'АЗИЯ-ПЛЮС'
Дар матлаби "Нет контакта" (Робита нест) навиштааст, "ҷануби Тоҷикистон дар пайи қатъи роҳ тавассути кишвари ҳамсоя (Узбакистон) комилан дар муҳосира қарор дорад." Нашрия менависад, "вақт аз даст меравад, вале ба назар мерасад, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ гуна музокироте бо Узбакистон доир намекунад." Бо ин ҳол, "Азия-Плюс" ба нақл аз коршиносон сабаби музокирот накардани Тоҷикистонро ба он рабт додааст, ки "ҷониби Тоҷикистон дарк мекунад, аз Узбакистон ҳимматбаландиеро интизор шудан номумкин аст. Чун Узбакистон ҳама қартаҳоро дар даст дорад."
'МИЛЛАТ'
Бо таваҷҷӯҳ ба амалкардҳои ахири Узбакистон ин суолро матраҳ кардааст, ки "Узбакистон боз аз кадом фишанг метавонад алайҳи Тоҷикистон истифода кунад?" Бобоҷони Қаюм, коршиноси тоҷик дар посух ба ин суол гуфтааст, "албатта, инҳо охирин фишорҳои Узбакистон нестанд ва фишангҳои дигаре ҳам дорад, ки боз алайҳи Тоҷикистон фишор биорад." Ин коршинос дар канори комилан бастани роҳи қатор, истифодаи гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиевро аз дигар фишорҳо алайҳи Тоҷикистон унвон кардааст.
'СССР'
Дар матлаби "Ҷанг байни Узбакистону Тоҷикистон" бонги изтироби расонаҳои русӣ дар бораи эҳтимоли ҷанг миёни ин ду кишвари ҳамсояро ба чолиш кашида ва навиштааст, "пӯшида нест, ки Тошканд рӯи бушкаи борут нишастааст. Ҷанги байни ду кишвари ҳамсоя ва ҳаммазҳаб агар сар занад, ба нафъи ин водӣ (Фарғона) хоҳад буд." Муаллифи матлаб дар идома менависад, "гарав мебандам, дар рӯзи 3 ё 4 - уми ҷанг Фарғонаву Андиҷон ба по мехезад."
'НАҶОТ'
Дар сӯҳбат бо чанд тан аз коршинос ҷӯёи посух ба суоли "Муносибатҳои норӯшани Тоҷикистону Узбакистон бо чӣ меанҷомад?" шудааст. Таърихшинос Дӯстмуҳаммади Дӯст бар ин назар аст, ки "агар назари Узбакистон муташанниҷ сохтани авзои Тоҷикистон бошад, пас, бояд ошкоро бигӯем, ки ин ба ташаннуҷи авзои Тоҷикистон намебарад, балки мардум дар атрофи ҳукумат бештар ҷамъ хоҳанд шуд." Ӯ ба ин назар аст, ки "дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар бунбаст қарор надорад ва аз тариқи роҳҳои мошингард метавонем ба Чину Қирғизистон ва Афғонистону Покистон бароем, албатта, ки ин тарзи содирот ва воридот ба нархи маҳсулот таъсир дорад."
'НИГОҲ'
Дар матлабе навиштааст, "мо чизе барои додан ба Русияву Узбакистон надорем. Тошканду Маскав ба хотири он ки ҳукумати имрӯзро дастнишондаи худ мехонанд, истодагарии Душанберо аз манфиатҳои миллӣ қабул надоранд."
'ОЗОДАГОН'
Роҳи ҳалли муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро нишастани раҳбарони ҳар ду кишвар ба сари мизи музокирот донистааст. Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, мушкили аслӣ дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро ба нофаҳмӣ миёни руасои ҳар ду кишвар марбут донистааст. Ӯ гуфтааст, "раҳбарони сиёсии Тоҷикистону Узбакистон бояд кибру ғурури шахсиро бартараф карда барои манфиати мардум сари мизи музокирот нишинанд." Ба таъкиди Қосиддинов, "онҳо (президентони Тоҷикистону Узбакистон) барои баъзе "ёриҳое, ки солҳои қабл карда буданд, товон мехоҳанд", аммо мардум қурбони ин бозӣ ва имрӯз дар азоб аст."
'ИМРӮЗ НЮЗ'
Роҳандозии дипломатияи мардумӣ барои ҳалли мушкили мавҷуд миёни Тоҷикистону Узбакистонро матраҳ кардааст. Тилав Расулзода, коршиноси маҳаллӣ дар вилояти Суғд, ки таҳқиқотеро дар мавриди равобити Тошканду Душанбе анҷом додааст, гуфтааст, "таҷриба нишон дод, дипломатияи мардумӣ самарабахш аст." Ин коршиноси тоҷик мӯътақид аст, ки "роҳи ҳалли масъала аз тариқи муколамаи фарҳангӣ низ ҳаст". Ба ин манзур, вай пешниҳод дорад, то Вазорати фарҳанг дар ин лазҳа хеле фаъол бошад.