Фарҳанги ҳамсоядории сиёсӣ аз байн рафтааст
Аммо ҳамакнун ҳар кишвар мустақил аст ва ба хубӣ эҳсос мешавад, ки ҳар кадоме дар танҳоӣ дар талоши бароварда кардани ниёзҳои худ ҳастанд ва ҳатто фарҳанги ҳамсоядорӣ низ то ҷое ва ҳатто дар муносиботи дуҷонибаи бархе аз кишварҳои минтақа комилан аз байн рафтааст.
Соҳибназарон бар инанд, ки суханпардозиҳои хушку холӣ миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, равобити дарҳаму барҳам ва дар ниҳоят проблемаҳое пеши рӯ задаанд, ки кишварҳоро на ба ҳамгироӣ, балки ба ихтилофи байниҳамдигарӣ ва минтақавию байналмилалӣ такон додааст.
Фиристодани паёми табрикӣ ба ҳамдигар таҷрубаи дипломатиест, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он дар рӯзҳои таҷлили рӯзи истиқлоли кишварҳо ба хубӣ истифода мекунанд.
Дар ҳоле, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар канори дигар кишварҳои собиқ аъзои Шӯравии собиқ дар 19 соли пеш ҳамзамон ба истиқлол даст ёфтанд ва ҳатто се кишвари ҳамсоя дар минтақа - Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон қариб пушти сари ҳам рӯзи истиқлоли худро ҷашн мегиранд.
Рӯзи истиқлоли Қирғизистон 31 август, Узбакистон - 1 сентябр ва Тоҷикистон - 9 сентябр аст. Бад-ин тартиб дар посух ба номаҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоёнаш Роза Отунбоева ва Ислом Каримов онҳо низ президенти Тоҷикистонро ба муносибати рӯзи истиқлоли ин кишвар табрик гуфтанд ва ҳар кадоме ба густариши муносибот ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои ҳамсоягӣ ва ҳамчунин мутақобилан судманд таъкид кардаанд.
Барои аввалин бор дар чанд соли ахирУзбакистон аз бастани марзҳои худ бо ҳамсоякишварҳо дар остонаи рӯзи истиқлолияташ худдорӣ кард.
Талоши Тоҷикистон ҷиҳати барқарории равобити нек бо ҳамсоягон
Таърихи 19 соли ахир низ собит месозад, ки Тоҷикистон талош кардааст дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя аз мақоли «ҳамсояи наздик беҳтар аз хеши дур» кор бигирад ва ҳам дар забон ва ҳам амалан равобити дӯстона ва ҳамсоягӣ дошта бошад ва онро ҳифз кунад.
Аммо гузашти 19 сол ҳокист, ки на ҳама вақт муносибот ва равобиту ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамвор будааст, балки шебу фарозе доштааст.
Бештари таҳлилгарон бар ин боваранд, ки дар ин муддат Тоҷикистон беҳтарин муносибату ҳамкориро бо Қазоқистон доштааст.
Аммо Давлатмуроди Ҷумъа, иқтисоддони тоҷик, дар канори Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистонро низ ҳамроҳ мекунад: «Дар замони шуравӣ ва пас аз он низ Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳамкории хубу ҳамсоягӣ доштанд ва ин равобит буду мемонад. Инҷо проблемаи асосӣ сари Узбакистон аст. Ин ҷумҳурӣ мехоҳад жандарми минтақа бошад ва чаҳор кишвари дигари минтақа ба манфиати он кор кунад. То замоне, ки сиёсати мақомоти Тошканд нисбати се кишвари минтақа, ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон дигар нашавад, натиҷаҳои муассиреро интизор шудан номумкин аст».
Саймуддин Дӯстов, раиси созмони «Индем», сабаби бадии равобити Тоҷикистон ва Узбакистонро чунин шарҳ медиҳад: «Дар сардшавии муносиботи Узбакистон бо Тоҷикистон омилҳои зиёде таъсир гузоштааст, аммо бузургтаринаш ин аст, ки фаҳмиш ва усули муҳофизат ё пуштибонӣ аз манфиати мардум ва давлати Узбаекистон аз ҷониби Ислом Каримов аст. Дар баробари ин фаҳмиш ва дарки ин муносибот аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон, шахсан Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муҳимтарин омил дар сардшавии муносиботи ду кишвар аст».
