Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз масҷиду мадраса ба Донишкадаи санъат. Ба имомҳо дар Душанбе чӣ ёд медиҳанд?


Намояндагони мақомот ба руҳониён роҳҳои мубориза бо ифротгароиро мефаҳмонанд
Намояндагони мақомот ба руҳониён роҳҳои мубориза бо ифротгароиро мефаҳмонанд

Ҳудуди 400 рӯҳонӣ аз гӯшаву канори Тоҷикистон ҷамъ шуда, дар Донишкандаи фарҳанг ва санъат роҳҳои мубориза бо ифротгароиро омӯхтанд. Масъулини Кумитаи дин ва танзими анъана ташкили ин давраҳои омӯзиширо муҳим гуфтанд, ҳарчанд бархе коршиносон ин роҳро чандон муассир намеҳисобанд.

Давраи омӯзишӣ барои имомон аз 29-уми апрел то 1-уми май идома кард. Дар баробари масъулони Кумитаи дин, инчунин намояндагони Дастгоҳи раиси ҷумҳур, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Академияи миллии илмҳо, Маркази исломшиносӣ ва баъзе коршиносон ба рӯҳониён дарс гуфтаанд.

Гузориши видеоиро инҷо бинед:

Аз масҷиду мадраса ба Донишкадаи санъат. Ба имомон дар Душанбе чӣ ёд медиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Умар Каримов, намояндаи Кумитаи дин ба Радиои Озодӣ гуфт, дар давраҳои бозомузӣ масъалаҳои гуногуни диниву дунявӣ ба ходимони дин фаҳмонида шуд.

“Бо дарназардошти он ки ходимони дин донишҳои динӣ доранд, бояд аз донишҳои замонавию муосир ҳам бархурдор бошанд. Зеро тавре гуфтем, онҳо ҳамарӯза бо ҷомеа дар иртибот ҳастанд ва ин дар ҳаёту фаъолияти онҳо мусоидат мекунад,”-афзуд ӯ.

Руҳониён, ки аз шаҳру навоҳии мухталифи кишвар ба инҷо омадаанд, мегӯянд, ба онҳо роҳҳои пешгирӣ аз исрофкориву хурофотпарастиро низ омӯзонданд.

Ҳайдар Сафаров, сархатиби масҷиди марказии шаҳри Бохтар мегӯяд, чанд мавзуъ ва масъалаҳоеро аз худ кардаанд, то дар оянда дар вақти вохӯрӣ ва намозҳои ҷумъа ба мардум расонем. “Аз он масъалаҳое, ки имрӯз бисёр муҳим ва нигаронкунанда аст, шомилшавии фарзадони мо ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аст”-гуфт, ин руҳонӣ.

Ташкили давраи омӯзишӣ барои руҳониён қариб ду моҳ баъд аз вохӯрии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ходимони дин анҷом мешавад. Ин вохӯрӣ 9-уми март ва дар остонаи моҳи Рамазон анҷом шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар назди рӯҳониён гуфт, давоми се соли гузашта 24 шаҳрванди Тоҷикистон «дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ даст задаанд».

Баъзе коршиносон ташкили чунин курсҳои бозомӯзиро барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ё дигар мушкилоти ҷойдошта чандон муассир намеҳисобанд.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ ба ин назар аст, ки сатҳи дониши аксар рӯҳониён ва корҳои таблиғоти зиддӣ таблиғоти гурӯҳои ифротӣ дар Тоҷикистон кофӣ нест. “Дар як толор 400 ходими динро ҷамъ кардану дар пеши онҳо лексия хондан он қадар кори дуруст нест. Бояд бо ходимони дин як ба як, яъне бо гурӯҳои хурд хурд семинар-таҷрибаомӯзӣ гузаронид,»-мегӯяд таҳлилгар.

Дар Кумитаи дин таъкид намуданд, ки баъди анҷоми давраҳои омӯзишӣ дар Душанбе, чунин чорабиниҳоро бо руҳониён дар маҳаллаҳо низ баргузор мекунанд.

Ҷалби рӯҳониён ба курсҳои бозомузӣ дар ҳолест, ки дар гузашта нигарониҳо аз маҳдуд кардани озодиҳои онҳо борҳо садо додааст. Аз ҷумла имомҳо дар суҳбатҳои қабл аз намози ҷумъа асосан матнҳоеро қироат мекунанд, ки аз сӯи мақомот ироа шудааст. Ҳарчанд масъулини Кумитаи дин қаблан гуфтаанд, матнҳои суҳбати имомҳо тавсиявӣ аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ чандин сол аст, ки ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои динӣ танқид мекунанд. Мақомот аксари ин танқидҳоро қабул надоранд. Манъи рафтани ноболиғон ба масҷид, маҷбуран тарошидани риши мардон, муайян кардани мавзӯи суҳбати имомхатибон ва манъи равияи Шоҳидони Яҳво аз ҷумла танқидҳоест, ки нисбати ҳукумати Тоҷикистон борҳо садо додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG