Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси фишор ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти САҲА


Нишасти САҲА. 2 октябри соли 2024, шаҳри Варшава. Акс аз саҳифаи Шарофиддин Гадоев
Нишасти САҲА. 2 октябри соли 2024, шаҳри Варшава. Акс аз саҳифаи Шарофиддин Гадоев

Шавкати Муҳаммад, мудири телевизиони дар Тоҷикистон мамнӯи "Паём" аз сарнавишти бародари зиндониаш дар нишасти САҲА нигаронӣ кард. Бародари ин фаъоли мухолифин бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст. Шавкати Муҳаммад дар ҳузури намояндагони САҲА гуфт, бародарашро барои фаъолияти хабарнигории ӯ ҷазо доданд.

Шавкати Муҳаммад
Шавкати Муҳаммад

Шавкати Муҳаммад 2-юми октябр дар нишасти арзёбиҳои ҳуқуқи инсони САҲА афзуд, бародараш дар Русия дар сохтмон кор мекард ва ба сиёсат кор надошт. Вале сарфи назар аз ин ба гуфтаи ин фаъоли мухолифин, соли 2023 бародараш бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия боздошт ва ба ватан истирдод шуд.

“Пас аз истирдод ба Тоҷикистон бародарам нопадид шуд. Хешовандоне, ки мехостанд ӯро пайдо кунанд, ба ҳабс таҳдид шуданд,»-гуфт Шавкати Муҳаммад.

Радиои Озодӣ чанд маротиба дар бораи қазияи Аслиддин Шарифов (Шарипов) ва зиндонӣ шудани ӯ гузориш дод, аммо мақомот ҳеч вақт мавзуъро шарҳ надоданд. Ба иттилои як манбаи огоҳ, “Аслидин Шарифов ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ва ё таблиғи онҳо дар Интернет гунаҳкор дониста шудааст.” Маълум нест худи ӯ дар мурофиа чӣ гуфта, чун бе ҳузури хабарнигорону пайвандонаш гузаштааст.

Шавкати Муҳаммад дар нишасти САҲА гуфт, ин ҳолатҳо дар Тоҷикистон кам нест ва хешовандон як василаи фишори мухолифон табдил шудааст.

Аслиддин Шарифов
Аслиддин Шарифов

«Бародари ман танҳо яке аз қурбониёни ин низоми ноодилона аст. Ин бовариро ба адолат суст карда, дар ҷомеа муҳити тарсу ваҳмро ба вуҷуд меорад,»-гуфт Шавкати Муҳаммад.

Мудири телевизиони «Паём» аз кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо даъват кард, ки барои аз байн бурдани ҷазои дастаҷамъӣ назорати байнулмилалиро пурзӯр кунанд

Нишасти имсолаи САҲА 30-юми сентябр оғоз шуда, то 11-уми октябр давом мекунад. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти имсола ҳузур надоранд.

XS
SM
MD
LG