Аммо Шамсиддини Саид, коршиноси маркази таҳлилии «Диалог», заъфи дипломатияи Тоҷикистонро иллати сардии муносибот бо Узбакистон медонад: «Бо вуҷуди он, ки дар урфият мегӯянд, «ҳамсояҳоро интихоб намекунанд», вале мушкилоти иқтисодӣ ва муҳимтар заъфи дипломатияи Тоҷикистон дар муносибат бо ҳамсоягон сабаб шудааст, ки мо наметавонем муносибати Тоҷикистон бо Узбакистонро мусбат арзёбӣ кунем. Ва умуман адами эътимод як зарари калон аст дар густариш ва рушди муносиботи байни кишварҳо».
Муносибати сарди Душанбе ва Тошканд
Ин дар ҳолест, ки соҳибназарон мегӯянд, пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 ва ба хусус дар оғози ҷанги дохилии панҷсолаи ин кишвар Узбакистон аз ҳомиёни ҳукумати феълии Эмомалӣ Раҳмон буд ва мехост мақомоти Душанбе зери итоати Тошканд бошад.
Аммо идомаи низоъҳо ва дар ниҳоят паноҳ бурдани сарҳанги шуришӣ - Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Узбакистон ва ҳамлаи ошӯбгаронаи вай дар моҳи ноябри соли 1998 ба муносиботи ҳасанаи Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов ба шиддат латма зад ва ҳамакнун чунин ба назар мерасад, ки то кунун равобити ду кишвар танҳо дар сатҳи дипломатӣ қарор дораду халос мондаасту халос.
Зеро Тошканд, афзун бар он ки ҳамеша монеи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон будааст, «болои сӯхта намакоб» ҳатто аз тариқи ҷорӣ кардани раводид дар соли 2000, дар рафту омади мардумони ду кишвар, ки таърихан хешу табор шудаанд, мушкили ҷиддӣ роҳандозӣ кард.
Дар чанд соли ахир, сардии равобит ба авҷи ало расид, хосса дар соли ҷорӣ. Аммо бо вуҷуди ин сардии равобит, ки дорад боз бештар мешавад, кишварҳои дигари минтақа, ҳатто Қазоқистон, ки мегӯянд хубтарин равобитро бо Тоҷикистон дорад, барои ба ҳам овардани Тоҷикистону Узбакистон иқдом намекунад.
Иллати ин амрро Досим Соатбоев, коршиноси қазоқ чунин баён мекунад: «Мутаасифона ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъол нест. Таи солҳои истиқлол, чандин талоше барои эъҷоди фазои ҳамгироӣ сурат гирифта, аммо бидуни натиҷа монданд. Афзун бар ин, кишварҳои минтақа на он қадар хоҳиши иштирок барои ҳалли проблемаҳои муштаракро доранд. Масалан, проблемаи об аз мушкилоти умдаи минтақаӣ аст, ки ихтилофоти ҷиддиеро миёни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бор овардааст. Сабабаи аслӣ низ он аст, ки дар сиёсати берунии кишварҳои минтақа моментҳои субективӣ асаргузоранд. Яъне барои Ислом Каримов ё Эмомалӣ Раҳмон писанд ҳаст ё нест, ҳатман ба муносиботи кишварҳо таъсираш мерасад. Ҳарчанд се кишвар, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз иқдомот барои ҳамгироии минтақаӣ ҷонибдорӣ мекунанд, аммо Туркманистону Узбакистон қариб, ки дар ин раванд фаъол нестанд ва ҳатто Узбакистон ҳамеша бо ҳамсоягонаш дар минтақа ихтилоферо ба роҳ меандозад».
Ин дар ҳолест, ки кишварҳои урупоӣ тавонистаанд на танҳо китф ба китфи ҳамдигар, балки дар чаҳорчуби як иттиҳоди бузург гирди ҳам биоянд ва ҳамдигарро ёвару мададгор ва пуштибон бошанд.
Мушкил сари чист?
Шамсиддини Саид, коршиноси маркази таҳлилии «Диалог», бар ин бовар аст, ки истиқлоли комил надоштани кишварҳо ва аз сӯи дигар фарҳанги бо ҳам зиндагӣ карданро наомӯхтани раҳбарони кишварҳои минтақа сабаби ин вазъ аст: «Раҳбарони кишварҳои тоза истиқлол ёфта як зарра дунболи ҳайсияти мустақил будану соҳиби давлат будан шуданд ва баъди пошхӯрии Шуравӣ аксари ин раҳбарон кӯшиш мекарданд, то аҳроми фишорро аз даст надиҳанд ва бародари калонӣ бошанд. Вале бародарона зиндагӣ кардан ва рафтан барои ҳалли дастаҷамъонаи мушкилот, ин фарҳанг то ҳол дар зеҳни сарони пасошӯравӣ ҷо наафтодааст. Ҳатто яке аз ин сабаб, метавонад ҳамон мушкилоте бошад, назири ҳал нашудани баҳсҳо бар сари баъзе мантақаҳои марзӣ миёни кишварҳо, масоили ҷо ба ҷо гузории қавмӣ ва ғайра, ки дар замони Шӯравӣ бар асари сисёсати нодурусти зимомдорони давр роҳандохзӣ шуданд ва пас аз фурупошии Шӯравӣ бар дӯши раҳбарони кишварҳо бор шуд».
Бархе аз таҳлилгарон мӯътақиданд, ки дар чунин вазъ қарор доштани муносиботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хости абарқудратҳо, ба хусус Русия аст. Дар ин росто ин таҳлилгарон аз мақоли «тафриқа андозу ҳукумат кун» ёдоварӣ мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бар иловаи шомил будан дар чандин созмону ташкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ худашон низ иттиҳодиеро бо номи «Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ» доранд, аммо ин ташаккул то кунун дар ҷиҳати ҳамгироии сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои узв кореро анҷом надодааст ва вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо, ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷои беҳбуд, торафт бадтар мешавад.
Тоҳири Шермуҳаммадӣ, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ худкомагии сарони кишварҳоро далели ин амр медонад, «ҷавомеи Осиёи Марказӣ ба он дараҷа ба шуури иҷтимоӣ ва сиёсӣ иртиқо наёфтаанд, ки инҳо бояд дар дараҷаи аввал ваҳдати ҳамдигарӣ дошта бошанд. Агар таърихи пайванди ин кишварҳоро ба ҳамдигар муқоиса кунем, бештар аз таърихи Русия бо ин кишварҳо, бештар аз таърихи Туркия бо ин кишварҳо аст. Ба ин далел як тарафаш бармегардад ба ҷавомеи ин кишварҳо ва аз сӯи дигар муқассири асосӣ раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки натавонистанд як сохтори демократӣ таъсис бидиҳанд ва навъе ҳукуматҳои иқтидоргаро ё урёнтар гӯем дар бархе аз ин кишварҳо системҳои диктотурӣ ҳоким шудаанд, ки ин монеъ ҳамгироӣ ва пайвандии кишварҳо ва миллатҳои Осиёи Марказӣ шуд».
Аммо Улмас Мирсаидов, устоди Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистон ва Русия, умедвор аст, ки насли наве сари ҳокимият биёяд ва бо арзишҳои демократӣ битавонад омили пешрафти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои Осиёи Марказӣ бишавад: «Барои он ки мо тараққӣ ёбем, хеле хуб мебуд, то масъалаҳои сиёсиро як тараф гузошта, бештар ба масълаҳои иқтисодӣ рӯ андозем. Ҳамин давра, ки гузаштем, шояд ба ин наздикиҳо раҳбарони нав, прогматикҳо ба сари қудрат меоянд ва ба иқтисодиёт назар мекунанд ва иншооллоҳ пеш хоҳем рафт».
Дар воқеъ ҳанӯз ҳам дар садри ҳукумати кишварҳо дар Осиёи Марказӣ он ашхосе ҳастанд, ки насли замони Шӯравӣ ҳастанд ва ба хусус президентони Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон 20 сол ва аз он бештар ҳукумат доранд.
Соҳибназарон бар ин боваранд, ки ширинии мансаб онҳоро намегузорад, то ба насли нав ва прогматик имкон бидиҳанд, ки ҷойгузини онҳо шаванд ва бо диди тоза на танҳо дар рушди кишварҳояшон саҳим бошанд, ҳатто ҳамсоягиву ҳамзистиро тақвият бахшанд.