Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон, мегӯяд, онҳое, ки дар гузашта аз рӯйи нофаҳмӣ ё ҷавониашон ба гурӯҳи Худойбердиев пайваста, аммо акнун ба зодгоҳашон баргарданд, агар ҷиноятҳои сангине, назири одамкушию тахрибкорӣ содир накарда бошанд, аз муҷозот озод хоҳанд шуд.
Пулис мегӯяд, ки тайи як соли охир 17 сокини маҳаллӣ, ки дар ҳамдастӣ ба Маҳмуд Худойбердиев гумонбар дониста мешуданд, ба Тоҷикистон баргашта, ҳоло зиндагии мулкӣ доранд.
Раҳбари пулиси Хатлон дар ин иртибот гуфт: «Онҳое, ки нафаҳмида шомили гурӯҳи Худойбердиев шуда буданд, мо тавассути волидонашон ва аҳли ҷамоат кор кардем, онҳоро даъват кардем, ки баргарданд ба ватан. Ягон ҷинояти вазнин, ки содир накарда буданд, ҳоло аз пайи зиндагии худашон ҳастанд. Баъзеи он гумонбарон дар Русия буданд, ба мо бовар карда баргаштанд, ба онҳое, ки ҷинояти вазнин содир накардаанд, мо ҳам мусоидат кардем, ки санксияашонро тағйир диҳем, то ба зиндагии мулкӣ баргарданд.»
Генерал Тағоймуродов афзуд, аммо онҳое, ки дар феҳрасти гумонбарон дар пайравӣ аз Маҳмуд Худойбердиев ҳастанд ва дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам дониста мешаванд, дар сурати бозгашт ҳам ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида хоҳанд шуд. Ҳуқуқи афви ҷинояткорон танҳо дар ихтиёри раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад, - гуфт ӯ.
«Онҳое, ки дар ҷиноятҳои сангин даст доранд, масалан куштор, чӣ хел афв хоҳанд шуд? Магар ягон нафар инро бахшида метавонад? Бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Аммо онҳое, ки нофаҳмида дар даст яроқ гирифтанду аз паси ин гуруҳ ба хориҷа рафтанд, биёянд ба Ватан, ин ҷо ватанашон аст. Ба ҳар ҳол, дар Ватан будан, дар назди волидону пайвандон будан беҳтар аст», - изҳор дошт Анвар Тағоймуродов.
Ба иддаои коршиносони маҳаллӣ, мақомоти Тоҷикистон то ин замон аз таҷрибаи даъвати мардум ба халъи силоҳ, ба афви омилони ҷиноятҳои сангин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва мисли ин зиёд истифода намудаанд, ки дар ба эътидол овардани вазъ ва таъмини амнияти миллӣ мусоидат кардааст.
Таҳлилгар Рустами Сафар мегӯяд, шумораи қобили мулоҳизаи ҷавонон дар гузашта иштибоҳан ё зери фишори афроди алоҳида иҷборан ба гуруҳи Маҳмуд Худойбердиев шомил шуда буданд, аммо дар содиршавии ҷинояти сангине даст надоранд. Вай афзуд, агар мақомоти Тоҷикистон кафолати бозгашти бехатар ва зиндагии осоиштаи онҳо диҳанд, даҳҳо нафар имкони бозгашт ба Ватанро пайдо хоҳанд кард.
Рустами Сафар мегӯяд: «Ин иқдоми хуби бидуни хушунат ё хунрезӣ рафъ кардани мушкил аст. Ҳам онҳое, ки солҳо пеш иштибоҳ карда, бо гурӯҳи Маҳмуд тарки кишвар карданду пушаймонанд ва аз бозгашт меҳаросанд, ба орзуи худ мерасанд ва ҳам мақомот ба ин васила маълумоти бештар ба даст меорад ва дар таҳкими бехатарии мардум низ даст меёбад. Аз он ки онҳоро боздошту муҷозот кунанд, беҳтар нест, ки ихтиёран баргарданд?»
Ин дар ҳолест, ки авохири моҳи сентябри соли гузашта раёсати умури дохилаи Хатлон аз таҳияи феҳрасти беш аз 500 тан аз тарафдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев хабар дода буд. Масъулони пулиси Хатлон гуфта буданд, ки ҳадаф аз таҳияи ин рӯйхат таҳти назорат гирифтани пайравону тарафдорони собиқ ва эҳтимолан феълии сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев аст, ки амали ношояме содир накунанд.