Аз додситонии ноҳияи Айнии вилояти Суғд рӯзи 15 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Рустам Ҳукумов писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ (Ҳукумов), раҳбари собиқи корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳан ҳамроҳи се нафари дигар савори мошини тамғаи “Тойота” роҳии Хуҷанд буданд, дар наздикии маркази ноҳияи Айнӣ ба амри нозири БДА итоат накардаву ба ҳаво тир холӣ намудааст.
Манбаъ илова кард, Рустам Ҳукумов дар сари фармон ё чанбараки мошин набуда, балки яке аз мусофирон будааст: “Он рӯз дар наздикии купруки болои рӯди Зарафшон як мошини борбари тамғаи “Дулан” вайрон шуда, боиси банд мондани мошинҳо дар роҳ мегардад. Мошинае, ки Рустам Ҳукумов савори он буд, ба самти муқобили роҳ баромада, ба амри корманди БДА итоат намекунад ва ба ҳаво тир мекушояд. Дар ин маврид додситонӣ санҷиш бурда, ҳамаи шоҳидону омилони ҳодисаро бозпурсӣ кард. Вале касе боздошт нашудааст”.
Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Айнии вилояти Суғд низ рӯзи 15 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тирпаронии писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳро дар шоҳроҳи Душанбе -- Чаноқ тасдиқ карданд. Саидҷон Набиев, раҳбари БДА-и Айнӣ, гуфт, ҳодиса дар наздикии маркази ноҳия иттифоқ уфтода, вале таъқибаш то нақби “Шаҳристон” идома кардааст.
Ҷаноби Набиев дар идома афзуд: “Он рӯз ба тарафи ман тир накушодааст. Навбатдор нафари дигари шӯъба буд. Вақте ҳаракати мошинҳо барои убур мушкил мешавад, писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ бо кадом мақсад бошад, аз пистолет тарафи ҳаво тир мекушояд. Вақте кормандони БДА ӯро боздошт карданӣ мешаванд, ба тарафи кӯҳ фирор мекунад.”
Ин масъули БДА-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд бар хилофи корманди додситонии ҳамин ноҳия мегӯяд, барояшон маълум нест, ӯ кадоме аз писарони Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ буд.
Зимнан Абдусамеъ Додобоев, роҳбари шуъбаи иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии Додситонии кулли Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷузъиёти қазияи Рустам Ҳукумов огоҳ нест. Вай афзуд: “Аммо ҳама шаҳрвандони дар назди қонун баробаранд. Касе меъёри қонунро вайрон карда бошад дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.”
Номи Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ дар чор соли охир дар робита ба писаронаш дар матбуот зиёд чарх мезанад. Бори охир номи ӯ дар робита ба садама бо ширкати писари ноболиғаш Расули Амонуллоҳ, ки се кушта бар ҷой гузошт, дар сархати ахбори расонаҳо қарор дошт. Аммо пас аз тафтишоти дурудароз, вазорати умури дохила хабар дод, ҳашт ташхиси муфаттишон гунаҳкор будани Расулро дар ин садама собит накард.
Қазияи дигари пурсару садо дар атрофи номи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба соли 2011 рост меояд. Тирамоҳи он сол додгоҳе дар вилояти Хатлон ду халабони як ширкати русиро ба зиндон маҳкум кард. Он замон расонаҳо навиштанд, ки дар ин моҷаро исми писари калонии раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Рустам Ҳукумов, ки ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия зиндонӣ шуда буд, матраҳ аст. Ин бӯҳрон сабаби таниш миёни ду кишвар ва ихроҷи садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия шуд. Чанд рӯз баъд таҳти фишори Маскав халабонҳо афв шуданд ва дертар Рустам Ҳукумов ҳам озод гардид.
Ин дафъа номи Амонулло Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи идораи Роҳи оҳан, ба далели тирпаронии яке аз писаронаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дубора дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст ва бисёриҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки чаро исми фарзандони ӯ паиҳам дар робита бо ҷиноятҳои гуногун рӯ мезанад аммо ҳар бор “онҳо хушк аз об” мебароянд.
Саймиддин Дӯстов, роҳбари маркази таҳлилии “Индем” дар суҳбат ба Радиои Озодӣ дар робита ба ин қазия гуфт: “Дар Тоҷикистон дар чанд соли охир тоифае пайдо шудаанд, ки онҳо аслан барои қонунҳои кишвар дастнорасанд. Ба ин тоифа ҷавонони ба истилоҳ тиллоӣ шомил, фарзандони мансабдорони баландпоя, ҷомеаи прокурорҳо ва соҳибкорони сарватманд шомил ҳастанд. Ҳатто фоҳишаҳои VIP ва маъшуқаҳои мансабдорони баландпоя ҳам барои қонунҳои кишвар дастнорасанд. Аммо таҷрибаи талхи собиқ Додситони кулли Тоҷикистон Бобохонов ва вазири корҳои дохила Солеҳов нишон медиҳад, ки умри қудрати чунин афроди дастнорас кӯтоҳ аст”.
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳи 63-сола аз соли 2002 то оғози 2014 раҳбари корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон буд ва моҳи феврал баъди як нишасти хабарияш ба нафақа рафт. Парвози Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба курсиҳои баланди мансаб дар сатҳи ҷумҳурӣ баъди соли 1992 ва рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Ӯ дар солҳои 90 як муддат вакили парлумон буд ва раҳбарии ширкати давлатии "Нафтрасон"-ро бар ӯҳда дошт. Дар соли 2002 ӯ ба симати раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон таъйин шуд ва 12 сол дар ин мақом кор кард.