Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 18 июл дар як нишасти матуботӣ зимни баршумории садамаҳои нақлиётӣ, ки дар ин нимсолаи аввал, 626 ҳодиса будааст, ба садамаи маргбор бо ширкати Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳи Ҳукуматулло нуқта гузошт.
Вай гуфт, «азбаски таваҷҷӯҳи ҷомеа нисбати ин ҳодиса хеле зиёд шуд, мо шахсан нисбати Расул парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардем, гарчанде аслан дар вақти садама нисбати ҳолат парванда боз карда мешавад. Дар ин робита 7 экспертизаи гуноногун гузаронида шуд ва дар ҳеҷ яке аз онҳо далели гунаҳкории Расул собит нашуд. Аз ин хотир мо парвандаро қатъ кардем ва барои омӯзишу хулосабарорӣ ба прокуратураи генералӣ ирсол намудем.»
Изҳори назари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи бегуноҳии Расули Амонуллоҳ дар ҳоле садо медиҳад, ки аз ин садамаи маргбор наздики 10 моҳ сипарӣ мешавад. Таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди он, ки ин қазия ба таври густурда дар расонаҳо матраҳ буд, аммо афроди огаҳ дар Тоҷикистон зиёд интизори муҷозот шудани Расули Амонуллоҳ набуданд. Зеро ба гуфтаи онҳо аз вазифаи раиси идораи «Роҳи оҳан» озод шудани Амонуллоҳи Ҳукуматулло, мақомот ба ҷомеаи кишвар як навъ аломат доданд, ки бояд ҳадди ақал писараш муҷозот нашавад.
Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи «Имрӯз-News" мегӯяд, ҳамингуна равиш то ҷое барои матбуот ва худи ӯ низ қобили интизор буд. Вай мегӯяд, «бубинед, мақомоти тафтишотӣ ба суоли он, ки кай натиҷаҳо маълум мешаванд, посухи дақиқ дода наметавонистанд. Дар ҳоле, ки қонун муайян кардааст, ки кадом тафтишот ду ва ё се моҳ ва ё тафтишоти иловагӣ гузаронида шавад. Ман боварии комил дорам, ки агар ҳамин пурсиш дар нишасти хабарӣ аз сӯи рӯзноманигорон сурат намегирифт, ҳанӯз ҳам посух дода намешуд. Вақте, ки 7 ташхис ба қавле натиҷаи мусбатро ба вуҷуд овардааст, як навъе омодасозӣ аст, ки хулосаҳои тафтишот дар асоси ҳамин ташхисҳо сурат мегирад. Ташхисҳое, ки метавонанд шубҳабарангез бошанд, зеро шаффоф будани онро аз ҷомеаи журналистӣ ва шаҳрвандӣ касе исбот карда наметавонад, зеро ба натиҷаҳои тафтишот дастрасӣ надоранд. Дар ҳоле, ки ин ниҳод худ мегӯяд, камераҳои «Шаҳри бехатар» ҳамаро сабт мекунад, ҳамон замон метавонистанд дақиқ бигӯянд, ки Расули Амонулло айбдор набудааст.»
Дар нишасти хабарии сарони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар ним соли гузашта ин ниҳод аз 5 ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла қасди тарконидани корхонаи Алюминиуми Тоҷикистон - "ТАЛКО", бинои ҳукумату додситонӣ ва шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода ҷилавгирӣ кардааст. Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар робита ба ин ҳодиса 7 нафар боздошт шудаанд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд, аммо берун аз кишвар омӯзиш дидаанд.
БОЗДОШТ 7 ТЕРРОРИСТ КИ МЕХОСТАНД "ТАЛКО"-РО БИТАРКОНАНД
Вай афзуд, дар маҷмӯъ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 49 узви созмонҳои террористиву ифротгароӣ дар қаламрави кишвар боздошт шудаанд, ки бархе аз онҳо узви ҷунбиши «Толибон» будаанд: «Аз миёни боздоштшудаҳо 5 нафарашон аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, 12 нафар аъзои «Ансоруллоҳ», 2 нафар аъзои як иттиҳодияи ҷиноӣ аз Эрон, 3 нафар аъзои "Толибон", 1 нафар аъзои ҳаракати экстримистии “Ҷабҳат-ун-нусра”, 7 нафар аъзои “Мусалмонони солеҳ”, 18 нафар аъзои ҳаракати динии "Салафия" ва 1 нафар узви ҳаракати экстеримистии “Ҳизб-ут-таҳрир” мебошанд.»
Ин ҳам дар ҳоле, ки Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо изҳори нигаронӣ аз таҳсили ғайриқонунии динии ҷавонони тоҷик дар берун аз кишвар гуфт, маҳз дар ҳамин гуна мактабҳо террористон ва ирофтагроён тарбият меёбанд ва баъдан дар низоъҳои мусалаҳонаи Сурияву Афғонистон ва Покистон ширкат мекунанд. Ба таъкиди ҷаноби вазир, бар пояи маълумоти хадамоти махсуси кишвар феълан беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия меҷанганд.
ТАҲҚИҚИҚ ҲОДИСАИ ХОРУҒ
Ҷаноби Ҳамро, ҳамчунин бо ишора ба қазияи тирпаронии 21-уми май дар Хоруғ гуфт, феълан дар ин самт тафтишот идома дорад ва то анҷоми он гунаҳкор кардани ин ва ё он ҷониб мантиқӣ нест. Аммо ӯ дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, таҳлили ин воқеаҳо даст доштани гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир ба ин ҳодисаҳоро рӯшан мекунад.
МИЗОНИ ФАВТ ДАР РОҲҲО КАМ ШУДААСТ
Аммо ҷаноби вазир бо тавсифи иҷрои лоиҳаи «Шаҳри бехатар» гуфт, дар муддати амалишавии ин тарҳ мизони фавт дар роҳҳои Душанбе 5 баробар камтар шудааст ва маблағи умумии ҷарима барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ беш аз 13 миллион сомониро ташкил додааст. Раҳимзода Рамазон Ҳамро иқрор кард, ки ҳатто писарони ӯ низ барои чунин қоидавайронкунӣ ҷарима шудаанд.
259 ҲАМҶИНСГАРО ДАР ТОҶИКИСТОН?
Зимнан ,яке дигар аз мавзӯъҳое, ки бештар таваҷҷӯҳи рӯзноманигоронро дар ин нишаст ҷалб кард, барои аввалин бор садо додани арқоми ҳамҷинсгароҳо дар Тоҷикистон буд, ки дар ин авохир зиёд доман зада мешавад. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 259 ҳамҷинсгаро ошкор шудааст, ки аз 49 нафари он занон ҳастанд. Ба гуфтаи Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ин афрод дар пайи ошкор кардани ҷиноятҳои ахлоқӣ муаяйн карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ дар нимсолаи нахусти соли ҷорӣ 1777 фоҳиша дар кишвар сабт гардидааст ва ҳатто 4 нафар аз кормандони пулис барои ҳамкорӣ бо ин афрод аз кор озод гардидаанд. Бо ин ҳама ҷаноби Ҳамро гуфт, ҳоло танфурӯшон танҳо ҷарима мешаванд, аммо дар ҳолати зарурат барои ҷилавгирӣ аз густариши ин раванд онҳо омодаанд ба қонун ислоҳот ворид кунанд ва ҷазои ҳабси маъмуриро пешбинӣ намоянд.