба созмони онҳо 44 нафар аз шиканҷа шикоят кардаанд, ки 7 нафараш занонанд.
Ба дунболи интиқоди зиёд аз рафтори маъмурони амниятӣ ва милиса дар Тоҷикистон, рӯзи 16-уми октябр вакилони Маҷлиси намояндагон ҷазо барои бадрафторӣ ва шиканҷа ба муттаҳамон ба ҷиноятро сахттар карданд.