Ду афсари марзбон ва як маъмури Хадамоти гумрук дар Фурудгоҳи Байнулмиаллии Душанбе ба гумони ришвагирӣ ва ё талаби маблағ аз мусофирон дастгир шудаанд. Пештар чанд шаҳрванди Тоҷикистон ва хориҷӣ аз фасодкорӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо шикоят доштанд, аммо мақомот на ҳамеша ин мавридҳоро тасдиқ мекарданд.
Боздошти се нафар дар охири соли 2022 сурат гирифта, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи марти имсол эълон кард.
Юсуф Раҳмон дар Маҷлиси Миллӣ гуфт, афсари марзбон Наҷмуддинов Қ. ва маъмури гумрук Раҳмонзода А. дар Фурудгоҳи Душанбе аз шаҳрванди Покистон, Муҳаммад Шабир, "барои бемамониат гузарондан аз сарҳад 400 сомонӣ ва 200 доллар гирифтаанд."
Намунаи дигар, ба гуфтаи додситони кул, моҳи сентябри соли гузашта ошкор шуд: "Прапоршики марзбонӣ Мирзоев З. аз як шаҳрванди Тоҷкистон, ки мехост ба Русия равад, 500 сомонӣ гирифт."
Додситонии кул мегӯяд, парвандаи ин афрод ба додгоҳ фиристода шуд, вале маълум нест, чӣ ҳукм гирифтанд. Назари се афсари боздоштшуда ва ё наздиконашон дастрас нест.
Шикоят аз фасоди молӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон нав нест. То имрӯз чанд нафар аз пулталабии марзбонон ва маъмурони гумрук шикоят кардаанд.
Аз ҷумла, Сукуба Ито, профессори ҷопонӣ, дар Фейсбук аз он шикоят кард, ки рӯзи 27-уми феврали имсол ду хонум дар Фурудгоҳи Душанбе "бо роҳи фиреб" 100 доллари ӯро азхуд кардаанд.
Як намояндаи Фурудгоҳи Душанбе бе зикри ном рӯзи 22-юми март гуфт, шахсоне, ки профессори ҷопонӣ аз онҳо шикоят дошт, маъмурони гумрук ҳастанд. "Мо аз рӯйи ин ду корманд ба Хадамоти гумрук расман муроҷиат кардем, аммо посух нагирифтем," – афзуд ӯ.
Соли 2021 даҳҳо нафар аз он шикоят доштанд, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон, марзбонони тоҷик аз онҳо пора талаб кардаанд. Дар пайи зиёд шудани ин хабарҳо, роҳбар ва чанд масъули яке аз гузаргоҳҳо аз мақом озод шуданд.
Иля Киваков, ронандаи боркаш аз Русия, моҳи марти имсол бо нашри видео дар Ютуб гуфт, "сарҳади Тоҷикистон дар байни марзҳое, ки гузаштам, фасодзадатарин аст." Киваков аз он изҳори ташвиш кард, ки барои гузаштан аз сарҳади Тоҷикистон 400 доллар харҷ кардааст. Мақомот ба ин хабар вокуниш накарданд.
Фасод яке аз мушкилҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад. Созмони Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) моҳи январи имсол дар гузорише, гуфт, "коррупсия дар Тоҷикистон расм шудааст" ва "мақомот ислоҳоти бунёдӣ намегузаронанд".
Гуфтугӯ