Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азия-Плюс": Мансабдоре кормандони моро таҳдид кард, ки "бегоҳӣ дар кӯчаҳо эҳтиёт кунанд"


Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз радио, рӯзнома ва оҷонсии хабарӣ иборат аст
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз радио, рӯзнома ва оҷонсии хабарӣ иборат аст

Хабаргузории "Азия-Плюс" аз таҳдиди масъули як мактаб дар Душанбе ба пулис шикоят кардааст.

Кормандони хабаргузорӣ гуфтанд, муовини мудири литсейи рақами 5-и Душанбе онҳоро таҳдид кардааст, ки “шабона дар кӯчаҳо эҳтиёт шаванд.” Назари ҷониби дигари баҳс ва ҳам Раёсати корҳои дохилии Душанбе феълан дастрас нест.

Баҳси оҷонсии хабарии "Азия-Плюс" бо роҳбарони ин таълимгоҳ, баъди нашри даъвои як сокини Душанбе сар зад. Ҷамшед Аминов шикоят кард, ки аз як фарзандаш пули дарсеро мепурсанд, ки онҳо нахондаанд. Додситонӣ ӯро ҳақ донист, вале мудири мактаб худи ӯро ба додгоҳ кашид. Дар ин бора аввал Радиои Озодӣ 15-уми сентябр гузориш пахш кард ва як ҳафта баъд “Азия-Плюс” ҳам мавзуъро бозтоб дод.

“Азия-Плюс” 11-уми октябр навишт, ду рӯз баъд аз пахши матлаб, Файзалӣ Содиқов, муовини мудири Литсейи рақами 5 ҳамроҳ бо 20 нафар аз волидайни хонандагон ба дафтари ин расона омаданд. Ба қавли манбаъ, Содиқов бо лаҳни тунд талаб кардааст, ки “Азия-Плюс” матлабро бардорад.

“Вақте ҷавоби рад гирифт, расонаро ба фасодкорӣ муттаҳам кард, ки гӯё барои нашри матлаб аз Аминов пул гирифтааст. Муовини мудири литсей ба таҳқири рӯзноманигорон сар карда, онҳоро таҳдид намуд, ки бегоҳӣ дар кӯчаҳо эҳтиёт шавед,”-навиштааст “Азия-Плюс”.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани назари Файзалӣ Содиқов бенатиҷа буд. Дар ҳолати ба даст омадани назари ӯ, дар матлаб илова мешавад. Бибисафия Нарзиева, мудир ва ҳам дигар кормандони Литсейи 5, қаблан ҳам нахостанд дар бораи баҳс бо волидайни яке аз хонандагон ба Радиои Озодӣ суҳбат кунанд.

Роҳбарони "Азия-Плюс" навиштаанд, баъди таҳдиди Файзалӣ Содиқов "аз амнияти кормандонаш" нигарон ҳастанд.

Ин бори аввал нест, ки хабарнигорон дар Тоҷикистон аз таҳдид, фишор ва латукӯб шикоят мекунанд. Монеагузорӣ ба фаъолияти рӯзноманигорон мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ҷиноят аст. Аммо ягон ҳолат расонаӣ нашудааст, ки мақомот касеро барои ин кор ҷазо дода бошанд.

XS
SM
MD
LG