Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба ин низом бовар надорам." Интиқоли сарбози захмӣ аз Душанбе ба Русия


Акс аз навори видеоӣ
Акс аз навори видеоӣ

Як сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро, ки дар ҷанги зидди Украина аз манаҳаш захм бардошта, ба гуфтаи вакили мудофеъ, "вазъи рӯҳиву равонияш хуб нест", барои санҷиши пизишкӣ аз Душанбе ба Екатеринбург бурдаанд.

Ян Букини 22-сола қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят дошт, ки ба хидмат идома додан намехоҳад. Мақомоти Русия, баръакс, ӯро барои саривақт ҳозир нашудан ба маҳалли хидмат ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Букин онро “комилан беинсофӣ” донист.

Дар пойгоҳи 201-Русия дар Душанбе аз шарҳи мавзуъ худдорӣ карданд. Наздиконаш гуфтанд, Букин бо қарори додрас рӯзи 9-уми декабр ба Екатеринбург бурда, дар яке аз бемористонҳо бистарӣ карда шудааст. Қарор рӯзи 4-уми декабр баромад.

Пойгоҳи 201 дар Душанбе
Пойгоҳи 201 дар Душанбе

"Ҳама пайроҳаҳои ин дӯзахро тай кардам"

Елена Букина, модари Ян Букин, рӯзи 10-уми декабр писарашро дар фурудгоҳи Екатеринбург дид, вале барои суҳбат кардан муваффақ нашуд.

Вай дар тамоси видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ӯро бегуноҳ айбдор мекунанд. Ба оғӯш кашидам. Хостам, ки ӯро ҳамроҳи роҳбалад ба меҳмонхона бурда, бо хӯроки гарм зиёфат диҳам. Роҳбалад асабӣ шуда, гуфт, набояд бо писарам гап занам. Ман ба ин низом бовар надорам, зеро ҳама пайроҳаҳои ин дӯзахро тай кардам. Ба ҳамаи ниҳодҳо, Вазорати дифоъ, тандурустӣ ва ғайра арз кардам."

Рӯзи 11-уми декабр дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон касе ҳозир нашуд дар робита ба қазияи Ян Букин суҳбат кунад. Дар даромадгоҳи пойгоҳ гуфтанд, "дар ин мавзуъ дертар муроҷиат кунед".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сарбози захмии рус аз Душанбе ба ватанаш фиристода шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

"Аз манаҳ захм бардошта, вазъи равонияш хуб нест"

Далер Қурбонов, вакили мудофеи Ян Букин, шикоят дорад, ки зерҳимояашро қабл аз қувваи қонунӣ гирифтани қарор ба Екатеринбург бурдаанд.

"Қарор рӯзи 19-уми декабр ба иҷро медарояд. Барои бар хилофи қонунгузории Русия фиристодани ӯ, ба мақомоти ин кишвар шикоят кардам," -- гуфт вакил. Вай дар умум айбномаи зидди Букинро беасос донист, аммо ба пурсишу дархостҳояш аз мақомоти тафтишотии Русия дар пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар дар Тоҷикистон посух нагирифтааст.

"Дар Екатеринбург маълум хоҳанд кард, ки оё воқеан ширкаташ дар ҷанги Украина ба вазъи саломатии Ян Букин таъсир гузошт ва сабаби бо таъхир ҳозир шудан ба макони хидмат шуд ё не. Дуюм, оё метавонад ба хидмат идома диҳад ё не," – шарҳ дод Далер Қурбонов.

Ба қавли ӯ, шахси зери ҳимояташ дар ҷанги зидди Украина аз манаҳаш захм бардошта, ҳамчунин, вазъи рӯҳиву равонияш хуб нест.

Худи Букин дар суҳбати қаблияш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳама чиз моҳи марти соли 2022 сар шуд. Замоне ки вай ва ҳамхидматонашро аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҷанги зидди Украина бурданд ва ӯ ҷароҳат бардошту натавонист сари вақт ба Душанбе баргардад.

Ян Букин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ парвандаашро "комилан беинсофӣ" донист
Ян Букин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ парвандаашро "комилан беинсофӣ" донист

Ҳоло маълум нест сарнавишти ӯ, ки аз 5 то 10 сол зиндон таҳдидаш мекунад, чӣ хоҳад шуд. Пас аз анҷоми арзёбии вазъи саломатӣ раҳо мекунанд, ба идомаи хидмат ба Душанбе мефиристанд ва ё ба майдони ҷанг дар Украина мебаранд.

Русия дар охири моҳи феврали соли 2022 бедалел ба Украина ҳамла кард ва даргирӣ аз он замон идома дорад. Радиои Озодӣ пештар дар бораи ҷалби сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия ба ҷанг гузориш нашр карда буд. Пойгоҳи 201 бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши Русия ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG